Аз ДЭТ дастикам 150 донишҷӯро хориҷ кардаанд. Бо кадом сабаб?
Дар соли таҳсили 2020-2021 аз Донишкадаи энергетикии Тоҷикиситон дастикам 150 донишҷӯро хориҷ кардаанд. Дар ду-се соли охир ба чунин ҳад зиёд хориҷкунии донишҷӯён собиқа надоштааст.
Диловар Исозода, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон гуфт, ки насупоридани санҷишу имтиҳонҳо, давомоти нокифоя, вайрон кардани тартиботи дохилӣ ва пардохт накардани шартномаи таҳсил сабаби хориҷшавии донишҷӯён аз донишкада мебошанд. Ба таъкиди вай, соли таҳсили 2019-2020-ум 100 донишҷӯ аз донишкада хориҷ шуда буданд.
Хориҷ кардани шумораи зиёди донишҷӯён аз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар умум шумораи донишҷӯёни ҳам рӯзона ва ғоибона таҳсил мекарда каму беш 2 ҳазор гуфта мешавад.
Аз 150 донишҷӯи хориҷкардашуда се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ