Аз хонасозон чӣ фоида?
Соҳибкории хонасозӣ, махсусан хонаҳои баландошёна дар шаҳрҳо пеш аз ҳама бояд барои некӯаҳволии мардум равона шуда бошад, вале тавре мебинем, он танҳо барои фоида ба даст овардан ва ба зиёни сокинони маҳаллӣ равона шудааст. Аз хонасозӣ ба мардуми маҳали иқомат ҳич фоидае нест.
Хонасозӣ пеш аз ҳама бояд соҳибкории иҷтимоӣ бошад, ки мардуми бесарпаноҳу иҷоранишин тавонанд бо нархи дастрас соҳиби хона шаванд.
Назди биноҳои маҳаллаҳо, ки замин барои сохтмони хонаҳои баландошёна ҷудо карда мешавад, бояд обод гардад — шуруъ аз чароғонкунӣ то асфалтпӯшкунии роҳҳо.
Таҷрибае, ки дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон барои ин кор пиёда мешавад, боиси таҳсин аст.
Бино ба нақли соҳибкорони ин кишвар, ба соҳибкоре, ки барои сохтмони хонаҳои баландошёна замин ҷудо мешавад, сараввал пеш аз иҷозати корҳои сохтмониро ба даст овардан мебояд 10 километр роҳҳои дохилии маҳаллиро асфалтпӯш намояд.
Ин таҷрибаи наҷибу омӯзанда боиси обод гардидани роҳҳои маҳаллии сокинон дар ин кишвар мешавад.
Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд тақрибан сохтмони 200 бинои баландошёна идома дорад. Агар ҳадди ақал ба масофаи 100-метрӣ роҳҳои миёни биноҳоро асфалтпӯш мекарданд, чӣ қадар роҳҳои маҳаллаҳо ободу зебо мешуд…
Алишер ТОЛИБ, шаҳри Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ