Аз хирашавии чашм то ношунавоӣ

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар дунё беш аз 5 миллион нафар аз беҳаракатӣ вафот мекунанд. Илова бар ин, ҳар рӯз дар як ҷо нишаста кор кардан ва ҳаёти бидуни машқҳои ҷисмонӣ сабаби пайдоиши бемориҳои гуногун мешавад. Яке аз онҳо остеохондрози гардан мебошад.

Ин беморӣ имрӯз ба яке аз касалиҳои маъмултарин табдил ёфтааст.

Остеохондрози гардан асосан дар одамони аз 35-сола боло мушоҳида мешавад. Гардан қисми серҳаракати сутунмуҳра буда, рагҳои асаб ва артерияи сутунмуҳра аз он мегузарад. Вазифаи он бо хун таъмин кардани рагҳои хунгузар мебошад. Агар аз остеохондроз раги сутунмуҳра фишурда шавад, дар бемор ишемияи миён ва майна мушоҳида шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, ба ин беморӣ беэътибор шудан хатарнок аст.

Ғайр аз ин, дар шахси гирифтори остеохондрози гардан дарди шадид ва бардавоми сар, чарх задани сар, хирашавии биниш, дарди ангуштон, нооромии дил, суст шудани шунавоӣ, карахтии забон, заифӣ, тангии нафас, тағйир ёфтани фишори хун барин аломатҳо мушоҳида мешавад. Ин аломатҳо аз осеби рагҳои хун шаҳодат медиҳанд. Дар шароити хона табобат кардани ин беморӣ ба оқибатҳои бад мерасонад. Аз ин рӯ, барои бартараф кардани он ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Ҳар чӣ қадаре, ки беморӣ саривақт ошкор шавад, бемор ҳамон қадар тез ва осон сиҳат мегардад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *