Аз мазорпарастӣ то бегонапарастӣ (аудио)
Бегонапарастон бо ниқоби дину мазҳаб дар тӯли таърих ҳаргиз имкон надода буданд, ки ҳатто як шахсияти миллии мо, ки дар роҳи ҳифзи Ватан кушта шудааст, соҳибмазор шавад.
Як бор аҳамият диҳед, ҳамаи соҳибмазорон шахсиятҳои динианд.
Чаро чунин шудааст? Чунки чунин кардаанд!
Кӣ кардааст? Ҷонибдорони идеологияи динӣ!
Магар мардуми мо қаҳрамон надошт? Ҳадди ақал, магар дар вақти ҷанг бо муғулон ҳеҷ кас муқовимат накард ва кушта нашуд? Чаро онҳо мазор надоранд? Барои он ки тарафдорони идеологияи миллӣ ва таблиғгарони ғояи ватанпарастӣ ҳанӯз дарк накардаанд, ки мазор ҳам як инструменти идеологӣ аст.
Бубинед, ки барои як шахсияти динӣ дар чандин ҷо мазор сохтаанд ва ба воситаи ин мазорҳо, ки ҳазорҳо зиёраткунанда доранд, ҳамарӯза идеологияи динию мазҳабиро дар мағзи мардум ҷо мекунанд. Баъд мо ҳайрон мешавем, ки чаро ҷаҳонбинии мардуми мо илмию дунявӣ нест.
Рӯзноманигори муҳтарам, шумо ғояи ватанпарастиро таблиғ кунед, на идеологияи диниро, зеро он бе шумо ҳам ҳазорон ҳазор мубаллиғ дорад. Шарт нест, ки рӯзноманигорҳо ҳам ба он ҷабҳа пайванданд.
Хуршеди АЛӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ