Аз «доруи буз» то ваксинаи коронавирус (суҳбати пурра+видео)

Дар гуфтугӯи мустақим бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта, 29 январ, меҳмони идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj  буд. Ӯ ба пурсиши хонандагон, ки беш аз 100 саволро фаро мегирифт, ҳангоми гуфтугӯи мустақим посух гуфт. Фишурдаи саволу ҷавобҳо пешниҳоди хонандагон мегардад.

-Ҷамолиддин Абдуллозода ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj хуш омадед.

-Аз даъвататон сипосгузорам. Ҳоло омода ҳастам, ки ба саволҳои шумо ва хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj посух диҳам.

-Шумо дар давраи ҳассос, замоне пандемияи коронавирус дар ҷаҳон доман паҳн мекарду ба Тоҷикистон ҳам аллакай қадами наҳсашро гузошта буд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин гардидед. Интизор доштед, ки шуморо вазир таъин мекунанд ?

— Не, интизор надоштам. Ман дар Бемористони «Истиқлол» кор мекардам. Воқеан, он давра ба андозае ҳассос буд, ки ба сархорӣ фурсат набуд. Пешвои миллат Президенти кишвар ба ин вазифа сазовор донистанд ва ман кӯшиш дорам, ки ба ин боварӣ сазовор бошам, тамоми қувватамро барои пешгирӣ ва паҳн нашудани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус харҷ мекунам.

-265 рӯз қабл, яъне 5-уми майи, соли 2020 шуморо вазир таъин карданд. Корро аз чӣ  оғоз кардед?

-Пеш аз ҳама, назорати шабонарӯзиро дар муассисаҳои тандурустӣ ба роҳ мондем. Дар бемористонҳое, ки  гирифторони коронавирус бистарӣ карда мешуданд, реҷаи навбатдорӣ ва қабули беморонро ҷоннок кардем. Албатта, то таъин шудан ба мақоми вазири тандурустӣ, ба таври кофӣ  аз табобати бемории коронавирус  таҷриба пайдо карда будем. Он шабу рӯз мардум дар таҳлука афтода буданд. Дилхоҳ нишонаҳои беморӣ, ки дар инсон сар мезад, дарҳол ба беморхона муроҷиат мекарданд.  Мардумро маҷбур мекарданд, ки онҳо ташхис ва бистарӣ карда шаванд. Хеле вазнин буд, бемористонҳо пур аз одам буд. Агар ҳамаи онҳо дар бемористон табобат мегирифтанд, ягон беморхона холӣ намешуд. Дар ин ҳолат дигар намуди бемориҳо хурӯҷ мекард.  Бинобар ин,  мо як нишондод ва тартиби бастарӣ кардани беморонро тартиб додем.  Мардумро бовар намудем, ки ин беморӣ хавфнок нест, ҳаракат намоед, ки дигаронро сироят накунед. Онҳое, ки шакли сабуки беморӣ доштанд, дар хона ба табобат фаро гирифта шуданд. Яъне, беморонро изолятсия кардем. Фаҳмондем, ки агар қоидаҳои беҳдоштиро риоя накунанд, беморӣ  бештар доман паҳн мекунад.  Хушбахтона, мардум инро хуб дарк карданд ва аз рӯйи тавсияҳои табибони дохилӣ ва хориҷӣ  амал карданд.

Баъдан, беморони сабукро аз бемористон, ки нишонаҳои сабук доштанд, ба хона ҷавоб додем. Аммо онҳо ҳамеша  таҳти назорати табибон қарор доштанд. Ҳамзамон, муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла кумаки аввалияи тиббиро фаъол кардем.  Фаъолияти табибон ба таври шабонарӯзӣ  ба роҳ монда шуд. Имрӯз ҳам ин шеваи кор идома дорад. Чунки ин беморӣ ҳоло ҳам дар  дигар давлатҳои ҷаҳон ҷой дорад. Дубора сар задани ин беморӣ аз эҳтимол дур нест. Зеро дар давлатҳои ҳамсоя ҳоло ҳам ин беморӣ ба назар мерасад. Бояд мо ором наистем ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем.

-Шумо аз коҳиши бемории коронавирус ҳарф мезанед. Оё воқеият дорад, ки дар Тоҷикистон ин беморӣ нест?

-Бале, аз 31 декабри соли 2020 инҷониб нишонаҳои бемориҳои коронавирус дар бемористонҳои мо ба қайд гирифта нашудааст.

-Чаро бемории пневмания зиёд аст? Оё онҳое, ки фавтиданд, воқеан ҳам бар асари  пневмания буд?

— Боз мегӯям, ки имсол мо хона ба хона гаштем. Дар натиҷа, тамоми онҳое, ки бемориҳои шадиди роҳҳои нафас доштанд, ба қайд гирифтем. Бар асари пневмания ҳар сол дар Тоҷикистон фавти зиёд  ба қайд гирифта мешуд.

-Дар маҷмӯъ, ҳоло дар Тоҷикистон чанд нафар  гирифтори  бемории коронавирус ба қайд гирифта шудаанд?

-Аз рӯзи бақайдгирӣ то ҳол 13308 бемории коронавирус   ба қайд гирифта шуданд. Аз ин 93,3 фоиз шифо ёфта, 0,68 фоиз фавтиданд. Ин нишондодест, ки нисбат ба кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ кам мебошад.  Вале набояд мо бепарвоӣ кунем, қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя кардан лозим аст. 

-Боз дар баъзе аз расонаҳои кишвар иттилоъ паҳн шуд, ки теъдоди  фавтидагон ба 4 ҳазор мерасад. То кадом андоза ин гуфта асос дорад?

-Ҳар сол дар дунё то 60 миллион нафар мефавтанд. Дар Тоҷикистон низ набояд тамоми маргро  ба бемории коронавирус иртибот дод. Ҳар сол дар Тоҷикистон аз 2500 то 3000 нафар   беморони вазнин ба қайд гирифта мешаванд. Дар миёни онҳо фавт ҳам кам нест. Аммо мардуми мо ҳамаи инро ба бемории коронавирус вобаста медонанд. Ҳатто шаҳрвандони мо дар шабу рӯзи бемории коронавирус бо нишонаҳои бемории дил ва дигар оризаҳои вазнин бистарӣ мешуданд. Набояд фаромӯш кард, ки баъзе бемориҳо  характери ҷаҳонӣ доранд. Аз ҷумла, бемориҳои фарбеҳӣ, дилу саратон, ки ҳар сол  дар тамоми дунё аз ин ҳисоб мардум  ба марг рӯ ба рӯ мешаванд. Ин маъмулист ва набояд ҳамаи инро ба бемории  коронавирус иртибот дод.

-Коронавирусе, ки дар Тоҷикистон ҳаст ё буд, кадом намуд аст?

-Ин ҳамон шаклест, ки 30-юми апрел дар шаҳри Ухани Чин сар зада буд. Яъне, ин коронавируси ибтидоӣ аст.

— Воқеан, имрӯз навъи нав, англисии коронавирус Аврупоро ба ларза овардааст. Мегӯянд, ки марговарии он аз дигар навъҳо 70 дар 100 бештар аст. Аллакай дар  Британия 100 000 кас аз ин беморӣ фавтид. Эҳтимолияти омадани ин хатар ба Тоҷикистон ҳаст?

-Имрӯз дар тамоми нуқтаҳои сарҳади мо ташхисгоҳҳо гузошта шудаанд.  Дар  баробари намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, кормандони мо низ дар нуқтаҳои сарҳадӣ меистанд. Муҳоҷироне, ки ба  кишвар ворид мешаванд, ҳатман аз ташхиси тиббӣ   мегузаранд. Дар сурати пайдо шудани ягон нишондиҳандаи ин беморӣ, онҳо  муддати 14 рӯз ба изолятсия фаро гирифта мешаванд. 

-Чаро дар кишвар бемории саратон бештар шудааст?

-Ин мушкилот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дунё низ ҷой дорад. Мақсади мо пешгирӣ ва сари вақт табобати беморон аст. Вақте чунин амалро иҷро менамоем, натиҷаи хуб меорад. Омори мақоми ваколатдор, ки расонаӣ мекунад, он  дурусттару воқеист.Чунки он маълумот дар асоси натиҷаи ташхисгоҳҳо гирифта мешавад.

-Ман Беҳрӯз ном дорам. Донишҷӯи бахши 5-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошам. Суоли якум, мо донишҷӯён: оё баъди хатм бо ҷои кор таъмин мешавем?  Суоли дуюм,  ҳамчун волонтёр мо ба шумо чӣ гуна кумак карда метавонем?

-Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии тиббии Хатлон ва дигар коллеҷҳо 70 фоизи донишҷӯён тариқи шартномавӣ таҳсил доранд. Донишҷӯёни шартномавӣ ба таври озод ихтисос мегиранд ва ба ҷои кор сафарбар мешаванд. Мутаассифона, бештари донишҷӯёни мо баъди хатм намехоҳанд, ки мувофиқи ихтисоси гирифтаашон ба шаҳру ноҳияҳое, ки сафарбар мешаванд, фаъолият кунанд. Онҳо талош мекунанд, ки дар пойтахт ва  маркази вилоят монанд.   Аммо талабот тақсимот чунин нест, бояд ба ба ҷое раванд, ки зарурат ба мутахассис ҳаст.

Ҷавоб ба саволи дуюм. Марҳамат, муроҷиат намоед. Мо рӯзҳои наздик як ҳамош баргузор мекунем, метавонед, номнавис кунед. Аммо софдилона, бо ҳисси баланд ва содиқ ба  касби худ кор кардан аз  шахс вобаста мебошад.

-Вазири муҳтарам, барои чӣ  дар бемористонҳо санҷишҳоро зиёд кардаед? Оё он ягон натиҷа дод?

-Ин санҷишҳо ба хотири пешравии соҳа ва ислоҳи камбудиҳост. Ин танҳо назорат ва тавсия додан ба табибон аст. Яъне, мо  ҳангоми санҷиш мефаҳмонем, ки табиб бояд чӣ гуна фаъолият кунад. Агар афсар дар вақти хизмат дар ягон нуқтаҳои сарҳадӣ бошад, магар хоби бароҳат мекунад? Не! Табиб ҳам чунин аст. Дар беморхонаҳо беморон  бистарианд. Он ҷо одами солим нест.  Ҳангоми хоби табиб ё ҳамшира,  агар ягон бемори вазнину таъҷилӣ ба беморхона муроҷиат кунад, дар сурати хоби табиб, тақдири ӯ чӣ мешавад? Ба як ҳодисаи нохуш оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, мо ҳамеша назорат мекунем. Ин  назорат як ҳафта, як моҳ ё як сол нест, балки доимӣ ва санҷишҳои нақшавист. Санҷишҳои барзиёд ҳам дилгир мекунад. То вақте  ки дар ҳамин вазифа ҳастам, бояд  якҷо  фаъолияти пурсамар намоем.

Ба боварии Сарвари давлат ва  мардум сазовор бошем.

-Имрӯз тамоми кишварҳо барои гирифтани ваксинаи зидди коронавирус талош доранд. Тоҷикистон кай ваксинаро ба даст меорад?

— То моҳи март ба Тоҷикистон ваксина ворид карда мешавад. Аллакай дар ин хусус бо шарикони рушд гуфтушунид анҷом ёфт. Аслан Тоҷикистон дар рӯйхати 92 кишваре мебошад, ки бояд бо ваксинаи коронавирус таъмин карда шавад. Ваксинаи COVID-19 бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дастрас мешавад. Ин ваксинаро ташкилоти Гавес таъмин менамояд, ки аз рӯи механизми кавес сурат мегирад. Маблағ барои харидории ваксина аллакай ҷудо гардидааст.

-Мегуфтед, ки дар  навбати аввал киҳо аз ваксина бархӯрдор мешаванд?

-Дар аввал  рӯйхат тартиб дода мешавад ва ба онҳое ваксина гузаронида мешавад, ки қишри осебпазиранд. Дар навбати аввал 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина мегиранд. Ин ваксинаи навъи «файзер» аст, ки   Тоҷикистон барои ворид кардани он иҷозат дарёфт кард ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ онро тасдиқ кард. Умуман, соли равон 20%-и аҳолӣ  бояд ваксина гузаронида шаванд. Ба ин табибон, қишри осебпазири аҳолӣ ва шахсони дорои бемороии вазнин, яъне дилу саратон, асаб ва монанди ин шомил мешаванд. Баъдан, омӯзгорон ва синну соли аз 50 боло ваксина мегиранд. Аз рӯи ду механизм: ковас ва агваст ваксина ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.  Дар ин росто, ҳоло гурӯҳҳои корӣ дар вазорат  фаъолият доранд. Тибқи ваъда ҳар чӣ зудтар, яъне то моҳи март ба Тоҷикистон ваксинаро ворид бояд кунанд. Албатта, ҳама чиз  аз нархи ваксина вобаста мебошад. Агар нархи он дар бозори ҷаҳонӣ паст бошад, фарогирии аҳолӣ ба ваксина  бештар мешавад.

-Ваксинае, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, истеҳсоли куҷост?

-Амрико.

-Ройгон аст?

-Бале.

-Касоне, ки коронавирусро аз сар гузарониданд, оё имкони дубора сироят ёфтан доранд?

-Дар ин маврид ҳоло ҳам баҳсҳо зиёданд. Аммо дар вақти бемор шудан шахс  антитела пайдо мекунад. Агар як дозаи дигар реваксинизатсия кунем, боз мустаҳкамтар мешавад.

-Ман нафақахӯр, аз шаҳри Конибодом занг мезанам. Дар бемористони мо як дастгоҳи рентгенӣ аст, ки як рӯз кор мекунаду ду рӯз дар таъмир аст. Сарсонем, борҳо ба масъулини  тандурустии шаҳр ва вилоят муроҷиат кардем, аммо  натиҷа нест. Шояд бо мактуб ба шумо муроҷиат кунем, ки ёрӣ расонед?

-Метавонед пагоҳ бо боварихат ба вазорат биёед. Аз ин ҷо бо дастгоњи муоина (рентген) бармегардед.

-Ман Аҳмадов, сокини шаҳри Душанбе,  аз кори шашликхонаҳои маҳаллаи 1-ум Советский шикоят дорам. Ҳар шом дуди ин шашликхонаҳо, ки миқдорашон аз 20 ҳам гузаштааст, ба осмон мерасад. Борҳо дар  расонаҳои кишвар оид ба зарари ин шашликхонаҳо, ки бо ангишт фаъолият доранд ва дар паҳлуи Беморхонаи шаҳрии №1 ҷойгиранд, маводҳои таҳлилӣ чоп шуда буд. Аммо масъулини дахлдор  хомӯшӣ ихтиёр мекунанд. Чаро Хадамоти санитарию эпидемологии шаҳри Душанбе маъруф ба “санэпидемстансия”, ки зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аст, куҷо менигарад?  Илтимос, ин мушкилотро худатон зери назорат гиред.

-Воқеан њам, ин масъала ҷой дорад. Худи ҳозир гуруҳи корӣ ташкил медиҳем ва мушкилотро мутахассисон меомӯзанд. Аз натиҷааш ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳатман маълумот пешниҳод менамоем. (Дар рафти гуфтугӯи мустақим вазир ба сардори дафтари матбут Эмомалӣ Мирзоев дастур дод: Фавран ба кормандони хадамот занг занед. Гурӯҳи  корӣ рафта масъаларо ҳал кунанд ва аз натиҷааш мааро хабардор кунед-Аз идораи рӯзнома).

-Ман Ҳакимзода,  аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Бемористони марказӣ ҳоли табоҳ дорад, ба ягон талабот ҷавобгӯ нест. Чаро? Мутахассисон намерасанд, аз дасти табибони ин бемористон чандин наздиконамро аз даст додам.

-Шумо аз мушкил ҳарф мезанед, вале сардухтуратон гузориш медиҳад, ки дар ноҳия ягон мушкил нест. Пагоҳ, 30 январ, рӯзи шанбе яке аз муовинонамро ба бемористони марказии ноҳия мефиристам, то шоҳиди ҳол шавад. Шумо ҳам иштирок намоед ва арзатонро расонед. Баъд аз боздиди муовини вазир, мо ба як хулосаи зарурӣ меоем. 

— Дар Бадахшон ва Суғд интизор аст, ки Донишкадаи тиббӣ таъсис ёбад. Зарурияти онро дар чӣ мебинед?

-Ҳоло дар нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси чунин муассисаҳои олӣ нест. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ягон супориш нашудааст. Айни замон Донишгоҳи давлатиии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи давлатии тиббии Хатлон барои омода кардани мутахассисони соҳаи тиб басанда ҳастанд. Танҳо тақсимоти мутахассисонро бояд  дуруст ба роҳ монем.

— Ҳар сол маъюбони якумраи нафақахӯр боиси озор қарор мегиранд. Кормандони ҳифзи иҷтимоӣ онҳоро маҷбур месозанд, ки  барои ташхиси тиббӣ ба маркази вилояту ноҳияҳо оянд. Ба ин чӣ зарурат ҳаст?

–Ҳоло мо мувофиқи супориши Ҳукумати Тоҷикистон  махзани ягонаи ворид кардани маълумотро таъсис додем. Шояд ин мушкилот ҳангоми ворид кардани маълумот ба ин махзан бошад. Вале ин ба   маъюбони якумраи модарзод дахл надорад. 

 Зимнан, ҳар рӯзи сешанбе ва шанбе дар қабули шаҳрвандон сурат мегирад. Онҳе, ки арз доранд, метавонанд, муроҷиат кунанд ва мушкилатон сари вақт ҳал мешавад.

-Дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди гирифторони бемории қанд ба қайд гирифта шудаанд. Кадом давоҳо барои онҳо аз ҷониби давлат ройгон аст ва киҳо ба гирифтани он ҳақ доранд?

-Бемории қанд дар тамоми дунё ҳаст. Гирифторони қанди навъи 1-ум дар бемористонҳои мо ройгон табобат мегиранд. Доруи инсулин низ ба беморон ройгон дода мешавад. 

-Ман Ҷаҳонгир, сокини  шаҳри Хуҷанд ҳастам. Ҳамсарам дорои маълумоти олӣ ва ҳамшираи тиб аст. Аммо бо ҷои кор таъмин нест. Ба Раёсати тандурустӣ муроҷиат кардем, натиҷа нест. Чӣ кор кунем?

— Имрӯз дар Суғд талабот ба ҳашираи тиб ҳаст. Ҳозир ба Раёсати тандурустии вилоят,  назди сардор Фаррух Мақсудзода равед, мушкилотатон ҳал мешавад. Мо ҳар бегоҳ вохӯрии онлайнӣ бо масъулини тандурустии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дорем. Бегоҳ ба ман гузориш медиҳад, ки то кадом андоза муроҷиати шуморо ҳал кард.

-Шумо дар бораи ҳифзи саломатии модари панҷгоникҳо  ва худи онҳо то таваллудашон супориши махсус дода будаед. Бигӯед, ки аз куҷо маълумот гирифтед, ки ин модар дар батнаш панҷ кӯдак дорад?

-Маълумотро директори муассиса, ки панҷгоникҳо он ҷо  таваллуд шудаанд, пешниҳод кард. Мо талош кардем, ки модару кӯдакон таҳти назорат гирифта шаванд. Чанд лаҳза пеш  маълумот доданд,  ки панҷгоникҳо имрӯз ба таври мутантан ба хонаашон ҷавоб мешаванд.

-Мехоҳам дар мавриди Қобилҷон Гиёев, ки бо “доруи буз” беморонро аз коронавирус табобат мекард, равшанӣ андозед. Назари шумо ба табобати ӯ чӣ гуна аст? Оё Қобилҷон Гиёев дар ягон муассиса кор мекунад?

-Бале, Қобилҷон Ғиёев фаъолият дорад. Аммо табобати аз рӯи доруҳое, ки дар расонаҳо пайдо шуданд, асоси илмӣ надоранд.

-Шикояти мо аз таваллудхонаҳост. Ҳама пулакӣ, додамонро ба кӣ гӯем?

-Таваллудхонаҳо ройгон аст. Агар ягон табабати иловагӣ набошад, ҳақ надоранд, ки аз беморон пул талаб кунанд. Бинобар ин,  телфонҳои боварии вазорат ҳамеша фаъоланд ва мардум метавонанд мушкилоташонро гӯянд.

-Солҳои охир теъдоди тифлаконе, ки бо иллатҳои гуногуни дил ба дунё меоянд, меафзояд. Барои кумак ба чунин кӯдакон ягон барномаи махсус вуҷуд дорад ё не?

-Нуқсонҳои модарзодӣ гуногунанд. Соли сипаришуда 900 нафар тифлон  бо иллати   модарзодӣ ба дунё омадаанд.  Ҳоло дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш 4000 тифлон бо чунин иллат номнавис шуда, табобати ройгон мегиранд. Ҳатто, соли гузашта 141 кӯдаконро ройгон ҷарроҳӣ гузаронидем. Онҳо нуқсони модарзодии дил доштанд.  Айни замон бо дастгирии Ҳукумати кишвар 8 адад дастгоҳи ангиёграф ҳаст, ки тавассути он баъзе беморонро бе усули ҷарроҳӣ табобат мекунем. Ҳамеша вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ба онҳое, ки камбизоат ҳастанд, кумак мерасонанд.

— Замоне иваз намудани узвҳои инсон дар назар мисли як афсона менамуд, вале солҳои охир ин амалиёт дар кишвари мо низ бе ягон мамоният гузаронида мешавад. Мехостем ба ҳамин масъала каме равшанӣ андозед, ки кадом узвҳои инсон дар Тоҷикистон  иваз карда мешаванд ва арзиши чунин амалиёт чӣ қадар аст? Узви муносибро беморхона меёбад ё худи бемор?

-Соли сипаришуда 70 пайвандсозии гурда ва ҷигар буд. Дар маҷмӯъ, 740 ҷарроҳии пайвандсозӣ гузаронида шуд. Хушбахтона,  ҳоло пайвандсозии ғадуди зери меъдаро низ ба роҳ мондаем. Аслан, узви пайвандро хешовандони бемор таъмин мекунанд. Тамоми хизматрасониҳои пайвандсозӣ мувофиқи нархномаи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сурат мегирад.

-Пешниҳод шуда буд, ки ҳар як мансабдор пеш аз таъин шудан ба вазифаи давлатӣ бояд декларатсияи даромад ва амволашро пешниҳод намояд. Оё вазири тандурустӣ бизнес дорад ва чунин декларатсияро пешниҳод кардааст?

-Бале, ман ҳам мисли дигарон ин гуна декларатсияи дороиро пешниҳод кардаам. Мошин, хона дорам. Оила дорам, аммо ҳеҷ гуна тиҷорат надорам. 

-Агар боиси малоли хотиратон нашавад, дар бораи оилаатон каме ҳарф занед.

-Аз соли 1984 оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Ҳамсарам Ҷамила Афзалова, духтур, номзади илми тиб. Ду духтарам Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карданд. Айни замон бинобар доштани кӯдакони хурдсол дар ҳеҷ куҷо фаъолият надоранд. Писарам донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва духтари хурдиам дар мактаби миён мехонанд.       

-Чанд китобе ба хонандагон тавсия диҳед.

 -“Тоҷикон дар суҳбати Бобоҷон Ғафуров бо Сталин”, «Молики фарри каёнӣ» ва  умуман, осоре, ки марбут ба фаъолияти Пешвои миллат ҳастанд.

Таҳияи Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *