Аз донишҷӯи гумшуда то ҳол нишоне нест
Ба гуфти Ғайрат Мирсалимов, падари донишҷӯи нопадидгардидаи Академияи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз писараш-Манучеҳр Мирсалимов то ҳол дараке нест.
Манучеҳр Мирсалимови 19-сола донишҷӯи соли якуми Академияи ВКД дар Хуҷанд буда, се рӯз қабл, яъне шанбеи 3-уми июн нопадид шудааст, вале давоми чор рӯз аст, ки аз ӯ на ном ҳасту на нишон.
Барои ҷӯстуҷӯи Мануҷеҳр масъулини РВКД дар вилояти Суғд, масъулони муассисаи таълимӣ, хешу табор ва даҳҳо донишҷӯёни академия сафарбар шудаанд.
Идомаро дар шумора навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ