Аз директори мактаб то муовини вазир. Гулчеҳра Ғанизода кист?
Гулчеҳра Ғанизода дирӯз, 27-уми апрел бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гардид.
Ӯ то ин замон директори яке мактабҳои шаҳри Душанбе буд. Гулчеҳра Ғанизода дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назириро иваз кард. Барканории Латофат Назирӣ расидан ба синни нафақа унвон мешавад.
Гулчеҳра Ғанизода кист? Ин суолест, ки бисёриҳо дар бораи ӯ донистан мехоҳанд.
Гулчеҳра Ғанизода то ин вақт директори мактаби миёнаи рақами 34-и Душанбе буд. Қабл аз ин беш аз 10 сол директори мактаби рақами 28 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт буд.
Инчунин, Гулчеҳра Ғанизода то расидан мақоми муовини вазири маориф ва илм, дар мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ, шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, муовини директори мактаби № 49-и шаҳри Душанбе, мутахассиси шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи таъминоти методии раёсати маорифи Душанбе, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм, муовини директори мактаби № 21 ва гимназияи № 74 Душанбе фаъолият кардааст.
Ӯ 52 сол дорад. Зодаи шаҳри Душанбе ва хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад. Ихтисосаш забон ва адабиёти рус аст.
Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ