Аз лағви раводид то пешниҳоди рӯйихати ҷинояткорон дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Меҳмет Сағлам

Дар Чин Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва муовини вазири корҳои дохилии Туркия масъалаи лағви раводид байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандони кишварро, ки дар пайгарди ҷиноятӣ қарор доранду дар Туркия иқомат мекунанд, ба Меҳмет Сағлам, муовини вазири корҳои дохилии Туркия супоридааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон,  вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Меҳмет Сағлам 9-уми сентябри соли равон дар ҳошияи Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Чин доир гардид.

“Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм,  киберҷиноятҳо, шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, вусъат бахшидани мурофиаи истирдоди ҷинояткорон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва лағви раводид мавриди баррасӣ қарор доданд”, — иттилоъ медиҳад ВКД.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *