Аз «доставшик» то ҳаҷвнигори машҳур дар Инстаграм
Ҳаҷв яке аз самтҳои асосии блогинг мебошад. Махсусан, саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ, ки онҳоро «вайн» мегӯянд, хеле маъруф ва сертамошобин ҳастанд. Дар сегменти тоҷикӣ низ наворҳои ҳаҷвӣ ва блогероне, ки бо ин мазмун матлаб таҳия мекунанд, хеле маъруфанд. Яке аз блогерони хуби мо, ки солҳост ба таҳияи наворҳои хурди ҳаҷвӣ машғул аст, Насимҷон Мирзошарифов мебошад.
Насимҷонро дар Инстаграм бо тахаллуси Афандӣ мешиносанд. Ӯ услуби хоси таҳияи навор дорад. Кӯшиш мекунад, ки дар наворҳои кӯтоҳаш муаммое ҷой диҳад ва то охирин лаҳза ба тамошобин ошкор накунад. Аксари наворҳояш тавре ба охир мерасанд, ки бинанда интизор нест. Барои мисол, дар як навораш ҳамшираи шафқат ҷасадеро нишон медиҳад ва мегӯяд, ки ба ҳамсари шумо монанд аст, бинед, канӣ ҳамсаратон аст. Афандӣ, ҷасадро мебинад ва худро канор гирифта, бисёр маҳзунона «не-не, набояд чунин бошад» мегӯяд. Ҳамшираи шафқат фикр мекунад, ки ҷасад ҳамсари ӯст ва азбаски миёнашон муҳаббат зиёд аст, мард худро дошта натавониста истодааст. Дар ин ҳол ҳамшира изҳори ҳамдардӣ мекунад, аммо Афандӣ мегӯяд, ки “ин ҳамсари ман нест ва ӯ ҳоло ҳам зиндааст”.
Услуби пешниҳоди наворҳои офаридаи Афандӣ дар он аст, ки бинанда фикр мекунад навор оҳанги ғам дорад, аммо он бо ҳаҷви сабуке ба охир мерасад.
Ҳоло Насимҷон дар Инстаграм зиёда аз 535 ҳазор обуначӣ дошта, наворҳояшро миллионҳо нафар мебинанд. Азбаски наворҳояш кӯтоҳанд, тамошобини зиёд доранд.
Мо бо Насимҷон Мирзошарифов суҳбати кӯтоҳ доштем ва аз ӯ пурсидем, ки пеш аз машҳур шудан ба чӣ корҳо машғул буд.
“Вақте ки донишҷӯ шуда, ба пойтахт омадам, дар паёмрасони Вайбер истифодаи «Паблик-чат»-ҳо хеле маъруф буд. Ман ҳам аз они худамро бо номи «Афандӣ.тч» фаъол карда, ҳар гуна шӯхиҳо мегузоштам. Мардум матлабҳои маро хуб қабул мекарданд. Ҳамин тавр, кор то ҷое расид, ки «Вайбер» «Паблик-чат»-ҳоро нест мекард ва аз ман ҳам тоза шуд. Баъдан, дар Инстаграм фаъол шудам. Чун миёни корбарони интернет бештар бо номи Афандӣ машҳур будам, номи саҳифаи Инстаграмамро Afandivines гузоштам. Наворҳои ҳаҷвии хориҷиёнро мегузоштам, аммо азбаски шумораи обуначиёнам кам буд, наворҳоям тамошобини кам меёфтанд. Он замон ман ҳамчун «доставшик» кор мекардам ва аз ҳисоби меҳнати худ пул ҷамъ карда, барои пешрафти корам аз блогерони шинохта реклама мехаридам”,-гуфт Насимҷон.
Инчунин, мо аз Насимҷон Мирзошарифов пурсидем, ки чӣ гуна тасмим гирифт, ки бо чеҳраи худаш таҳияи наворҳоро оғоз кунад, зеро ӯ дар аввал танҳо наворҳои дигар саҳифаҳоро мегузошт. Ӯ чунин посух дод:
— Соли 2021 Инстаграм дар мавриди нашри наворҳои дигарон барои ҳар саҳифа маҳдудият ҷорӣ кард ва ман маҷбур шудам, ки худам бо чеҳраам бароям. Инак, се сол мешавад, ки бо таҳия ва нашри наворҳои ҳаҷвӣ машғулам ва аз корам лаззат мебарам, зеро ба мардум ханда ҳадя мекунам.
Насимҷон мегӯяд, ҳаёташро бидуни блогерӣ тасаввур карда наметавонад, зеро ин пешаро дӯст медорад ва дар самти мазкур аз таҳти дил кор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ