Аз даргузашти наттоқи машҳур Мунира Ҳакимова ду сол сипарӣ гардид
Мунира Ҳакимова, наттоқи маъруфи телевизиони Тоҷикистон рӯзи 23-юми майи соли 2020 дар синни 63-солагӣ бо гирифтории бемории “илтиҳоби шуш” дуёи фониро тарк карда буд. Имрӯз аз марги ин ровии маҳфилоро 2 сол сипарӣ гардид.
Мунира Ҳакимова дар вазифаҳои зерин фаъолият карда буд:
— Наттоқи Сардирексияи барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988-2004).
— Сарпродюссери Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2008).
— Аз соли 2009 директори Кохи Ҷомӣ буд.
Ӯ раҳбарии идораи тиҷорат ва рекламаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба уҳда дошт ва дар чанд вазифаи дигар кор кардааст.
Мунира Ҳакимова дар баробари ровигӣ дар барномаҳои давлатӣ, инчунин, дар базму маъракаҳо иштирок карда, бо ҳунари баланду садои марғуладор онҳоро дар сатҳи баланд мегузаронд. Аз синни 6-солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои «Насимӣ» (Озарбойҷон), «Субҳи ин ҷо сокит аст» (Мосфилм), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод», «Бирав ва бубин», «Воқеа дар фурудгоҳ» ва ғайра (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст. Таҳиягар ва муратттиби барномаҳои «Саодат», «Паёми рӯз», «Насими айём», «Рангинкамон», «Зулхамс», «Афкор», «Ҳаёти деҳот», барандаи барномаҳо аз ҳаёту фаъолияти овозхонон Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманди Хол, Нигина Рауфова, Абдуҷалил Ҳошимов ва ғайра, муаллифи очеркҳои телевизионии «Пайванд», «Банди ҳунар», «Файзи Баҳористон», «Сарвари гулдаст», «Устоди омӯзгорон», «Ҷавонмардӣ биомӯз» аст.
23-юми марти соли 2020 Мунира Ҳакимова охирон маротиба дар мусоҳиба бо журналист Орзу Исо дар барномаи “Ногуфтаҳо” иштирок карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ