Аз интернет то телефон. 5 одате, ки умри инсонро кӯтоҳ мекунанд

Пизишки амрикоӣ Кэти Белфи панҷ одати бади ҳаррӯзаи инсонро ном бурд, ки ба саломатӣ ва давомнокии умри инсон таъсири манфӣ доранд.

1. Интернет. — Дастрасии ҳамешагӣ ба ҷустуҷӯи онлайнӣ инсонро қариб пурра аз фикр кардан боздошт,- қайд мекунад Белфи. Муайян шудаааст, ки чунин одат инсонро танбал мекунад ва фикрронии таҳлилиро дар ӯ коҳиш медиҳад. Ба гуфти коршинос, ин қобилияти кунҷковии табиии инсонро суст мекунад ва пеши роҳи раванди фикрронии мустақилонаро мегирад. Ин сабаби он мешавад, ки инсон дигар қобилияти мустақилона ва сари вақт қабул кардани қарорро аз даст медиҳад.

2. Сари вақт истеъмол накардани ғизо. Пизишки ғизошинос Кейт-Томас Айуб маслиҳат медиҳад, ки бояд наҳорӣ кард ва шомгоҳон он қадар зиёд нахӯрд, чун меъда шаб ба ҷои истироҳат кардан бояд ғизои истеъмолкардаи шуморо ҳазм кунад ва босуръат кор кунад.

Ин сифати хобро паст мекунад ва ҳангоми бедор шудан, инсон худро хаста эҳсос мекунад. Сарфи назар кардани саҳархӯрӣ ва истеъмоли хӯроки серғизо пеш аз хоб ба фарбеҳшавӣ ва баланд шудани сатҳи қанд дар хун боис мешавад.

3. Истеъмоли ками мева ва сабзавот. Истеъмоли мева ва сабзавот ҳар рӯз ба миқдори муайян бисёр зарур аст. Онҳо аз витамин ва минералҳо бой ҳастанд. Истеъмоли ками мева ва сабзавот метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.

4. Тамошои телевизион. Равоншиносон мегӯянд, ки аксари мардум аз бекорӣ ба тамошои ахбори бад мепардозанд ва ба таъсири манфии он нигоҳ накрада, наметавонанд чунин одаташонро бас кунанд. Таҳлилгарон тамошои ахбори бадро боиси депрессия ва нороҳатӣ, ҳамчунин саломатии бади равонӣ медонанд.

5. Хоб кардан дар назди телефон. Ин яке аз одатҳои бадтарин ва хатарноктарин аст. Коршиносон мегӯянд, ки телефон аз худ нури ултрабунафш хориҷ мекунад, ки саломатии инсонро барҳам мезанад. Чунин одат инсонро ба бехобӣ ва беҳолӣ гирифтор мекунад. Пизишкон маслиҳат медиҳанд, ки барои ҳифзи саломатии худ бояд ним соат пеш аз хоб аз истифодаи телефон даст кашид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *