Аз хонатаконӣ то бахткушоӣ. Наврӯзро дар ҷаҳон чӣ тавр таҷлил мекунанд?
Пас аз он ки соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас иҷлосияи 71-уми Ассамблеяи Генералӣ соли 2010 санаи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд, ин ҷашни ниёгони мо дар мамлакатҳои гуногуни олам бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Наврӯзи Тоҷикистон бо маросимҳои хос, дастархони идона, ҳафт «Син»-у ҳафт «Шин»-и наврӯзӣ, гулгардонӣ, оташпарак, гулхан афрӯхта дар гирди он сурудхонӣ… ва дигар расму оинҳо бароямон ошност. Дар ин матлаб сайри кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мекунем ва мебинем, ки ин ҷашнро чӣ тавр таҷлил мекунанд.
Эрон
Мардуми ин сарзамин дар рӯзи иди Наврӯз аз хонаҳояшон баромада, ба дашту саҳро мераванд, то ин ки бадиҳоро аз худашон дур кунанд. Эрониҳо хони Наврӯзиро бо ҳафт «Син» оро дода, интизори соли нав мешаванд. Дар ин рӯз калонсолон ба хурдон туҳфаҳо медиҳанд ва хурдон дар ин рӯз ба аёдати бузургон мераванд. Эрониён низ пеш аз таҷлили иди Наврӯз расми «Хонатаконӣ»-ро ба ҷо меоранд. Онҳо ақида доранд, ки нафаре, ки хонаашро тоза накард, руҳу арвоҳи гузаштагонаш ношод мегардад ва аз хонадони ӯ баракат дур мешавад. Рӯзи чоршанбеи охири Наврӯз «Чоршанбеи сурӣ» ном дорад. Дар ин рӯз оташ афрӯхта, аз болои он мепаранд ва ин амалро шод кардани руҳи гузаштагони худ маънидод мекунанд. Рӯзи баъди онро «Рӯзи мурдагон» номидаанд, зеро дар ин рӯз ҳама ба сӯйи оромгоҳ мераванд ва ба арвоҳи гузаштагони худ дуо мехонанд. Ғизои асосии иди Наврӯз — суманакро аз мағозаҳо харидорӣ мекунанд.
Афғонистон
Дар қаламрави Афғонистон низ Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Дар вилояти Балхи Афғонистон иди Наврӯз чиҳил рӯз ҷашн гирифта мешавад. Онҳо нахуст дар ҳарами Ҳазрати Алӣ ҷамъ омада, барои сазовор истиқбол намудани иди Наврӯз парчами бузурге меафрозанд ва дар гирди он хурсандӣ мекунанд. Чун баҳор фасли зиндашавии табиат аст, ин рӯзро «Иди гули сурх» низ меноманд. Дар баробари таҷлили иди Наврӯз, ба он нафароне, ки дар арафаи ин рӯзи фархунда издивоҷ намудаанд, туҳфаҳо тақдим карда мешавад. Баъди чиҳил рӯз, замоне ки таҷлили иди Наврӯз ба анҷом мерасад, парчами Наврӯзиро фароварда, дар порчаи зар мепечонанд ва то соли дигар нигоҳ медоранд.
Туркманистон
Дар Туркманистон ин иди аҷдодиро «Наврӯз байрам» ном мебаранд ва нахустин рӯзи Наврӯз Рӯзи зан қабул шудааст. Мардуми туркман дар иди Наврӯз базм ороста, рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд. Онҳо рақси «Ханҷар»-ро ҳамчун рақси миллӣ хоси Наврӯз мешуморанд ва онро дар таҷлили ин иди фархунда бо маҳорати баланд иҷро мекунанд.
Қазоқистон
Аҳолии Қазоқистон санаи 22-юми март баҳри сазовор таҷлил намудани Наврӯз ба кӯча баромада, ин идро бо хусусиятҳои ба худ хос таҷлил менамоянд. Баҳри истиқболи Наврӯз суманак пухта, дар ҳафт зарф, ки ранги сафед доранд, гирифта, ба мардум тақсим мекунанд. Базм ороста, шодӣ мекунанд. Дар баробари базм, боз мусобиқаи аспдавонӣ сурат мегирад, ки саворагон сиккаҳои тиллоиро бо тири пайкон ба нишон мегиранд. Мардуми қазоқ дар арафаи иди Наврӯз зарфҳои куҳнаро мешикананд, либоси нави идона ба бар ва ба якдигар гул ҳадя мекунанд. Ҳамчун рамзи рӯшноӣ дар девори хонаҳояшон расмҳо мекашанд, ки шабеҳи офтоб аст.
Ӯзбекистон
Мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи ӯзбек Наврӯзро ҷашни дӯстии миллатҳо меноманд. Дар шаҳрҳои тоҷикнишини Самарқанду Бухоро шаби чаҳоршанбеи Наврӯз гулхан афрӯхта мешавад ва он шабро «Шаби оташафрӯз» меноманд. Дар ин шаб мардум дар гирди оташ сурудхонӣ мекунанд. Яке аз оинҳои дигари мардуми Самарқанду Бухоро — ин қулфкушоӣ мебошад, ки бо номи «Кушоиши қулфи бахт» дар миёни аҳолии ин сарзамин маъруф аст. Мувофиқи суннати ин оини аҷдодӣ, дӯшизагон қулф дар даст ба кӯча баромада, аз роҳгузарон хоҳиш мекунанд, ки онро кушоянд ва агар аввалин нафаре, ки онро боз мекунад, ҷавони муҷаррад бошад, пас он фоли нек ҳисобида мешавад. Мардуми ӯзбек ин рӯзро бо ширинии Наврӯзӣ — суманак истиқбол мегиранд.
Қирғизистон
Наврӯзро дар пойтахти кишвар ҳукуматдорон ва дар деҳа аҳолии деҳа бо пешниҳоди пирони солхӯрда таҷлил менамоянд. Дар рӯзи Наврӯз мардуми қирғиз бозиҳои варзишӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва адабиро роҳандозӣ мекунанд. Ҷавонон дар деҳот ба аспдавонӣ машғул мешаванд. Дар шаҳрҳои Бишкек, Ҷалолобод, Ош ва Талас бозори фурӯши маҳсулот доир мегардад. Занон бошанд, дар ин рӯз таомҳои Наврӯзӣ пухта, ба наздикону дӯстони худ ҳамчун ғизои идона тақдим мекунанд.
Озарбойҷон
Дар Озарбойҷон Наврӯз се рӯз (аз 20 то 23) таҷлил мегардад. Озариҳо бовар ба он доранд, ки ҳар касе дар рӯзи Наврӯз хайру сахоро пешаи худ қарор намедиҳад, аз саодати рӯзгор маҳрум хоҳад монд. Яке аз суннатҳои мардуми Озарбойҷон — ин овехтани кулоҳ дар тирезаи хона бо мақсади дарёфти ҳадя мебошад. Яке аз вижагиҳои дигари ин ҷашн оростани базм ва шодӣ намудан аст. Мувофиқи бовари мардум, офтоб рамзи баҳор ва Наврӯз аст.
Покистон
Рӯзи аввали Наврӯзро мардуми ин сарзамин «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани Наврӯз олам мунаввар мегардад. Баъзе аз аҳолии Покистон Наврӯзро ҳамчун ҷашни динӣ пазируфтаанд ва онро бо ояту дуо пешвоз мегиранд.
Дар Покистон ҳангоми фарорасии иди Наврӯз шаби шеъру суруд ва рақс баргузор мегардад. Наврӯз дар миёни мардум «Ҷашни гули сурх» ва дар тақвими расмӣ «Иди Наврӯз» номида мешавад. Дар рӯи хони идона гузоштани Қуръон, оина, шамъ, гул, сабзавот ва парчам рамзи ин сарзамин буда, ба номи Ҳазрати Алӣ ғизо ва ширинӣ (суманак) хайр мекунанд. Аёдати хешу табор, зиёрати оромгоҳ ва дидор бо дӯстон аз суннатҳои ҳатмии ин кишвар мебошад.
Арабистон
Дар кишварҳои арабнишин, бахусус Ироқу Сурия иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳфили савту наво барпо мегардад. Дар ин кишварҳо Наврӯз бо номи «Найрӯз» ва «Раббиъ» яъне «Баҳор» мегузарад. Натанҳо мардуми Ироқу Сурия, балки курдҳои муқимии Арабистон низ ин рӯзро ҷашн мегиранд. Наврӯзи курдҳо шабеҳи Наврӯзи эрониҳост.
Зиёвиддин БӮРИЕВ, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ