Аз боз шудани роҳи Душанбе-Чаноқ хабар дода шуд. Аммо хатар боқист!
Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» аз боз шудани роҳи Душанбе-Чаноқ хабар дод. Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шудааст.
Аммо, дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи боришоти тӯлонӣ дар ҷумҳурӣ хатари боло рафтани сатҳи оби дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, инчунин дарёҳое, ки дар қаторкуҳҳои Ҳисор воқеъ гардидаанд, вуҷуд дорад. Ҳамзамон, хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои куҳӣ низ боқӣ мемонад.
Ғайр аз ин, шиддати баланди бориш дар навоҳии куҳӣ ва талу теппаҳо метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати он шавад, ки ин хеле хатарнок аст. Ноустувории обу ҳаво ва боришоти пайдарпай боиси мушкилиҳо дар корҳои саҳро мешавад.
Гуфта мешавад, ки бориши пуршиддати борон метавонад дар минтақаҳои наздидарёӣ муҷиби ба вуҷуд омадани обхезиву омадани селҳо шавад. Ин хатари канда шудани сарбандҳои сустниҳодро зиёд мекунад.
Дар робита ба ин, КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми рафтан ба соҳили дарёҳо, обанборҳо ва дигар махзанҳои об қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу наздикони худро дар хатар нагузоранд.
КҲФ ҳамчунин аз аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҷӯйбору каналҳои назди манзилҳои истиқоматии худро сари вақт аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо пок намоянд ва роҳи обро боз гузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ