Аз хатар то муҳоҷират. Гуфтугӯи Юсуф Раҳмон бо Игор Краснов бо чӣ анҷом ёфт?
Прокурори генералии Русия Игор Краснов бо ҳамтои тоҷикаш ЮсуФ Раҳмон дар Душанбе аз хатарҳои марбут ба муҳоҷират, фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон, Украина ва ҲНИТ (созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон) ҳушдор додааст.
Игор Краснов зимни мулоқот бо Юсуф Раҳмон дар Душанбе изҳор доштааст, ки мавқеи ҷониби Тоҷикистонро ба назар гирифта, ҷамъоварии мавод дар мавриди ҲНИТ*-ро ба анҷом расондаанд.
«Назари шумо дар мавриди зарурати террористӣ эълон шудани бархе созмонҳо дар Русияро ба назар гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дархости дахлдор имзо ва ба додгоҳ ирсол гардид», — изҳор доштаст ӯ.
Вай ҳамчунин таъкид намудааст, ки хатарҳо дар вазъи феълӣ кам нашуда, балки шиддат гирифтаанд. Аз ҷумла зикр намудааст, вазъи муҳоҷират ҳамоно мубрам боқӣ мемонад.
Фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ дар минтақаҳои марзии Афғонистонро додситони кулли Русия аз таҳдидҳои дигар ном бурдаст.
Краснов илова намудаст, ки вазъият дар Украина низ таҳдидҳои бештарро барои Русия ва Тоҷикистон эҷод кардааст. Аз ҷумла, хатари иштироки зархаридон аз кишварҳои ИДМ дар амалиёти ҷангӣ, паҳншавии силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро ном бурдаст.
Ӯ муҳим хонд, ки шеваҳои ҷадиди ҳамкорӣ барои боло бурдани самаранокии ҳамкорӣ дар баробари ин таҳдидҳо роҳандозӣ гарданд.
Барои таҳкими ҳамкорӣ прокурорҳои Тоҷикистону Русия барномаи санадҳои дахдорро имзо намудаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ