Аз гумроҳӣ то мазлумӣ. Шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ  гуна ба Сурия мераванд?

Ҳафтаи гузашта 146 шаҳрванди Тоҷикистон аз давлати ҷангзадаи Сурия ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар миёни онҳо бештар занонону кӯдаконанд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад, ба чанд саволи мо посух гуфт.

Суоли нахуст. Ин тасмими сафорат аз куҷо сарчашма мегирад?

— Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 25-уми июли соли 2022 марҳилаи якуми амалиёти баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз урдугоҳҳои ал-Ҳол ва Роҷи Ҷумҳурии Арабии Сурия, ки зери назорати Неруҳои демократии Сурия (курдҳо) мебошад, бо муваффақият амалӣ гардид. Ҳамин тариқ, 146 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 104 нафар кӯдакону наврасони аз 2 то 18-сола ва 42 зан тавассути парвози чартерии мустақим аз Cурия ба Ватан баргардонида шуданд.

— Гуфтушунидҳо пештар буданд? Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шуда буд?

— Боиси зикр аст, ки баъд аз гуфтушунидҳои тӯлонии ҳайати гуруҳи корӣ зери роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ва доираҳои дахлдори ин кишвар масъалаи баргардонидани шаҳрвандон ба Ватан ҳалли худро ёфт.

Вобаста ба татбиқи ин рисолати муҳим Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандони тоҷик аз Сурия ба Ватан тартиб дода шуда, он аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида буд.

— Чуноне маълум аст, ин минтақаҳо зери тобеияти курдҳо ҳастанд. Онҳо монеа нашуданд?

— Бале, ин лагерҳо дар минтақаи курднишинанд. Не, баръакс, курдҳо хеле дастгирӣ ва кумак карданд, то ин кӯдакони бегуноҳ ва занони мазлуму гумроҳшуда ба Ватан баргарданд.

Воқеан, ин занҳо чӣ гуна ба ин майдони ҷанг афтодаанд?

— Баъзеашон тавассути муҳоҷирати корӣ аз Русия бо роҳи ба даст овардани маблағ ба он ҷо бурда шудаанд. Ҳатто намедонанд, ки чӣ гуна ба он ҷо афтодаанд. Чеҳраашон ғамгин, нигоҳҳои пурумед аст, сахт пушаймон шудаанд. Ягона умедашон Пешвои миллати тоҷикон аст. Ҳар касе ба он ҷо раваду ин ҳолати зорро бинад, то як моҳ ба худ омада наметавонад, як даҳшат аст он ҷо.

Оё боз шаҳрвандони тоҷик дар Сурияву Ироқ ҳастанд? Чӣ нақшаҳо ҳаст?

— Бале ҳастанд, аммо миқдорашон ба касе маълум нест. Яъне, оморе нест. Вале гуруҳи корӣ ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз урдугоҳҳои ал-Ҳол ва Роҷи Сурия ба Ватан марҳилаи навбатиро дар наздиктарин фурсат оғоз менамояд.

Саъдӣ Маҳдӣ, махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *