Аз Дубна то Ҷопон. Ё корномаи илмии профессор Холмирзо Холмуродов

Овони ҷавонии хешро бидуни ба ёд овардани давраи донишҷӯӣ дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) тасаввур карда наметавонам. Беҳуда нест, ки оқилон давраи донишҷӯйиро давраи тиллоии ҷавонӣ меноманд.

Ёди даврони донишҷӯйӣ

Соли 1975 мо як гурӯҳ ҷавонони мактаби миёнаи дар минтақаҳои гуногуни кишвар хатмкарда баъди бо муваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ, бо қарори ректори донишгоҳ зиёда аз 90 нафар, донишҷӯёни курси якуми факултети физика шудем. Он солҳо донишҷӯён бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешуданд.

Дар як муддати кӯтоҳ мо ҳамкурсон зуд ба ҳамдигар шинос шуда, унс гирифтем. Аз ҳамон давра то ба имрӯз бо аксарияти онҳо муносибати дӯстиву бародарӣ дорем. Исботи он вохӯриҳои мунтазами мо бо ҳамкурсони фаъол дар пойтахти Ватанамон, рафтуомади мо ба чорабиниҳои хонаводагии ҳамдигар мебошад.

Дар байни ҳамкурсон Холмирзо Холмуродов бо меҳнатқаринию лаёқати худододаи хеш фарқ мекард, вақтҳои берун аз машғулиятҳоро ба хондани китобҳои илмӣ гузаронида, дар омӯзиши фанҳои дақиқ дар байни ҳамсабақон пешсафӣ дошт. Ҳарчанд дар байни ҳамсабақон аълохонҳои дигар, ба монанди дар оянда профессорон М. Нуруллоев (ёдашон ба хайр), С. Абдуллоев, И. Норматов ва дигарон буданд, аммо кӯшишу ғайрати Холмирзо дар аз худ намудани нозукиҳои физикаи назариявӣ хеле зиёд буд. Ҳарчанд дар байни ҳамсолону ҳамкурсон дар донишандӯзӣ дастболо буд, вале хоксориву фурӯтанӣ зоҳир намуда, ба ҳамкурсони худ кумаки хешро дареғ намедошт.

Ҳоло дӯсти азизи мо Холмирзо Холмуродов яке аз олимони машҳури риёзидони (физика) Федератсия Россия ва Тоҷикистони азизамон мебошад ва соҳиби дараҷа ва унвонҳои баланди илмӣ ва давлатӣ аст.

Айёми наврасӣ ва мактабхонӣ

Холмирзо Холмуродов 24-уми июли соли 1959 дар ҷамоати Заргари ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён), вилояти Хатлон таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо ба камол расидааст. Вай дар хурдсолӣ аз модар ятим мемонад ва бо ғамхории доимии падар бо бародару хоҳаронаш ба воя мерасад.

Падарашон Тағойқул корманди милиса буд, вале ба душвории хизмати милиса нигоҳ накарда, падар доимо нисбати тарбияи фарзандонаш аҳамияти ҷиддӣ медод, аз рафти хонданашон доимо бохабар буд. Самараи ҳамин заҳматҳои бузурги падар буд, ки фарзандон яке духтур, дигаре ҳуқуқшинос, сеюмӣ муҳандис ва дӯсти мо олими бузурги риёзиёт шуданд.

Баъди бо баҳои аъло хатм кардани мактаби миёна Холмирзо соли 1975 ба факултети физика дохил шуда, онро соли 1981 бо дипломи сурх тамом намуд. Соли 1977 бо сабаби ба садамаи нақлиётӣ дучор шудан, ба муддати як сол ба рухсатии академикӣ рафта буд.

Давраи фаъолият ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ

Холмирзо Холмуродов соли 1981 барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Дубнаи ФР равон карда шуда буд. Баъди он ба ватан баргашт ва дар Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон аз соли 1981 то соли 1985 аввал ба ҳайси ассистент ва баъд муаллими физика ба донишҷӯён дарс додааст. Соли 1985 бо пешниҳоди Донишгоҳи политехникӣ ба аспирантураи Донишгоҳи таҳқиқотии физикаи ядроии ш. Дубнаи ФР дохил мешавад.

Дар давоми се соли таҳсилу унвонҷӯиаш барои иҷро ва амалисозии рисолаи илмии номзадиаш дар мавзӯи “Моделсозии математикии динамикаи солитон дар моделҳои ғайриидеалии гази Воsе” меҳнатҳои зиёдеро кард ва зери роҳбарии профессор В. Г. Маханков соли 1988 онро сарбаландона дифоъ намуда, унвони илмии номзади илмҳои физикаю математикаро сазовор гашт. Рисолаи номзадии Холмуродов Х. зуд мавриди таваҷҷуҳи олимони физикаи ядроии ватанӣ ва хориҷӣ гардид.

Пас аз хатми аспирантура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ Холмирзо ба ватан баргашт ва дар Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон аввал ба ҳайси ходими илмӣ дар бахши ОНИЛ “ВиК” ва баъдан дар ОНИЛ “АиВТ” то соли 1989 фаъолияти арзанда дошт. Аз соли 1989 то моҳи апрели соли 1993 ҳамчун ходими калони илмӣ, устоди калони кафедраи физикаи ДТТ ба шогирдон сабақ дод.

Яке аз хусусиятҳои ин олими сермаҳсули соҳаи физика ва математика дар он аст, ки вай худро дар таҳқиқи амалии масъалаҳои ҳалталаби озмоишӣ берун аз амал тасаввур карда наметавонад. Вай доимо дар семинар-машваратҳои илмӣ-амалии физика иштирок намуда, оид ба кашфиёту навовариҳо дар илми муосир баромадҳо карда, ба олимони ҷавон роҳнамоӣ мекунад.

Лаёқату дониш ва қобилияти илмии Холмирзо Холмуродовро ба назар гирифта, ӯро баъд аз 8 соли фаъолияти омӯзгорию муҳаққиқӣ дар ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ба докторантураи шаҳри Дубнаи ФР фиристоданд. Дӯсти мо дар Донишгоҳи муттаҳидаи илмӣ-таҳқиқотии ҳастаӣ (ОИЯИ ш. Дубна) ба пажӯҳиш машғул шуда, дар синни 37-солагӣ рисолаи докториашро дар мавзӯи “Моделсозии  математикии эффектҳои ғайрихаттӣ дар материяи конденсатшуда“ дар назди олимони намоёни ФР ва ҷаҳон сарбаландона ҳимоя кард. Ин рисолаи докторӣ дӯсти моро шиноси олимони барҷастаи кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар соҳаи физикаи ҳастаӣ намуд.

Фаъолияти илмӣ дар хориҷа

Қобилияту дониш ва мақолаҳои илмии Холмирзоро ба назар гирифта, вайро ба муддати 7 сол дар асоси шартнома ба кишвари Ҷопон ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ даъват мекунанд. Вай дар шаҳри Токио, дар РИКЕН (Донишгоҳи таҳқиқотии физика ва химия), ки яке аз бонуфузтарин марказҳои илмии Ҷопон аст, дар муддати кӯтоҳ исбот намуд, ки олими арзанда аст ва соҳиби эҳтиром гардид.

Фаъолияти илмии Холмуродов Х. ва шогирдони зиёди вай дар соҳаи тадқиқоти компютерӣ-моделсозии молекулавӣ-динамикӣ дар илмҳои физика, химия ва алалхусус нанобиотехнологияи муосир (кашфиёти мавод, ашё ё материалҳои нодир ва дизайни дорувориҳои навин) ба кулли олимони соҳаи ҷаҳон маълуму машҳур гаштанд.

Дар Ҷопон Холмуродов Х. бо якчанд донишгоҳҳои машҳури ин кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи Кейони шаҳри Йокогама, Васелаи шаҳри Токио, Нагояи шаҳри Нагоя, Киотои шаҳри Киото ва дигар марказҳои илмӣ ҳамкории зичи илмӣ барқарор намуда, то кунун ҳамчун профессори хориҷии донишгоҳҳои машҳури Ҷопон ба ҳисоб меравад. Мунтазам ба Ҷопон даъват мешавад, бо лексия ва дастовардҳои навини илмӣ дар назди олимону донишҷӯён бо забони ҷопонӣ баромадҳо мекунад.

Холмуродов Х. инчунин бо чанде аз донишгоҳҳои бузурги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир, Ҳиндустон ва Русия ҳамкории зичи илмӣ барқарор кардааст. Бо даъвати онҳо ба ин кишварҳо рафта, бо забони англисӣ лексияҳо хонда, суханрониҳо намудааст. Аз ин давлатҳо шогирдони зиёдеро роҳнамоӣ кардааст, ки онҳо бомуваффақият рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ кардаанд.

Номбурда аз моҳи декабри соли 2003 то соли 2014 сардори бахши ЛРБ ЧИПР, аз соли 2008 то имрӯз профессори кафедраи биофизикаи Донишгоҳи байналмилалии табиат, ҷомеа ва инсони “Дубна” мебошад. Аз моҳи июли соли 2014 то ба имрӯз профессори пешбари бахши оптикаи нейтронии NEO NIKS ONIR KS FLNP JINR мебошад.

Дар баробари ин ҳама Холмуродов Х. ба аспирантҳо ва донишҷӯён дар бахши “Тарроҳии компютерӣ-моделсозии молекулавӣ” лексияҳо мехонад, ба кори аспирантҳо роҳбарӣ менамояд. Аз ҷумла, ҳоло вай роҳбари илмии аспирантҳо Х. Элхан аз Ҳиндустон, И. Байгунов аз ФР ва Р. Раҳмонов аз Тоҷикистон аст. Дар умум таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисоли докторӣ дифоъ кардаанд.

Бо дархости роҳбарияти Вазорати маорифи ФР 10 соли охир ба донишҷӯёни факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Москва аз физикаи ҳастаӣ дарс додааст, дар назди олимони ҷавони соҳа оид ба физикаи муосир ва мавзуҳои технологияи навин ва назарияву пешниҳодҳои нав баромадҳои муфид мекунад.

Маҳсули меҳнатҳои шабонарӯзии профессор Холмирзо Тагайкулович 8 монография, зиёда аз 300 мақоллаҳои илмӣ дар соҳаҳои математика, химия ва физикаи муосир ва пешгӯиҳои илмӣ дар соҳаи физикаи ядроӣ мебошанд.

Профессор Х. Холмуродов тарбияи олимони ҷавони тоҷикро қарзи инсонии худ медонад, аз муваффақияти онҳо дар соҳаи илм шод мешавад, худаш, ки номбардору байрақбардори миллати тоҷик аст, орзу дорад, ки шогирдонаш дар ин раванд аз вай пеш гузаранд.

Масъалаҳои зиёде, ки профессор Холмуродов Х. Т. баррасӣ кардааст, ба сохторҳои моделсозии математикии динамикаи солитон дар моделҳои ғайриидеалии гази BoSe робита доранд. Вай солҳои охир бо назардошти таҷрибаи илмии бесобиқааш ба омӯзиши моделсозии математикии эффектҳои ғайрихаттӣ дар материяи конденсатшуда оғоз намуд.

Дар ин самт вай тавонист ҳолатҳои сатҳи моделсозии молекулавиро хуб таҳрир намояд. Ин кашфиёти профессор Холмуродов Х. Т. ба кашфиёти замонавии илмию амалии пешрави муосир ба соҳаи таҳқиқотии компютерӣ-моделсозии молекулавӣ-динамикӣ дар илмҳои физикаю химия, хусусан нанобиотехнологияи муосир замина гузошт.

Вохӯриҳо бо ҳамкурсон

Соле пештар 50-солагии ташкилёбии факултети физикаи ДМТ-ро бо тантана бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ қайд карда буданд. Дар байни даъватшудагон аксарияти онҳо ҳамкурсони мо — хатмкардагони соли 1980 буданд, чунки дар ҳақиқат аз байни ҳамкурсони мо 5 доктори илм, 28 номзади илмҳои физикаю математика, химия баромадаанд, 2 нафар академик ва 1 нафар аъзо — корреспонденти АИ ҶТ, 1 нафар аъзои АИ ФР, 1 нафар хизматчии ҳарбӣ бо рутбаи генерал-майор, 1 нафар дипломат, сафири ҶТ дар яке аз давлатҳои хориҷа, 1 нафар ҳофизи хизматнишондодаи ҶТ ва дигар ҳамкурсон низ муаллиму муҳандис ва дар дигар соҳаҳо барои кишвари азизи худ хизмати содиқона мекунанд.

Бо сабаби ҳимояи рисолаи илмии номзадии яке аз шогирдонаш Холмирзо Холмуродов ба ш. Душанбе омада буд. Бо ҳамин баҳона, раиси маҳфили ҳамкурсонамон Абдуфаттоҳ Юсуфов мо дӯстонро фавран ба тарабхона барои вохӯрӣ ва табрикоти Холмирзо Холмуродов даъват намуданд.

Дӯсти номбардори мо Холмирзо ба синни 65 қадам монда буд, мо ӯро ба оғӯш кашида, табрик намудем. Дар ҷодаи илм муваффақиятҳои нав, дар ҳаёти ояндааш саломатии бардавом, дар хонадонаш меҳру муҳаббат, дар Ватани азизамон бошад, Ваҳдатро то абад орзу намудем. Шабнишинии хотирмон, бо ба ёд овардани лаҳзаҳои ҷавонӣ, умеду орзуҳо гузашт. Меарзад, ки донишҷӯёну олимони ҷавони кишвар аз ҳамин гуна олимони номбардори миллат дарси ибрат бигиранд.

Раҷабалӣ МАҲМАДАЛИЕВ,

генерал-майор, собиқ муовини Фармондеҳи ҚС КДАМ ҶТ оид ба разведка

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *