Аз чор зани хиёнаткор наосоидам, мардум!

Салом аҳли қаламу муштариёни сомонаи “tajikistantimes.tj”! Ҳаркас мехоҳад, ки дар лаҳзаи мушкил маслиҳатгар ёру ёваре дошта бошад. Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки рӯзе дарди дил менависам. Чунки ягона ҳамдарду маслиҳатгари мо дилшикастагон маҳз хамин сомона аст.

Аз соли 2006-ум бо хоҳиши волидонам, оиладор шудам. Аз баски дӯстдошта надоштам духтаре, ки модарам таги чашм карда буд бо ӯ оиладор шудам. Зиндагиямон ширин оғоз меёфт. Оилаи хушбахт будем. Се сол зиндагӣ кардем вале ниҳоли бахтамон насабзид. Мо фарзандор нашудем. НАзди чандин табибониномдор рафтем ҳама як гапро мегуфтанд,ки ҷудо шуда оилоадор шавед соҳиби фарзанд мешавед. Ҳарду ба хулосае омада, бо хушӣ азҳ ҳам ҷудо шудем. Моҳи июни ҳамон сол оиладор шудам. Ҳамсарам нодухтар баромад вале модароам иҷозат надод, ки аз баҳраш гузарам. Хотири оби дидаи модарам бо ӯ панҷ моҳз зиндагтӣ кардам вале дар назарам шикамаш рӯз ба рӯз калонм мешуд. Ман хомӯш будам, ки натиҷааш чи мешавад. Дар моҳи шашуми зиндагиямон ҳамсарам таваллуд кард. Ман аз ҳамсари дуюмам низ ҷудо шудам. Баъди як сол боз оиладор шудам. Ин дафъа духтари хоксору меҳрубони насибам шуд гуфта, чунон хурсанд шудам, ки тамоми нозу нузашро меардоштам. Вале ҳайҳот. Баъди як сол ҳамсарам таваллуд кард. Духтарчадор шудам, хурсандиям ҳаду канор надошт, аммо ҳамсарам баъдим кӯдакдор шудан хонаи дуҳуҷрагиро ба номам гузаронид баъд зиндагиямро давом медиҳам гӯён пӯстинашро чаппа пӯшид. МАн нахостам меҳнати чандинсолаамро ба бод диҳам. Ҳамин тавр аз рӯи хона аз ҳмсари сеюмам низ ҷқдо шудам. Дафъаи чорум низ оиладор шудам. Соҳиби ду писараки дустрӯ низ. Эй худоҷон ин дафъа ба як зане задам, ки як то гап занам даҳто гап мезанад. Як аловдастаро ба ман расонидӣ. Намедонам, хотири фарзандонамро кунам ё зани ношукрамро аз дар бурун кунам. Зану фарзандонам аз чизе танқисӣ намекашанд. Тамоми шароитро барояшон муҳайё кардаам, вале занам ҳамоно ношукрӣ мекунаду маро дар назди дӯсту душман ҳамеша паст мезанад, ки чор занаам. Пеши роҳи ин занро не ба гапи хуб ва на ба задан гирифта тавонистам. Ман аз бахт наосоидам. Синам ба 40 дакка хӯрдааст вале як рӯзи хушро бо оиладор шуданам надидам. Бо вуҷуди ин ман ношукри аз даргоҳи Худованд намекунам. Шукронаи неъматҳоятро мекунам, эй Худои офаранда. Дар рӯзҳои наздик қиссаи зиндагиямро ба пураги пешкаши шумо хонандагон мекунам.

Миршакар аз Чаманистони ш. Турсунзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *