Аз кай боз омори воридоту содирот дар Хатлон маълумоти махфӣ шуд?

Як нишондоди муҳиме, ки аз рӯи он вазъи иқтисодиёт муайян карда мешавад, ҳаҷми содироту воридот аст.

Минтақаи Хатлони ҷумҳурӣ дар ҳамсарҳадии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон қарор дорад. Додугирифти байни давлатҳо, дар баробари барометри иқтисодӣ будан, муайянкунандаи муносибати байни давлатҳост. Як муддат содироту воридот аз роҳи Афғонистон ба иртиботи табаддулоти дар Афғонистон суратгирифта маҳдуд гашта буд. Баъдан ба андозае ба эътидол омад. Бисёре аз соҳибкорон, онҳое, ки қаблан тавассути Афғонистон бо Покистон, Эрон, Туркия иртибот доштанд, мепурсанд, ки ҳоло додугирифт тавассути гузаргоҳи Панҷи Поён, Кокул ва ғайра чӣ гуна аст?

Хабарнигори Pressa.tj барои ҳамсуҳбат шудан бо масъулини гумрук, маълумот дастрас кардан ва пешкаш намудан ба хонандагон ба сӯи Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон роҳ пеш гирифт. Аммо, мутаассифона, дарҳои ин сохторро ба рӯи матбуот баста дарёфт.

Чун саволи хонанда посух мехост, бори дуввум ба Раёсат рафтам. Дар қисми навбатдорӣ гуфтанд, ки “барои ин ба шуъбаи кадр муроҷиат кунам”. Вале дар шуъбаҳои дигар гуфтанд, ки “мо маълумот надорем ва шумо бояд ба дигар шуъба муроҷиат кунед”.

Дар дохили бино бо яке аз муовинони сардори Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон (аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард) вохӯрдам. Ман худро ҳамчун намояндаи Pressa.tj муаррифӣ кардам. Ӯ гуфт, ки “роҳбар нест, роҳбар ба саволҳои шумо ҷавоб дода метавонад”.

Ман ҳайрон шудам, ки аз куҷо роҳбар вақт меёбад, ки ҳама одамонро қабул кунаду ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳад? Билхоса, ки тасдиқи рафтуомади мошинҳо, гардиши мол сирри давлатӣ нест. Вале, мутаассифона, дар музофот ҳама масъалаҳо ба шахси аввали маҳал иртибот мегиранд ва ҳеҷ касе бе иҷозати онҳо на ба савол ҷавоб медиҳад ва на қабул мекунад. Ман борҳо бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шудам.

“Як дари бастаю сад дари кушода” гуфтаму барои гирифтани маълумот ба Агентии омор муроҷиат кардам. Қурбон Ҳакимзода, сардори идораи мазкур гуфт, ки “шумо маълумоти воридоту содироти молу маҳсулотро бояд аз Раёсати гумрук дастрас кунед. Мо иҷозати ба каси дигар додани маълумоти гумрукиро надорем”.

Ман бо дасти холӣ, бе пайдо кардани ҷавоб ба савол аз ин даргоҳ ҳам берун шудам. Акнун намедонам, ки ба кӣ муроҷиат кунам. Шояд ба ин саволи ман сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода ва сардори Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон Эраҷ Ҳалимзода посух мегӯянд?

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *