Аз духтур то имом хатиби роғунӣ зиндонӣ шуданад
Суди шаҳри Душанбе 18 сокини аз 20 то 35-солаи деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғунро барои аз 3,5 то 10 сол равонаи зиндон кардааст.
Аксари маҳкумшудаҳо бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ- даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ равонаи зиндон гардиданд.
Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла Шуҳрат Фатҳиддинов, барои 10 сол, духтури деҳа Файзиддин Саидов ва Алишер Шамсиддинов барои 3,5-солӣ ҳабс гардиданд. Боқимондаҳо Акаев Афзалшоҳ, бародарон- Ғуломовҳо Муҳибулло, Маҳфизуллоҳ ва Қурбон, бародарон-Кенҷаевҳо Баҳрулло, Амруллоҳ ва Исмоил, Муродов Ибодуллоҳ, Одинаев Зуҳриддин, Раҷабов Раҷабмурод, Сатторов Баҳриддин, Кенҷаев Сайбурҳон, Шафиев Абдуматин, Ҳасанов Муборакшоҳ ва Холов Назрихуҷа аз 5 то 5,5 сол равонаи зиндон гардиданд.
Боздошти сокинони деҳаи Қалъаи нав аввалҳои моҳи март сурат гирифт. Мақомот онҳоро дар пайравӣ ба ҷараёнҳои ифротӣ муттаҳам медонанд. Миёни дастгиршудаҳо пизишк ва имом-хатиби масҷиди деҳа низ ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ