Аз гиряи Фирӯза то «ишқи ашоиқи ашиқу ашақа»-и Ҷамшеди Ҳалим
Базми “Оила дар Имрӯз” ин шоми ҷумъа бисёр гарм ва гуворою хотирмон буд, зеро дар барнома якбора ду чеҳраи намоёни кишварамон, ҳаҷвнигори машҳур Ҷамшеди Ҳалим ва довталаби озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”, хонуми фариштарӯю андалебовоз, маликаи саҳнаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова иштирок доштанд.
Сароғоз ровиёни барнома бахши “Тақдир”-ро пешкаши шунавандагон гардониданд, ки дар бораи қисмати талхи як зани тоҷик нақл мекард. Муаллифи нома духтаре буд, ки волидонаш фирефтаи пулу моли дунёӣ гашта, ӯро ба як марди зану фарзанддор ба шавҳар додаанд. Пас аз соҳиби писар шудан шавҳари булҳавасаш аз ин зани бадбахт рӯй гардонида, таъкид кардааст, ки агар хоҳад, метавонад ба сифати каниз дар хона монда, хизмати зани якуми ӯро кунад, агар не, чор тарафаш қибла, ба куҷое, ки мехоҳад, рафтан гирад. Ин зани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда аз шунавандагони барномаи “Оила дар Имрӯз” маслиҳат мехост.
Бархе аз шунавандагон маслиҳат доданд, ки сабр кунад, зеро меваи сабр ширин аст, вале аксарият бар он андеша буданд, ки атои ин марди булҳавасро ба лиқояш бахшида, аз паси омӯзиши ягон касбу ҳунар шавад ва минбаъд зиндагиашро мустақилона ба пеш барад.
Бо шунидани сарнавишти талхи ин модари тоҷик дар чашмони меҳмони азизи барномаи “Оила” дар Имрӯз” Фирӯза Ҳафизова ашк ҳалқа зад, Ҷамшеди Ҳалим бошад, таъкид кард, ки дар ин дунё ягон гуноҳ бе ҷазо намемонад ва ин марди булҳавас вақте ба қадри оилаву зану фарзанд хоҳад расид, ки мисли зоғ танҳо мемонад.
Телефонҳои радиои “Имрӯз” тӯли ду соате, ки барномаи “Оила дар имрӯз” рӯйи мавҷи 107, 4 пахш мегашт, лаҳзае ором надоштанд. Шунавандагони сершумор ба Фирӯза Сатторӣ ва Худоёрӣ Валӣ барои ташкил кардани чунин барномаи ҷолиб изҳори миннатдорӣ намуда, ба саволҳои худ аз меҳмонони барнома посух мегирифтанд. Дар рафти барнома Фирӯза Ҳафизова иброз дошт, ки баъди сукути тӯлонӣ мехоҳад дар ҷодаи ҳунар инқилоб намояд ва рӯзи 3-юми декабр дар шаҳри Дубай консерти зиндаи худро барпо хоҳад кард. Вақте сухан дар боби озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” рафт, Фирӯза қайд кард, ки пештар вай аз озмун хабар надошт ва аз он ки мухлисонаш ӯро ба чунин як озмуни аҷиб пешбарӣ намудаанд, хурсанд аст. Фирӯзабону аз озмуни “Маликаи ҳунар” ёдовар шуда гуфт:
-Дар он озмун Шабнами Сурайё, ман ва Меҳрнигори Рустам ғолиб омада будем. Аз байн чандин сол гузашта бошад ҳам, то ҳол ман он озмунро фаромӯш накардаам, чунки дар сатҳи бисёр баланд баргузор гашта буд…
Ҷамшеди Ҳалим, ки чанде пеш дар озмуни “Ягона аз даҳгона”-и сомонаи “тоҷикистон таймс” ғолиб омада буд, қайд кард, ки ҷамъияти “Оила” бо ташкил кардани чунин озмунҳои шаффоф дар рушди фарҳангу ҳунари тоҷик саҳми босазои худро мегузорад.
Дар рафти барнома шунавандагон ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти меҳмонони барномаи “Оила дар Имрӯз” мароқ зоҳир намуданд. Фирӯза Ҳафизова иқрор шуд, ки қариб як сол боз бо шавҳараш зиндагӣ намекунад, Ҷамшеди Ҳалим бошад, қиссаи чӣ тавр ба хонаи падарарӯсаш хостгорӣ рафтанашро нақл карда, гуфт:
-Ишқи ҳақиқӣ одамро далер мекунад. Мард, агар занро дар ҳақиқат дӯст дорад, барои ба мақсад расидан то охир талош меварзад…
Фирӯза Сатторӣ ба Ҷамшеди Ҳалим пешниҳод намуд, ки минбаъд барои барномаи “Оила дар Имрӯз” варианти радиоии “Лаҳзаҳои гуворо”-ро ташкил намояд. Ҳаҷвнигори машҳур ин пешниҳодро бо хушӣ пазируфта, ваъда дод, ки дар ин бора андеша хоҳад кард.
Дар рафти барнома аз мушкилоти ҳунармандони тоҷик зимни сабти сурудҳо ва таҳияи филму барномаҳои ҳаҷвӣ низ сухан рафт.
Фирӯза Ҳафизова бо таронаҳои ошиқонааш базми “Оила дар Имрӯз”-ро гарм намуду Ҷамшеди Ҳалим бо ҳазлҳои намакинаш ба барнома тамъи нотакроре ато кард, ки дергоҳ аз ёди шунавандагон нахоҳад рафт.
Хонандагони азиз, шумо метавонед сабти видеоии ин барномаи ҷолиби радиоиро дар сомонаи “Тоҷикистон таймс” тамошо кунед.
Ёдрас мешавем, ки барномаи “Оила” дар Имрӯз” дар шоми ҷумъа аз соати 17.00 то 19.00 аз радиои “Имрӯз” рӯйи мавҷи 107, 4 ФМ садо медиҳад. Суол ё дархосте дошта бошед, метавонед мустақиман ба рақами 44-600 45-32 занг зада, ба саволҳои худ аз меҳмонони барнома ҷавоб бигиред.
Дар навбати худ ҳафтаномаи “Оила” бо унвони “Имрӯз дар оила” саҳифаи махсусеро боз намудааст, ки аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони радиои “Имрӯз” таҳия мешавад. Ба мо нависед, ки дар бораи ровиён ва барномаҳои радиои “Имрӯз” чиро донистан мехоҳед. Савол ва пешниҳодҳои шуморо тариқи телефонҳои 985-81-89-81 ва 238-52-52 интизорем!
Фирӯза Сатторӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ