Аз дасти Толибон озод шудани Қалъаи Зол

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки минтақаи  вилояти Кундуз, ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон, аз тасарруфи ҷангҷӯёни Толибон озод карда шуд. Ин минтақа рӯзи 6 май ба дасти Толибон афтода буд.

Маҳфузуллоҳ Акбарӣ, сухангӯи фармондеҳии умумии пулиси зонаи 808-и Спинзар дар минтақаи шимол-шарқи Афғонистон, субҳи 16 май ба расонаҳо гуфт, ки нирӯҳои давлатӣ ба ҳадафи бозпасгирии Оқина — маркази ноҳияи Қалъаи Зол амалиёти густурдаеро таҳти номи «Помир-5», роҳандозӣ карданд. Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи ин амалиёт, соатҳои тақрибан 9-и ҳамин рӯз маркази Қалъаи Золро аз Толибон бозпас гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *