Аз Корея то Амрико. Муҳоҷирони тоҷик фаротар аз Русия кор меҷӯянд
Чандест, ки муҳоҷирони тоҷик фаротар аз Русия кор меҷӯянд ва бо пайдо шудани имконият ба Аврупо, Амрико ё Корея мераванд.
Муҳоҷират дар Корея
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар мутахассисони соҳаи кишоварзиро рӯзи 10-уми октябр ба Корея барои кор фиристодааст. Дар ин бора сомонаи расмии вазорат иттилоъ медиҳад.
“Дар асоси шартномаи баимзорасида байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Хампёнги музофоти Ҷоланамдои Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани корҳои мавсимӣ тибқи дархости корфармо 22 нафар мутахассисони соҳаи кишоварзӣ баъд аз гузаштани марҳилаи омодагии пеш аз сафар дар МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми октябри соли 2022, тавассути шаҳри Тошканд ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ парвоз намуданд”,- навиштааст сомонаи ин вазорат.
Таъкид гардидааст, ки дар умум 78 нафар номнавис шуда, мувофиқи талаботи корфармои кореягӣ 58 нафар соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея шудаанд. Дар марҳилаи аввал 22 нафар шаҳрвандон рӯзи 10-уми октябр ва баъдан, 36 нафар рӯзи 16-уми октябр тавассути хатсайри Тошканд — Сеул ба Ҷумҳурии Корея ба кор мераванд.
Моҳи июли имсол Душанбе ва Сэул ба тавофуқ расиданд, ки муҳоҷирини кории тоҷикро ба Кореяи Ҷанубӣ сафарбар намоянд.
Ахиран дар мулоқот Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Квон Донг Сок, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон зимни арзёбии ин мавзуъ ба ин натиҷа расиданд, ки то балад шудани муҳоҷирини кории тоҷик ба забони куриёӣ онҳоро метавон ба кор дар корхонаву ширкатҳои куриёӣ дар қаламрави кишварҳои дигар эъзом кунанд, аз ҷумла шаҳри Санкт-Петербурги Русия.
Ширин Амонзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки тамоми заминаҳои расмиву ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам шудааст ва танҳо мушкиле, ки дар миён аст, донистани забон аст.
Фарух Ахмедов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки солҳои охир дар Корея қарор дорад, мегӯяд, ки кор дар ин кишвар бамаротиб беҳтар аз Русия аст. “Ҳам дар муносибат, ҳам дар сатҳи маошу зиндагӣ Корея садҳо маротиба беҳтар аз Русия аст. Фақат дар ин ҷо ба муҳоҷирони тоҷик визаи дарозмуддати корӣ намедиҳанд. Ин мушкил бояд дар сатҳи давлатӣ ҳал шавад”,- мегӯяд ӯ.
Роҳи ИМА низ боз шуд
Як хонаводаи тоҷик бори аввал раводиди муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сафорати ин кишвар дар Душанбе дарёфт кард. Сафорат рӯзи 7-уми октябр бо нашри ин хабар навишт, ки минбаъд тамоми виза ё раводиди муҳоҷират ба ин кишвар аз Душанбе дода мешавад. Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводид ба Алмаатои Қазоқистон мерафтанд.
Сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри акси ин хонаводаи тоҷик ба онҳо сафари хубу зиндагии навро дар Амрико хостааст. Аммо Сафорат номи ин хонаводаро эълон накардааст.
Мавсими якмоҳаи озмуни дарёфти ҳақи муҳоҷират ба Амрико, ки ҳамчун озмуни лотореяи “Грин-корт” маъруф аст, рӯзи 5-уми октябр шуруъ шуд. ИМА ҳар сол барои 55 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳақи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад. Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд.
Фаротар аз Русия
Иршод Музаффаров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи 5 соли охир дар ИМА кору фаъолият мекунад, мегӯяд, тоҷикон мехоҳанд фаротар аз Русия кор пайдо кунанд. “Ман дар ИМА бо муҳоҷирон сарукор дорам. Муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд, ки бештар берун аз Русия кор пайдо кунанд. Зеро дигар Русия барои кор кишвари устувор ва боваринок нест. Фақат барои кор дар Аврупову Амрико ё Туркияву Корея мутахассис ва забондон бояд буд”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Соли равон як гуруҳ муҳоҷирони тоҷик ба Британия Кабир фиристода шуданд, ки асосан ба корҳои деҳқонӣ ҷалб шуданд. Коршиносони муҳоҷират мегӯянд, ки надонистани забон ва надоштани касб монеъи муҳоҷирати тоҷикон ба Аврупову Амрико аст.
О. СОҲИБЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ