Аз истеҳсоли равған то коркарди пахта. Имзои 8 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон
Байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахшҳои тиҷорат, маъдан ва кишоварзӣ 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзои санадҳо 20 май дар ҳошияи Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Боку баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи давлати сармоягузории Тоҷикистон хабар доданд, дар форум байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Талко»-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азералюмин»-и Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи савдои мутақобила ба имзо расид.
Илова бар ин, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи фурӯши равғани пахта ва табодули таҷриба дар соҳаи истеҳсоли нассоҷӣ, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии Заррин» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи пахтакорӣ, коркарди пахтаи хом ва истеҳсоли нассоҷӣ, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи пахтакорӣ, аз ҷумла коркарди тухмии пахта, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи амалиёти содироту воридот, байни ширкатҳои «Боллуг» (Тоҷикистон) ва «Ганҷ 2000» (Озарбойҷон) оид ба ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, байни ширкати «Оби Файзобод» (Тоҷикистон) ва ширкати «Universal Trade» (Озарбойҷон) созишномаҳо ба имзо расиданд.
Гуфта мешавад, ки форум бо мақсади рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон, таҳкими шарикии тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак гузаронида шудааст.
Дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Озарбойҷон, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои марбут ба кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва саноати коркард иштирок намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ