Аз Душанбе то Сеул. Консерти ройгон дар “Кохи Борбад”
Дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ барномаи фарҳангии ройгон доир мешавад.
Барои таҷлили сазовор аз ин рӯйдоди муҳим, дар баробари дигар чорабиниҳо, 26-уми апрел соати 18:00 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти анъанавии кореягӣ таҳти унвони «Аз Душанбе то Сеул» дар Кохи Борбад баргузор менамояд. Чиптаҳо дар Сафорати Кореяи Ҷанубӣ ба мухлисон ба таври ройгон тақсим карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамоиш мусиқӣ ва рақсҳои анъанавии кореягӣ пешниҳоди дӯстдорони олами зебои санъату ҳунар гардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27-уми апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ