Аз чӣ бояд шарм кард?

Муҳсин Раҳимӣ, мудири бахши форсии радиои Қувайт, муаллиф ва коргардони филмҳои “Беҳтарин” ва “Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон”:

— Боре бо яке аз дӯстонам дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қадам мезадем, ки талбандае дасташро дароз кард. Чун пайсае додем, он ҳамроҳам хиҷолат кашиду гуфт, ки инҳо моро, мамлакати моро шарманда мекунанд. Гуфтам: 

— На, чунин талбандаҳо дар тамоми кишварҳои дунё вуҷуд доранд. Аз ин набояд шарм кард. Ҳамон замон ҷавоне осемасар аз мо пеш гузашта, дар канори роҳ нос туф кард, ки он паҳн шуд. Гуфтам:

— Талбандагиву носкашӣ ҳар ду одати баданд. Вале аз носкашӣ бояд хиҷолат кашид, зеро сайёҳони хориҷӣ воқеан ба ин одат эрод мегиранд.

Мунаввари САФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *