“Аз миллион яке” ба мардум чӣ паём медиҳад?

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” нишасти матбуотии филми «Один на миллион» (Аз миллион яке), ки аз саргузашти соҳибкор ва муаллими бизнес Саидмурод Давлатов қисса мекунад, доир гашт.

Дар нишасти мазкур қаҳрамони филм Саидмурод Давлатов, коргардон Муҳиддини Музаффар, иқрокунандагони нақшҳои асосӣ Кароматулло Қурбонов ва Юнус Ҳоҷиев ширкат доштанд.

Муҳиддини Музаффар дар аввали нишаст гуфт:

«Ҳадафи ман аз таҳияи ин филм таъриф кардани як нафар набуду нест, балки нишон додани як тоҷики муваффақ ва синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буду ҳаст. Ҳоло баъзе овозаҳо аст, ки соҳибкори тоҷик дар бораи худ филм гирфтааст, вале бовар кунед, ин филм аз Саидмурод  Давлатов дида, барои синамои тоҷик муҳим аст».

Филм аз рӯзгори фарзанди даҳуми чӯпоне аз як деҳаи дурдасти Тоҷикистон қисса мекунад, ки ҳоло мултимиллионер аст. Паёми филм ба бинанда ин аст, ки инсон ҳеҷ гоҳ набояд аз мушкилоти зиндагӣ афсурда ва ноумед шавад, балки бо ҷаҳду талош мушкилотро ҳал карда, бо ҳадафҳои худ дар зиндагӣ бирасад.

Гуфта мешавад, ки аз соли 2017 кори филми мазкур оғоз шуда, 105 рӯз дар Осиё, Аврупо ва Амрико бо иштироки ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва Русия наворбардорӣ шудааст.

Имрӯз, 15 октябр нахустнамоиши филм дар Корхи Суруш баргузор мегардад ва дар назар аст, ки аз 16 то 30 октябр дар толорҳои синамо ва қасрҳои фарҳанги шаҳру навоҳии кишвар намоиш дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *