Аз каратэ ба аспдавонӣ. Руҳи бешикасти варзишгардухтари тоҷик
Соҳиба Азизоваро бисёриҳо ба Гурдофарид монанд мекунанд, зеро ӯ чун қаҳрамони “Шоҳнома” асп медавонад. Ӯ яке аз он варзишгардухтаронест, ки дар намудҳои гуногуни варзиш қувваозмоӣ карда, дар сабқатҳои сатҳи байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро бардоштааст.
Нишони заррини face to face
Соҳиба Азизова дар мусобиқаи лигаи ҳунарҳои размии Русия “Рӯ ба рӯ”, яъне “face to face”, ки санаи 8-уми октябр дар шаҳри Москва аз намудҳои варзиши грэплинг ва муҳорибаҳои омехта баргузор шуд, ширкат карда, дар вазни то 57 кг аз намуди муҳорибаҳои омехта нишони заррини мусобиқаро соҳиб шуд.
Ӯ дар суҳбат ба мо гуфт: “Дар ин мусобиқа ҳарифи ман аз Қирғизистон буд. Се маротиба мо ба муҳориба баромадем, вале ҳисоб мусовӣ буд. Танҳо дар дафъаи чорум, дар муҳорибаи охирин ман ғолиб омадам”.
Ин ягона муваффақияти варзишгардухтари тоҷик нест. Соҳиба дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, парчами Тоҷикистонро борҳо боло бардоштааст.
Ҳавас ба варзиш
Соҳиба зодаи шаҳри Душанбе аст. Мактаби миёна ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 2020 ба инҷониб ҳамроҳи оилааш дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад.
Ӯ аз хурдсолӣ ба варзиш ҳавас дошт, бар замми ин, волидайнаш низ мехостанд, ки Соҳиба дар навъи каратэ машқ кунад. “Аввалҳо он қадар зиёд тамрин намекардам, танҳо ба хотири падару модарам ба машқ мерафтаму тамом. Баъдтар ҳавасам ба варзиш зиёд шуд. Аз телевизион вақте медидам, ки варзишгардухтарон дар мусобиқаҳо ширкат мекунанд, ҳаваси ман зиёдтар мегашт”,- мегӯяд Соҳиба.
Имрӯзҳо низ ӯ фориғ аз дарсҳо ва кор ба тамрин машғул аст.
Ягона духтар миёни ҷавонон
Аҷиб он аст, ки ӯ ба намудҳои гуногуни варзиш ҳавас дорад.
Соҳиба дар чандин мусобиқаҳои аспдавонии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб гаштааст. Дар ин маврид мегӯяд: “Замони дар мактаб хонданам барои сабти як филми ҳуҷаттӣ маро ба пойгоҳи аспдавонӣ оварданд. Аз ҳамон вақт ба аспдавонӣ майл пайдо кардам. Баъд аз анҷоми сабт ба назди тренер Каримҷон Саидов рафтам ва ӯ маро ба шогирдӣ қабул кард. Зиёд тамрин мекардам. Дар миёни гуруҳи ҷавонон дар пойгоҳи аспсаворӣ ягона духтар будам. Чандин маротиба аз асп афтодаам, вале даст накашидам”,- ба ёд меорад ӯ.
Соҳиба аваллин маротиба дар мусобиқаи аспдавонӣ ширкат карданашро чунин ба ёд меорад: ”Моҳи март буд, ҷашни Наврӯз. Ман аввалин маротиба дар мусобиқаи аспдавонӣ ширкат кардам. Ҳама дар ҳайрат буданд. Худам дар ҳаяҷон. Сазоворӣ ҷойи аввал гаштам”.
Соҳиба Азизова дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ оид ба аспдавонӣ ширкат карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудааст. Ҳоло ӯ дар муҳорибаҳои омехта қувваозмоӣ мекунад ва ба дастовардҳо ноил мегардад.
Мо ба ин гурдофариддухтари тоҷик барор мехоҳем!
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ