Аз дил ба дида
Суҳбати Шариф Ҳамдампур бо чашмпизишки пешбари Русия ва Италия, профессор Пожаритский Михаил Дмитриевич
Вохӯрии тақдирсоз
— Чӣ шуморо водор кард, ки офталмологияро ҳамчун соҳаи фаъолити касбиатон интихоб кардед?
— Дар солҳои донишҷӯйӣ бахти ман хандиду бо профессори маъруф Святослав Николаевич Фёдоров, ки олими барҷаста ва навовар дар чамшпизишкӣ (офталмология) буд, вохӯрдам. Фаъолияти ӯ ба ман таассуроти амиқ бахшид. Фёдоров шахсе буд, ки бо дастовардҳои беназири илмиаш ҷаҳонро тағйир дод ва банда дар ҷавонӣ шарафи шогирдии ӯро доштам. Он замон ӯ дар беморхонаи шаҳрӣ кор мекард ва ман амалиётҳои ӯро мушоҳида мекардам. Аз ҳамон замон ба хулосае омадам, ки духтури чашм шавам ва ҳаёти худро ба ин соҳа бахшам. Дере нагузашта ёрдамчии шахсии ӯ шудам. Банда дар ибтидо мехостам, ки ҷарроҳ шавам ва суннати авлодиамонро идома диҳам. Панҷ насли хонаводаи мо умри хешро ба соҳаи тиб бахшиданд. Бобоям, модарам ва амаки ман табибони номдор буданд. Пас аз шиносоӣ бо профессор Фёдоров аз ӯ илҳом гирифта, чашмпизишкиро интихоб кардам. Аз он вақт инҷониб ҳаёти ман бо ин соҳа зич алоқаманд аст.
— Таҳсил дар донишкадаи тиббӣ то куҷо ба офталмолог шудани шумо таъсир расонид?
— Ман донишҷӯи хеле боғайрат будам ва ба ихтисосҳои гуногуни тиббӣ шавқ доштам. Дар аввал мехостам невропатолог шавам, баъд ба ҷарроҳии умумӣ рӯ овардам. Ҳар як ихтисоси тиббӣ ба назарам шавқовар ва муҳим менамуд. Аммо, вақте ки бо профессор Фёдоров вохӯрдам, ниҳоят самти хешро интихоб кардам.
Таҳаввулоти чашмпизишкӣ
— Аз давраи таҳсили шумо то имрӯз дар ташхис ва равишҳои табобати бемориҳои чашм чӣ гуна дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд?
— Дар чашмпизишкӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Технологияҳои ҷадид ва маводҳои муосир ҳам дар ташхис ва ҳам табобати бемориҳои чашм таҳаввулоти азим ба вуҷуд оварданд. Навъҳои нави линзаҳо барои ҷарроҳии катаракта пайдо шуданд, ки нури чашмро афзун ва биноиро дар масофаҳои гуногун барқарор мекунанд. Дар ҷарроҳӣ ва табобати ретиналӣ (терапии сетчатки), аз ҷумла ретинопатияи диабетикӣ пешрафтҳои назаррас мушоҳида мешаванд. Самти истифодабарии маводи донорӣ, аз ҷумла пайвандсозии қарнойи чашм (роговица) дар ҳоли таҳаввулот аст. Имрӯз мо доруҳо ва сӯзандоруҳои нави дохили чашмро истифода мебарем, ки ҳатто нури чашми беморонеро, ки қаблан барои табобаташон умед набуд, нигоҳ медорад. Тараққиёти рӯзафзуни таҷҳизоти ташхис ва навовариҳо дар усулҳои муолиҷа чашмпизишкиро ба яке аз соҳаҳои пешрафтаи илми тиб табдил додааст.
— Оё бемориҳои табобатнашавандаи чашм вуҷуд доранд?
— Мутаассифона, бале. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ як қатор бемориҳои табобатнашавандаи чашмро муайян кардааст. Инҳо аслан бемориҳое ҳастанд, ки саривақт пешгирӣ нашудаанд, бинобар ин, табобаташон ғайриимкон шудааст. Масалан, глаукома агар саривақт табобат нашавад, ба нобиноӣ оварда мерасонад. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бисёре аз бемориҳое, ки метавон бо усулҳои муосир табобат кард, ба далели камбуди маблағ ва дастрасӣ надоштан ба кумакҳои босифати тиббӣ боиси нобиноӣ мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бемориҳои чашмро сари вақт ташхис ва табобат кард, то ба оқибатҳои вазнин мувоҷеҳ нашавем.
Русия ё Аврупову Амрико?
— Кадом дастовардҳои хешро дар чашмпизишкӣ муҳим арзёбӣ мекунед?
— Ифтихор мекунам, ки дар чашмпизишкӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаам. Имрӯз, дар синни 63-солагӣ дониши васеъ, таҷрибаи бой ва малакаи нағзро соҳиб шуда, ҳамарӯза ташхису табобат ва ҷарроҳиҳои мураккаб анҷом медиҳам. Дар назди мутахассисони пешрафтаи ҷаҳон таҳсил кардам, Дипломи Иттиҳоди Аврупоро дар Италия гирифтам ва дар ИМА таҳсил кардаам. Саъю кӯшиш ва худомӯзии доимӣ ба банда имкон медиҳад, ки дар муолиҷаи беморон ба натиҷаҳои назаррас ноил шавам. Хурсандам, ки беморонам аз натиҷаи табобаташон қаноатманданд ва ҳамкорон маро ҳамчун мутахассис ва омӯзгор эҳтиром мекунанд.
— Чаро шумо тасмим гирифтед, ки дараҷаи тахассуси худро дар Италия гиред ва он ба малакаи кориатон чӣ таъсир расонд?
— Устоди ман профессор Фёдоров ба ҷорӣ намудани усулҳои ислоҳи наздикбинӣ (близорукост) ва гузоштани линзаҳои сунъӣ фаъолона шуруъ намуд, ки ин диққати аҳли илми ҷаҳонро ҷалб кард. Ба Москва аз мамлакатҳои гуногун, хусусан аз Аврупои Ҷанубӣ беморон меомаданд. Бо мақсади васеъ кардани ҷуғрофияи ҳузури худ соли 1990 банда ба Италия рафтам ва аз он ҷо дипломи тахассусӣ гирифтам. Имрӯз мо дар Италия клиника дорем, фарзандони ман низ дар ин соҳа кор мекунанд ва мо ба беморон аз тамоми ҷаҳон хизмат мерасонем.
— Бисёре аз мутахассисони дараҷаи олӣ Амрико ё Аврупоро интихоб карданд. Чаро дар Русия мондед?
— Ман Русияро сахт дӯст медорам. Ин ҷо хонаи ман, оилаи ман, решаҳои ман аст. Сарфи назар аз имкони кор дар хориҷа, ман дар Русия худро роҳат ҳис мекунам. Дар ин ҷо кор кардан ба ман имкон медиҳад, ки барои кишварам ва беморонам муфид бошам.
— Дар давоми муошират бо шумо дарк кардам, ки шахси интернатсионалист ҳастед. Ин аз куҷо маншаъ мегирад?
— Ростӣ, дар бисёр масъалаҳо — чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ дар сиёсати байналмилалӣ ақидаи худро дорам. Ман худро одами озоди дунё медонам. Ман дар Русия зиндагӣ мекунам, зеро ин ҷо ба ман писанд аст. Агар мехостам, дар Италия ё Амрико зиндагӣ мекардам, зеро шаҳрвандии Италияро низ дорам. Аммо ман дар ҷое зиндагӣ карданро интихоб мекунам, ки худро роҳат ҳис кунам. Ман бо онҳое, ки ба ман писанданд, муошират мекунам, ки ин ҳаёти маро ҷолиб ва шодмон мекунад. Дӯстони зиёд дорам — варзишгарони маъруф, рассомон, навозандагон, рӯзноманигорон. Бисёр рӯзноманигорон, дипломатҳо ва кормандони сафоратҳоро табобат ва ҷарроҳӣ кардаам. Ин ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад. Ман инчунин аз имкони шиносоӣ бо Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, ки дар клиникаи мо кор мекунанд ва ба мо кумак мерасонанд, миннатдорам. Ин воқеияти нави ҳаёти мост ва рӯзгори моро рӯз аз рӯз ғанитар мегардонад.
Аз стресс то шодӣ
— Лутфан дар бораи ҳолатҳои ҷолибтарин ва душвортарин дар тӯли 40 соли коратон ба мо нақл кунед.
— Ҳамарӯза воқеаҳои ҷолиб ва душвор пешорӯйи мо қарор мегиранд. Мо реҷа надорем, зеро ҳар як бемор, ҳар як ташхис, ҳар як амалиёт беназир аст ва дониш, омӯзиш, таҷҳизот ва малакаи хосро талаб мекунад. Мо ҳар рӯз бо оризаҳо мубориза мебарем, пайванди бофтаҳои донорӣ, ҷарроҳии барқарорсозии босираро шуруъ аз кӯдакон то калонсон анҷом медиҳем. Ин ҳолатҳо ҳеҷ гоҳ маъмулӣ намешаванд. Ҳар як амалиёти мураккаб стресс меорад, аммо ҳангоми ба даст овардани натиҷаи хуб, дар пай шодӣ дорад. Беморон аксар вақт намефаҳманд, ки парвандаҳои онҳо то чӣ андоза мураккаб буда метавонанд ва мо мекӯшем, ки онҳоро натарсонем ва ҳама корро мекунем, то натиҷаи хуб ба даст орем. Баъзан барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ соатҳо ҷарроҳӣ мекунам ва чунин ҳолатҳо ҳар рӯз бо ман рӯй медиҳанд. Ҳолатҳои куҳна фаромӯш мешаванд, аммо наваш ҳамеша дар пеши назарам аст. Ман аксар вақт ҳатто шабона дар мавриди амалиётҳои ҷарроҳӣ андеша мекунам.
— Метавонед ягон ҳолати душворро мисол оред?
— Албатта. Дар ҷарроҳӣ ҳолатҳои гуногуни душвор, аз қабили хунравӣ ё ягон ҳолати ғайричашмдошт вуҷуд доранд. Кори дастаҷамъона хеле муҳим аст. Анестезиологи мо, профессор Николаев, ки ба қарибӣ 80-сола шуд ва Барандаи мукофоти давлатӣ барои ихтирои анестезияи ксенонӣ аст, дар коллективи мо нақши калон мебозад. Бо шарофати таҷриба ва дастгирии ӯ мо беморони мураккабро қабул мекунем, ҳатто беморони вазнинро. Масалан, ман чанде пеш занеро ҷарроҳӣ кардам, ки синнаш аз 90 боло буду танҳо як чашм дошт. Хешовандон аз ҷарроҳӣ метарсиданд, аммо вай барои амалиёт исрор мекард. Хушбахтона, натиҷа аз интизориҳо бештар буд. Вай чунон шод буд, ки 18-сола менамуд. Чунин лаҳзаҳо хотирмонанд…
Пизишкӣ кор не, сарнавишт аст
— Ба бемористони шумо шахсиятҳои шинохта ва хориҷиён зиёд муроҷиат мекунанд. Чӣ тавр ба ин ноил шудед?
— Ба фикрам шуҳрати мо аз бемор ба бемор мегузарад, зеро мо маъракаҳои таблиғотӣ намегузаронем. Ба бемористони мо беморон аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Аврупо ва ҳатто Африқои Ҷанубӣ меоянд. Ин тасдиқ мекунад, ки бемористони мо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст ва беморон ба мо эътимод доранд. Барои ман чашмпизишкӣ кор не, балки сарнавишт ва зиндагӣ аст. Духтур будан маънои бе иду рӯзҳои истироҳат кор кардан аст, мисли бобои бузургворам, ки дар Москва шабу рӯз кор мекард. Ба наздикӣ ба ман соати сеюними саҳар ҳамкорам, ки аз дарди чашм ба ташвиш афтода буд, занг зад. Ман дар давоми ним соат алакай дар ҷойи кор будам, то ба ӯ кумак расонам. Ин барои ман як кори муқаррарист. Мо 24 соат дар як шабонарӯз кор мекунем.
— Оё шумо байни беморони воломақом ва оддӣ марз мегузоред?
— Ҳеҷ гоҳ. Ҳар як бемор бароям муҳим аст ва ман корамро бо ҷону дил ба ҷо меорам ва барои ноил шудан ба натиҷаи хуб талош мекунам. Ин рисолати шахсии ман аст ва онро новобаста аз вазъи бемор иҷро мекунам. Ман ҳам олигархҳо ва ҳам одамони бесарпаноҳро ҷарроҳӣ мекунам ва ҳамеша барои натиҷаи беҳтарин кӯшиш менамоям.
— Кадом воқеаро гардиши бузург дар фаъолияти касбии хеш арзёбӣ мекунед?
— Ба Италия рафтанамро бисёр муҳим медонам. Дар он ҷо ман роҳи худро аз сифр оғоз карда, обрӯю эътибор ёфтам. Бори аввал мустақилона, берун аз Ватан кор мекардам. Дар оғоз малака ва усулҳои табобати худро нишон додам, дере нагузашта муаллим шуда, ба ҷарроҳони дигар дар ҳолатҳои душвор кумак расонидам. Ин таҷриба як марҳилаи муҳим дар фаъолияти ман буд ва ман онро то имрӯз идома медиҳам.
Фурӯш дар тиб нодуруст аст
— Бисёре аз табибон ва марказҳои тиббӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ худро таблиғ мекунанд ва барои он пули зиёд сарф мекунанд. Аммо шумо ин корро намекунед. Чаро?
— Барои ин вақт намеёбем. Зеро корамон хеле зиёд аст. Барои мисол, ман алакай дар ҳадди имкон кор карда истодаам. Сониян, таблиғ ва фурӯш дар тиб комилан нодуруст аст. Мо мол пешниҳод намекунем, муносибатҳои молию пулӣ надорем. Табибро аз рӯи дил интихоб кардан лозим аст, на тавассути интернет. Ҳарчанд, шогирдони ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ муштариёни зиёд доранд ва баъзан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион дар бораи мо маълумот нашр мешаванд. Бо вуҷуди ин, ман барои таблиғ вақт намеёбам. Ҳол он ки, дар ҷаҳони муосир ин ногузир аст ва шояд ман аз он ки синну солам ба ҷое расидааст, дар ин кор танбалӣ мекунам.
Ташхис ва табобат
— Кадом усулҳои муосири ташхиси бемориҳоро шумо самараноктар мешуморед?
— Имрӯз мо томографҳои пуриқтидор дорем, ки имкон медиҳанд, то гавҳараки чашм, асаби оптикӣ ва ретина (сетчатка)-ро аз рӯи ҳуҷайраҳо ва қабатҳо омӯзем. Ташхиси барвақтӣ барои табобати саривақтии бемориҳо муассир аст ва барои ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтар кумак мекунад. Таҷҳизоти муосири лазерӣ барои муолиҷаи ретина ва хороид (сетчатка и сосудистая оболочка), ки қаблан муолиҷа намешуданд, умед мебахшанд. Мо метавонем дегенератсияи макулярии вобаста ба синну сол, ашкҳои ретина, хунравӣ, тромбоз ва дигар патологияҳои рагҳоро табобат кунем. Ин ба мо барои муолиҷаи касалиҳои мураккабтарин имкониятҳои нав медиҳад.
— Метавонед ба мо дар бораи технологияҳо ва усулҳои нави табобати бемориҳои чашм, ки феълан дастрас ҳастанд ва равишҳои табобатро тағйир додаанд, маълумот диҳед?
— Албатта. Ҳатто дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ имрӯз доруҳои гаронбаҳо мавҷуданд, ки як вояи онҳо ҳудуди ҳазор доллар арзиш дорад. Масалан, мо беморони гирифтори макулопатияи синну солро табобат мекунем, ки пештар боиси нобиноӣ мешуд. Доруҳои нав барои нигоҳ доштани биноӣ кумак мекунанд ва доруҳои омехта барои табобати глаукома ба одамон имкон медиҳанд, ки биноиашонро ҳифз кунанд. Ҷарроҳии лазерӣ ва ултрасадо низ ба таври назаррас ба пешгирии нобиноӣ мусоидат мекунад. Мо имконияти бузурги усулҳои пешгирии нобиноиро дорем.
— Тавсияҳои асосие, ки шумо барои нигоҳ доштани сиҳатии чашм ва пешгирии бемориҳо медиҳед, кадомҳоянд?
— Пеш аз ҳама, шумо бояд мунтазам аз муоинаи духтури чашм гузаред. Чӣ қадаре ки муоина бештар шавад, мо метавонем патологияро зудтар муайян кунем ва табобатро оғоз намоем. Муоинаи мунтазам имкон медиҳад, ки бемориҳоро дар марҳилаҳои аввал муайян карда, ҳангоми табобат натиҷаҳои беҳтар ба даст орем.
Аз ҳаёти шахсӣ то шуғли дӯстдошта
— Чанд фарзанд доред ва онҳо дар кадом соҳаҳо фаъолият доранд?
— Падари хушбахти се фарзанд ва бобои ду набера ҳастам. Духтарам номзади илм, дотсент, пизишки чашм аст, дар Италия кору зиндагӣ мекунад. Писари калониам ҳам табиб аст, дар Маскав ва Италия фаъолият дорад. Писари сеюми ман қаҳрамони шоҳмот аст, ду дараҷа дорад, иқтисоду барномасозиро меомӯзад ва ҳоло дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад.
— Шуғли писандидаи шумо чист ва вақти холии худро чӣ гуна мегузаронед?
— Мутаассифона, вақти холӣ хеле кам дорам. Шуғли дӯстдоштаи ман саёҳат ва варзиши обӣ мебошанд. Мехоҳам вақти бештаре дошта бошам, то сафар кунам, бо одамони нав шинос шавам ва ҷойҳои навро бубинам. Орзу дорам, ки ба Тоҷикистон сафар кунам, Помир, кӯҳҳои Фонро бубинам, Душанберо тамошо кунам ва шахсан бо дӯстони тоҷик вохӯрам.
— Мувозинат байни кор ва ҳаёти шахсии худро чӣ тавр нигоҳ медоред?
— Фаъолияти касбӣ барои ман бисёр муҳим аст ва вақти бештари ман ба он сарф мешавад. Ҳаёти шахсиамро бошад, оилаву фарзандону набераҳоям рангин мекунанд. Кӯшиш мекунам, ки вақтамро бо онҳо гузаронам.
— Барои шумо арзиши асосӣ дар зиндагӣ чист?
— Шодмонӣ. Аз шодии дигарон, шифои беморонам, сулҳ дар рӯи замин, набудани ранҷу азоб шодмон мешавам. Мехоҳам, ки ҳама шодмон бошанд.
— Дар кор чӣ шуморо рӯҳбаланд мекунад?
— Вақте бемореро мебинам, ки пас аз ташхису табобати ман шифо ёфтааст ва бино шудааст, хурсанд мешавам. Ин ҳолатро тасвир карда намешавад. Ин аз ҳама чиз арзишмандтар аст, зеро ман дар як воқеаи бузург — шифо ёфтани нафаре саҳм мегирам.
Умед ба оянда
— Ояндаи чашмпизишкиро дар 10-20 соли наздик чӣ гуна мебинед?
— Технология ва доруворӣ хеле босуръат рушд мекунанд. Мо ба табобати ҳатто бемориҳои ба назар табобатнашаванда шуруъ мекунем. Бо дастгирӣ ва маблағгузории давлат ҳатто гурӯҳҳои камдаромад метавонанд ба фанновариҳои муосир дастрасӣ пайдо кунанд. Дар бораи кам шудани беморӣ ва дарозумрии фаъол сухан рондан мумкин аст. Бемориҳо зуд ва самаранок табобат мешаванд ва давлат дар ин раванд ширкат меварзад…
— Ба мутахассисони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?
— Хонед, забонҳоро омӯзед ва малакаи хешро такмил диҳед. Феълан, мо ба як маҷмӯаи байналмилалии дониш дастрасӣ дорем, ки кумак мекунад, то табибони хуб шавем ва бемориҳоеро, ки роҳи табобаташонро намедонистем, табобат кунем.
— Оё шумо нақшаҳои корӣ доред? Кадом лоиҳаҳоро дар ояндаи наздик амалӣ карданӣ ҳастед?
— Мо соҳаҳои марбут ба пайвандсозии бофтаҳо ва ҷарроҳии ретинаро инкишоф медиҳем. Ман умедворам, ки дар кумак ба ин беморон саҳм мегузорам.
— Ба хонандагони мо чӣ орзу мекунед?
— Сулҳ, некӣ, шодмонӣ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно дорам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ