Аз боздошти 113 узви “Ихвон-ул- муслимин” то авфи Додоҷони Атовулло

Дар нишасти матбуотие, ки прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод баргузор намуд, хабарнигорон ба ӯ зиёда аз 20 савол доданд. Муҳимтарини онҳоро манзури шумо мегардонем.

ПУРСИШ: — Аввалан шуморо ба муносибати боз як навбат ба ҳайси прокурори генералӣ пазируфта шуданатон табрик мегӯем. Сониян, хоҳиш мекунем ,ки дар доираи боздошт шудани чанд нафар аъзои гурўҳи дар Тоҷикистон мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” маълумот медодед. Овозае ҳаст, ки дар байни онҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва Вазорати тандурустӣ як нафарӣ шомил будаанд. Онҳо кистанд?

ПОСУХ: — То кунун 113 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи «Ихвон-ул-муслимин» (Бародарони мусалмон) дастгир шудаанд. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии «Бародарони мусалмон» айни ҳол аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура, якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тафтиш мешавад. Ҳар касеро, ки узви ин ташкилот аст, ошкор мекунем ва ба ҷавобгарӣ мекашем. Дар куҷое, ки кор накунанд, фарқ надорад. Дар байни онҳо як нафар аз мақомоти ноҳияи Исфара ва зиёда аз 20 нафар аз макотиби олӣ ҳастанд. Аммо дар мавриди он, ки як нафар аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ва як нафар аз Вазорати тандурустӣ ба ин гурӯҳ шомил будаанд, нодуруст аст.

ПУРСИШ: — Оё дар байни он 113 нафаре, ки бо гуноҳи ширкат дар фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” боздошт шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҳастанд?

ПОСУХ: — Бале, дар байни онҳо ду нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ҳастанд ва боз дунафари дигар, ки дар ин кор даст доранд, тафтиш мешаванд ва барои дастгир намудани онҳо чора андешида шуда истодааст.

ПУРСИШ: — Вобаста ба парвандаи ҳуҷуми як гурӯҳи террористон ба постгоҳи сарҳадии “Ишқобод “ равшанӣ андозед…

ПОСУХ: — Дар ин самт тафтишот ҳанӯз идома дорад. Онҳое, ки ба ин ҳуҷум мусоидат намуданд, муайян карда шуданд. Азбаски ин сирри тафтишот аст, дар ин бора ҳанӯз чизе гуфта наметавонам.

ПУРСИШ: — Мо медонем, ки дар харидуфурӯши замин ва ҷиноятҳои вобаста ба он бештар раисони ҷамоатҳо ва шахсони мансабдори хурд ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Оё дар сатҳи аз он болотар низ чунин нафарон ҳастанд ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд?

ПОСУХ: — Ба замин асосан кӣ сарукор дорад? Онҳое, ки дар Кумитаи замин кор мекунанд. Аз ин рӯ, бештар онҳо ба қонунвайронкунӣ дар ин самт роҳ медиҳанд. Прокурорҳо сари вақт аз ҳамаи ин қонунвайронкуниҳо огоҳ шуда наметавонанд. Албатта нисбати қонунвайронкунандагон парванда боз шуда, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Баъзеҳо ғайриқонунӣ дар як ҳафта хона месозанд. Онҳоро чӣ кор кардан мумкин? Бояд замин ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад. Дар ноҳияи Варзоб сари ин масъала зиёда аз сесад қонуншиканиро ошкор намудем. Ҳарчанд ки дар соли охир шумораи чунин қонуншиканиҳо то 1000 ҳолат камтар шудаанд, вале бо вуҷуди ин ҷинояткорӣ дар ин самт идома дорад.

ПУРСИШ: — Дар мавриди парвандаи ҷиноятии Хайриддин Достаков, рўҳонии тоҷик равшанӣ андозед. Чаро ӯро боздошт карданд?

ПОСУХ: — Дар ҳақиқат, нисбат ба Хайриддин Достаков маълумот аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мо ворид шуд. Дар кирдорҳои ӯ аломатҳои таркиби ҷиноятї дар моддаи 307 дида мешуд ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки ӯ бо мақомот ҳамкорӣ накардааст.

ПУРСИШ: — Аксар ҳолат, вақте ки ягон мансабдор бо ришва ба даст меафтад, онро ба гунаи дигар, яъне бо моддаи нисбатан сабуктар ба ҷавбгарӣ мекашанд ва ба ҷои ришвагирӣ қаллобӣ унвон мекунанд, ки ҷазои он хеле сабуктар аст. Назари шумо ҳамчун ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба, ба чунин амал чӣ гуна аст?

ПОСУХ: — Ин ҳолатро мо соли 2019 мавриди санҷиш қарор додем.Чунин падида вуҷуд дорад, вале ба миқдори кам. Моддаи 319 ба моддаи 327 табдил дода мешавад. Баъзан, вақте ки дар аввал парванда бозмегардад, бо моддаи ришвагирӣ бандубаст мешавад, аммо дар натиҷаи гузаронидани тафтишот маълум мешавад, ки он қаллобӣ будааст. Мо вобаста ба пешгирӣ намудани чунин ҳолат ҳамаи чораҳои заруриро меандешем ва намегузорем, ки чунин ҳолат ба миён ояд.

ПУРСИШ: — Оё мансабдорони баландпояи кишвар дар риоя накардани қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд?

ПОСУХ: — Зиёда аз чорсад нафар қонуншиканиҳо дар ин маврид ошкор карда шуданд, ки дар байни онҳо мансабдорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин ҳам ҳастанд.

ПУРСИШ: — Шумо то ҳол андешаи худро дар мавриди бекор намудани моратория оид ба амалӣ кардани ҳукми қатл дигар накардаед?

ПОСУХ: — Не, ман дар ақидаи худ дар ин маврид устувор ҳастам, зеро ҳастанд ҷинояткороне, ки онҳо ислоҳнашавандаанд. Танҳо дар соли 2019 зиёда аз 100 нафар террористон боздошт шуданд, ки ислоҳнашавандаанд.

ПУРСИШ: — Оид ба шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоров, ки барои номукаммал будани парванда дар ин маврид ба мақомоти тафтишотӣ баргардонда шудааст, чӣ мегӯед? Зеро дар ин кор танҳо се нафар не, балки шахсони зиёде иштирок намуда будаанд.Умуман, дар соли гузашта чӣ қадар шаҳрвандон дар мавриди шиканҷа шуданашон муроҷиат намуданд?

ПОСУХ: — Дар натиҷаи дидани чораҳои дахлдор, шумораи шикояти шаҳрвандони кишвар вобаста ба шиканҷа нисбатан камтар шудааст. Дар соли гузашта 7 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Вобаста ба Ҳасан Ёдгоров парвандаашон дар марҳилаи тафтишоти такрорӣ аст ва шахсоне, ки барои боздошти ғайриқонунии ӯ гунаҳгоранд, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

ПУРСИШ: — Оё минбаъд Додоҷони Атовулло, ки афв шудааст, ба кишвар баргашта метавонад?

ПОСУХ: — Дар мавриди Додоҷон Атовуллоев ҳоло ягон хел парвандаи ҷиноятӣ нест ва ӯ метавонад озодона баргашта, мисли дигар шаҳрвандон зиндагӣ кунад.
Таҳияи
А. Аҳмадзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *