Аз коркарди пахта то истеҳсоли равған. Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон чӣ натиҷа дод?

Тоҷикистону Озарбойҷон талош доранд, ки ҳамкориро дар самтҳои муҳим, аз қабили истихроҷи маъдан, коркарди пахта, истеҳсоли равған ба роҳ монанд. Дар доираи форуми соҳибкории ду кишвар, ки 20-уми май дар шаҳри Боку баргузор гардид, 8 санад ба имзо расидааст.

$700 миллион бастаи созишномаҳо

Гуфта мешавад, ки ин форум бо мақсади рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, таҳкими шарикии тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак гузаронида шуд. Дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Озарбойҷон, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои марбут ба кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва саноати коркард иштирок намуданд. Аз ҷумла, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар намояндаҳои блоки иқтисодии кишвар дар ин форум ҳузур доштанд. 

Бино ба итилои Вазорати саноат, дар форум байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Талко»-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азералюмин»-и  Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи савдои мутақобила ба имзо расид. Илова бар ин, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи фурӯши равғани пахта ва табодули таҷриба дар соҳаи истеҳсоли нассоҷӣ, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии Заррин» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи пахтакорӣ, коркарди пахтаи хом ва истеҳсоли нассоҷӣ, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи пахтакорӣ, аз ҷумла коркарди тухмии пахта, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи амалиёти содироту воридот, байни ширкатҳои «Боллуг» (Тоҷикистон) ва «Ганҷ 2000» (Озарбойҷон) оид ба ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, байни ширкати «Оби Файзобод» (Тоҷикистон) ва ширкати «Universal Trade» (Озарбойҷон) созишномаҳо ба имзо расиданд.

Тавре маълумот пайдо кардем, бастаи созишномаҳо 700 миллион долларро фаро мегирад.

Шералӣ Кабир ва Микаил Ҷабборов чӣ гуфтанд?

Микаил Ҷабборов, вазири иқтисоди Озарбойҷон дар ҳамоиши соҳибкорон таъкид кардааст, ки иродаи сиёсии сарони давлатҳо ва равобити дӯстона дар густариши равобити ҳамаҷониба нақши муҳим дорад. “Кишварҳои мо ҳам дар чаҳорчӯби дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ мекунанд”,- иброз доштааст ӯ.

Бино ба маълумоти расида, дар моҳҳои январ-апрели соли 2024 гардиши мол байни Тоҷикистону Озарбойҷон 78% афзоиш ёфтааст.  Вазири иқтисоди Озарбойҷон ба ин бовар аст, ки барои афзун гардонидани ин нишондиҳанда имкониятҳои калон мавҷуданд. Махсусан, барои татбиқи лоиҳаҳои якҷоя дар соҳаҳои саноат, металлургия, маъдани кӯҳӣ имконият зиёд аст.

Шералӣ Кабир бо Микаил Ҷабборов

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон баргузории чунин форуму чорабиниҳоро бо иштироки сохторҳои соҳибкорӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои муассир миёни доираҳои соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон ва Озарбойҷон имкони афзоиши гардиши молро доранд.

Шералӣ Кабир гуфт, ки «Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо Озарбойҷон дар бахшҳои гуногун манфиатдор аст. Мо ба ширкатҳои озарбойҷонӣ лоиҳаҳоро барои татбиқ пешниҳод мекунем ва умедворем, ки дар натиҷаи бизнес-форум тавофуқ ҳосил мешавад».

$6 миллион гардиши тиҷорат

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон, гардиши тиҷорат миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар соли 2023 ба 6 миллиону 127 ҳазор доллар расидааст, ки нисбат ба соли 2022 (5 миллиону 949 ҳазор доллар) 2,98 дарсад бештар аст.

Ҳоло ҷониби Тоҷикистон ва Озарбойҷон талош доранд, ки ҳаҷми гардиши тиҷоратро бештар намоянд.     

Коршиноси умури иқтисодӣ Аброр Мирсаидов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон барномаи саноатикунонии босуръат идома дорад ва Озарбойҷон, ки дар ин самт таҷрибаи бой дорад, таъсиси корхонаҳои  муштарак ба манфиати ҷонибҳост.

“Инфрасохтори Озарбойҷону Тоҷикистон ба ҳам монандӣ дорад. Дар истихроҷи маъдан, рушди соҳаи кишоварзӣ, энергетика ду кишвар метавонанд лоиҳаҳои муҳимро тадбиқ кунанд. Аз нигоҳи фарҳангу адабиёт  низ ду кишвар наздикӣ доранд”,- гуфт Аброр Мирсаидов.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон моҳи майи соли 1992 барқарор шуданд. 22-юми марти соли 2007 Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе ва 23-юми марти соли 2008 Тоҷикистон сафоратхонаи худро дар шаҳри Боку боз карданд.

То имрӯз байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон беш аз 60 санади дуҷониба ба имзо расидаанд. Яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16-уми марти соли 2007 ба ҳисоб меравад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *