Аз гиряи модар то маркази тестӣ

Идомаи гуфтугӯи мустақими телефонии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

-Мо – волидайни хонандагон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Чанд рӯз пеш ба ин мактаб директори нав омад. Пеш аз ӯ Замира Азизовна директор буд, ки ҳамагӣ 1 сол нашуда, ӯро аз вазифа гирифтанд. Фарзандони мо мегӯянд, ки Замира Азизовна муаллимаи сахтгиру серталаб ва кордон буд. Баъди директор шудани ӯ як бинои фарсудаи мактаб таъмир шуда, майдончаи варзишӣ сохта шуд. Дар синфхонаҳо ҳам камераҳои назоратӣ насб шуданд. Аммо чаро ӯро аз вазифаи директорӣ озод намуданд? Мегӯянд, ки ихтисоси директори нави ҳозира филологияи тоҷик аст. Дар соҳаи маориф ягон сол кор накардааст. Ин мактаб қариб, ки русӣ аст. Азбаски директори нав ба сардори Раёсати маорифи шаҳр наздикӣ доштааст, ба ин вазифа таъин кардааанд. Магар мешавад, ки бо роҳи шиносбозӣ соҳаи илму маорифи кишварро рушд дод? Ояндаи ин мактаб ва фарзандони мо чӣ мешавад? Роҳбар ҳам ба ояндаи инсон нақш дорад.

— Як дақиқа, — вазир бо телефони дастиаш ба куҷое  занг зад ва пурсид, ки сабаби иваз гаштани директори мактаби рақами 28-и ноҳияи Фирдавсӣ чист. Ва зиммнан чанд саволи дигар дар бораи кӣ будан, таҷрибаи корӣ ва ихтисоси директори собиқу нав пурсон шуд. Пас аз гирифтани посухи мукаммал тавассути телефони робита ӯ чунин посух дод:

— Директори пешини мактаб соҳиби ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ будааст. Ин ихтисос барои кор ба кӯдакистонҳо пешбинӣ шудааст. Ихтисоси директори нав омӯзгорист, соли 1995 дар мактаб, баъдан дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият кардааст. Мо гурӯҳи корӣ таъсис медиҳем, ин мавзуъро меомӯзем ва тавассути рӯзнома посух медиҳем.

Аммо як нуктаро мехоҳам таъкид ва ба ҳамагон дастрас созам. Қисме аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баъд аз нагузаштан аз атестатсия даст ба ҳамагуна бозиҳо мезананд, дар ин кор волидони хонандагонро ҳамчун восита истифода мекунанд. Директори мактабе ҳаст, ки Қонуни маориф чист ва кай қабул шудааст, намедонад.  Ё  ҳолати дигар: директор ихтисосманд нест ё  муаллими синфҳои ибтидоист ва дарс ҳам дорад. Директор дар як рӯз чанд маҷлис меравад. Пас, дар синфҳои ибтидоӣ ба ҷойи вай кӣ дарс медиҳад? Мо ин ҳамаро мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода истодаем. Дарси муаллими фанниро муаллими дигар метавонад иваз кунад, аммо дарси муаллими синфҳои ибтидоиро иваз карда намешавад.  Директоре, ки волидон дар борааш навиштаанд, ихтисосманд нест, аз аттестатсия нагузаштааст.  Журналист, агроном, иқтисодчӣ ва ғайраҳо наметавонанд омӯзгор ва ё директори мактаб бошанд. Бубинед, ман муаллими фалсафа ҳастам. Духтараке назди ман меояду мегӯяд, ки устод, мо дар як хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунем. Падару модарам аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Падарам дар як хона зиндагӣ мекунаду модарам дар хонаи дигар. Ман байни онҳо миёнарав ҳастам. Дарс хонда наметавонам, ба сарам чизе намедарояд, хонаи мо мусибат аст. Ман педагог —  психолог. Роҳи кумак расонидан ба духтарро медонам. Тасаввур кунед, муаллим педагог набошад, дар чунин ҳолат тарзи муносибат бо хонандаро надонад, чӣ хоҳад шуд? Оқибаташ ногувор аст. Педагогикаву психология ҳазор роҳу усул дорад, ки инро танҳо мутахассис мефаҳмад.

Дар робита ба ин як хонандаи сомонаи tajikistantimes.tj  суол додааст, ки чаро дар мактабҳои мо психологи касбӣ нест?

-Бисёр саволи баҷову бамавқеъ аст. Мо аллакай ихтисоси психологияи мактабиро ба нақшаи қабули мактабҳои олӣ ворид кардем. Аз ҳамин сол шуруъ карда, мо мутахассис тайёр мекунем ва солҳои наздик мактабҳои ҷумҳуриро бо равоншиноси касбӣ таъмин менамоем.

Ман аз шаҳри Панҷакент занг мезанам, номам Хайрулло, собиқ директори мактаб. Мактаби №73-и мо ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз дорад. Моҳи феврали соли 2016 раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои сохтани бинои иловагӣ барои 640 нафар хонанда санги асос гузошта,  ваъда карданд, ки моҳи сентябри соли 2017 сохтмони мактаб ба охир мерасад. Аммо сохтмони он то ҳол оғоз нашудааст. Лоақал дар ин мактаб синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд?

-Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ инсони кордон. Умед дорам, ки бо пайдо шудани имконияти молиявии вилоят сохтмони онро оғоз мекунанд.

Ҷангҷолҳои гурӯҳӣ миёни мактаббачаҳо дар соли гузашта зиёд буд ва ҳатто дар ноҳияи Сино ба марги мактаббача анҷом ёфту дар  ноҳияи Турсунзода мактаббачаҳо духтаракеро оташ заданд. Бисёриҳо сабаби инро дар оила мебинанд. Шумо ҳамчун вазири маориф ва илм чӣ назар доред?

-Яке аз сабабҳои ҷангҷол дар мактабҳои шаҳри Душанбе пайдо шудани «сарвар»-ҳои мактаб ё ба қавли худашон «шеф» ҳост. Инҳо асосан фарзандони оилаҳои носолим, мансабдорон, тоҷирон ва сарватмандон ҳастанд, ки дороӣ масташон кардааст. Қисме аз саркардаҳо бо ҷурми бенизомӣ баъд аз синфи 9 аз мактаб хориҷ шудаанд, бекоранд. То ба наздикӣ ана ҳамин «сарвар»-ҳо маҳбубҳову дӯстдоштаҳои директорҳои мактабҳо буданд. Бо мошинҳояшон ба онҳо хизматрасонӣ мекарданд. Мо ба наздикӣ бо вазири корҳои дохилӣ, муҳтарам Рамазон Раҳимзода бо падару модарони чунин афрод суҳбат доштем. Дар мактабҳо гӯшаи нозири минтақавӣ таъсис медиҳем, то дар сурати ягон ҳодиса сар задан сари вақт пешгирӣ карда шавад. Мо бар зидди чунин «сарварон» ва ҷинояткори дар байни мактаббачагон муборизаи беамон мебарем.

Ман ба шумо, муҳтарам вазири маориф ва илм ду суол дорам. Аввал, масъалаи таъмини муҳассилини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Зеро аз ҷониби волидон дар масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ шикоятҳо зиёданд. Дуввум, мо дар асри ХХI зиндагӣ мекунем, аммо ду писари ман мактаби миёнаро хатм карда, кор бо компютерро намедонанд. Таъмини мактабҳо бо компютерҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Агар писари ягон кас ба компютер таваҷҷуҳ надошта бошад, ин бадбахтии худи ҳамон нафар аст. Мо барномаи давлатии таъмини мактабҳоро бо компютер 115% иҷро кардем. Нарасидани китоби дарсӣ ба айби вазорати маориф ва илм нест, ин айби худи муассисаҳои таълимист. Мо борҳо мегӯем, ки нуфуси аҳолиамон бештар мешавад, сол аз сол теъдоди хонандагон меафзояд, бояд директорҳо омӯхта, дархост диҳанд. Директор наомӯхта, коҳилӣ карда, дархости дуруст намедиҳад. Ҳоло дар анбори вазорати маориф ва илм 1 800 000 китоб ҳаст. Ҳар ҳафта 150 — 200 ҳазор ворид мешавад ва ба ҳамин миқдор ба мактабҳо интиқол дода мешавад. Ду мошини «Дулан» ва як «Фура» системанок китоб мекашонад. Мо ҳамеша китобро 5-6 ҳазор зиёдтар чоп мекунем, то ки тоҷикони Қирғизистону Қазоқистон ҳам баҳраманд шаванд.

Дар Тоҷикистон чанд мактаб бояд азнавсозӣ шавад. Оё мо минтақаҳое дорем, ки ҳанӯз мактаб надошта бошанд?

 -Ҳаст, зеро деҳаҳои нав бунёд мешаванд ва ниёз ба мактаб доранд. Мактабҳои зиёде фарсуда шудаанд ва ниёз ба таъмир доранд. Бештар ин мушкилӣ дар вилояти Хатлон ҷой дорад.

Дар кӯчаҳо овоза ҳаст, ки шумо муовини Сарвазир оид ба идеология мешавед. Оё ин ҳақиқат дорад? Идеология бисёр душвор аст. Оё шумо аз уҳдаи он мебароед?

-Кӣ дар кадом самт, дар кадом вазифа ба миллати азизамон, ба давлати азизамон ва дар паҳлуи Пешвои миллат кор мекунад, ин аз иродаи Роҳбари ҳукумати ҷумҳуриамон вобастагӣ дорад. Мо ҳар дастуре, ки шуд, иҷро мекунем. Аммо сухани кӯча сухани кӯча аст, он аз воқеият дур аст ва ба ҳақиқат рост намеояд.

Бештари донишҷӯёни макотиби олӣ аз  баланд будани маблағи шартномаи таҳсил шикоят доранд. Имрӯз дар вазъияти буҳрони молиявӣ онҳо имкони пардохти маблағи таҳсилро надоранд. Оё Вазорати маориф ва илм ягон сабукӣ медиҳад?

-Дар муқоиса бо кишварҳои дигар бозори таҳсилоти мо бисёр арзон аст. Бинобар ин, барои арзон кардани маблағи таҳсил ҳеҷ заруратро намебинам.

Рост аст, ки аз соли нави таҳсил дарсҳо аз 1 август шуруъ мешаванд?

-Танҳо хонандагони синфҳои 1-ум аз 1-уми август қабул карда мешавад.  Ин барномаи пеш аз мактабие аст, ки тӯли як моҳ кӯдакро ба фазову муҳити мактаб ошно мекунад ва чизҳои хеле соддаро меомӯзанд.

Барои чӣ дар дигар давлатҳо бо дипломи Тоҷикистон ба кор қабул намекунанд? Аз  ҷумла дипломи банда, ки номам Бегим аст ва хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ мебошам дар шаҳри Остонаи Қазоқистон эътироф намешавад.

-Ин гап асос надорад ва аз беаҳамиятии соҳиби диплом аст. Бегим бояд ба шуъбаи нострификатсияи (баробарзишии) Вазорати маорифи Қазоқистон муроҷиат карда, дипломашро баробарарзиш кунад. Баъди ин ӯро дар он кишвар ба кор мегиранд.

Шумо тарбиядидаи мактбаи шӯравӣ ҳастед ва имрӯз то ба сатҳи вазир ва профессор расидед. Аз нигоҳи шумо, системаи таълими шӯравӣ беҳтар буд ё системаи имрӯзаи кредитӣ?

-Бо як ҷумла посух мегӯям: системаи имрӯза, ки системаи муосири таҳсил аст.

-Аксари вазифадорону вазирон  академик шуданд. Шумо кай академик мешавед?

-Ман даъвои академик шудан надорам. Академикӣ барои ман як қуллаи  ҳанӯз дастнорас аст, ба гумонам кулвори илмии ман барои расидан ба  он нокифоя мебошад.

Аз рӯйи баъзе маълумот 80%-и масҷидравон муаллимону хонандагони мактабҳо ҳастанд. Чӣ онҳоро ба чунин иқдом водор сохтааст?

-Агар аз лиҳози динӣ назар кунем, талаби илм фарз аст, намози ҷумъа суннат. Ҳар касе ба хотири иҷрои суннат тарки фарзро мекунад, ҳаволааш ба Худо!

Мегӯянд, ки шумо зардуштӣ ҳастед, оё ин дуруст аст?

-Ман ба оини зардуштӣ эҳтиром дорам, аммо ҳамди худо, ки мусалмонам. Бобову аҷдодам мусалмон буданд, ҳамсарам, фарзандонам, наберагон ҳамагӣ мусалмонанд. Мо мусалмони суннимазҳаби ҳанафӣ ҳастем, ҳанафии мовароуннаҳрием ва бо ин ифтихор мекунам.

Дар аксар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши омодагии дифои ҳарбӣ бо тарбияи ҷисмонӣ якҷоя мегузарад. Сабаби ин чист?

-Сабаб дар он аст, ки тарбияи ҷисмониву дифои ҳарбӣ бо ҳам наздикӣ доранд. Бинобар ин, дар куҷое, ки муллими ҳарбӣ намерасад, муаллими тарбияи ҷисмонӣ  дифои ҳарбиро ҳам дарс медиҳад ё баръакс.

Ба наздикӣ маркази таълимии «Мултикид» дар шаҳри Душанбе ярмаркаи тарғиби макотиби олии хориҷӣ баргузор намуд. Бо дахолати Вазорати маориф ва илм ин намоиш пароканда гашт ва фаъолияти ин марказ қатъ гардид. Сабаб чист?

-«Мултикид” пештар аз  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  литсензия барои омӯзиши забонҳо гирифта буд. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид кардем, ки муҳити дарсиатон ба талабот ҷавобгӯ нест. Чист муҳитӣ дарсӣ? Курсиҳои мувофиқ лозим, ки сутуммуҳраи кӯдак каҷ нашавад, рӯшноии зарурӣ лозим аст, то чашми кӯдак осеб набинад, метри квадратии масоҳат бояд ба маъёри муқарраршуда мувофиқ бошад ва ғайра. Баъди огоҳиҳо онҳо литсензияашонро оварда, ба мо супориданд,  дигар фаъолият намекунем гуфтанд. Ҷараёни қубули шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ҷараёни таълимӣ аст, озмун ташкил мекунад, ҳуҷҷат мегирад, барои ин бояд литсензияи алоҳида гирад. Гузашта аз ин, барои шаҳрвандонро ба хориҷи кишвар бурдан бояд аз Вазорати корҳои хориҷӣ низ бояд литсензия дошта бошад.  Ин гуна ашхос кам нестанд, ки ғайри қонунӣ фаъолият мекунанд. Порсол як шаҳрванд 22 нафарро ба хориҷа мебарам гуфта, 10 ҳазор доллар гирифтаасту ба  Чехия рафта, аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашид. Ҳозир ин 22 нафар дар кӯча монданд. Чунин ҳаннотон зиёданд. Мо бар онем, ки шаҳрвандони мо рафта буҷавӣ таҳсил кунанд. Чанде пеш  ярмаркаи макотиби олии Русия гузашт, ҳар як донишгоҳ аз 70 то 100  ҷойи буҷетӣ дорад. Мақсади мо, ин аст, ки қонунӣ кор кунанд, литсензия гиранд, аз фаъолияташон ба давлат андоз диҳанд ва мо донем, ки ҷавонони моро куҷо мебаранд. Ҳозир дар Ал- Аҳзар  донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд, дар Қум, дар Зоҳидон инчунин, аммо мо дар бораи таҳсилашон ягон маълумот надорем.

Вазорати маориф ва илм барои ба таълим фаро гирифани кӯдакони беҷойи зист — бомжҳо ягон чора меандешад?

-Албатта, мо чунин кӯдаконро ба интернатҳо ҷалб мекунем. Мувофиқи қонунҳои ҷорӣ мо ба интернатҳо се гурӯҳро қабул мекунем:  ятимони кулл, маъюбони гурӯҳи 1, 2, 3 ва  оилаҳои камбизоат.  Аммо ҳозир аз 12 ҳазор кӯдаки интернат тахминан 30%-и теъдоди умумии онҳо ба талаботи боло мутобиқанд, боқӣ 60%-ашон падару модарони фарзандбезоре ҳастанд,  ки худро камбағал гуфта, фарзандонашро ба он ҷо бурдаанд.

Мо дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ ду мактаби мусиқӣ дорем, яке ба номи Миратулло Атоев, дигар ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ. Аммо ин мактабҳо дар ҳолатҳои садамавӣ қарор доранду солҳо боз таъмир нашудаанд. Чаро?

-Муассиси мактабҳои мусиқӣ Вазорати фарҳанг аст. Мо фақат барномаи таълимаашро назорат мекунем.

Дар давлатҳои мутараққӣ барои синфҳои ибтидоӣ  санъати тасвирӣ ва суруд аз фанҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро ин дарсҳо тахаюлоти  кӯдакро бой мегардонад. Аммо дар мо ин дарсҳо -дарсҳои даҳумдараҷа ба ҳисоб мераваду ҳатто дар мактабҳо синфи мусиқӣ нест.

— Даҳумдараҷа нест, ин фанҳо хурофотзудоянда аст ва дар мадди  назари Вазорати маориф қарор дорад. Мо барномаи давлатӣ барои сохтани кабинетҳои мусиқи роҳандозӣ кардаем, ки фақат имзои Вазорати молия мондааст, то ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кунем. Ҳадафи асосии барнома ҳам таъмини мактабҳо бо омӯзгорони касбӣ ва асбобҳои мусиқӣ аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *