Аз модари гирифтори ВНМО кӯдаки солим ба дунё меояд, агар…

Дилшод Сайбурҳонов, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар шаҳри Душанбе ба саволи иштирокчиёни семинар — “Агар зани гирифтори ВНМО ҳомила бошад, тифли ӯ солим ба дунё меояд ё бемор?” посух дод.

“Аз модари бемори ВНМО кӯдаки солим ба дунё меояд, ба шарте, ки модар то таваллуд ва тифл баъди таваллуд табобатҳои даркориро пурра ва саривақт бигиранд. Зеро, агар модари тифл гирифтори ВНМО бошаду сарбории вирусиаш баланд (аз 10 то 50 000 ва ҳатто 1 миллион), вале бо ин вуҷуд ба табобат ҷалб нашуда бошад, хавфи сироятёбии кӯдак то 40% аст. Аммо, мутассифона, бештари мардуми мо ин раванди таваллуд ва табобатро нодуруст фаҳмида, мегӯянд модар, ки бемор аст, тифли солим ба дунё оварда наметавонад, ки ин хато аст. Мо зани ҳомила ва ҳам навзодро аз ташхисҳои зарурӣ мегузаронем, ба табобатҳои лозима фаро мегирем, ки он вақти муайянро талаб мекунад. Масалан, вақте аз зан  вирусро дарёфт мекунем ва дар давраи ҳомиладорӣ табобати зиддивирусӣ мегирад, хавфи сироят кам мешавад. Мутаассифона, хатар боқӣ мемонад, вале дар ҳадди минималӣ. Дар масъалаи тавлиди тифли модараш гирифтори ВНМО бошад, маврид ба қайд аст, ки имрӯз тибқи талаботҳои протоколи клиникии амалкунанда, нафарони вирусдошта аз рӯи 13 схема ба табобат фаро гирифта мешаванд. Инчунин, навзод баъд аз таваллуд 28 рӯз тавассути дорувориҳо таҳти назорат гирифт мешавад, дар муддати 1,6 моҳ чор маротиба аз ташхиси зарурӣ мегузарад ва ҳамчун шахси солим ба қайд гирифта мешавад”,- гуфт ӯ.

Роҳҳои гузариш кадомҳоянд?

Дигар саволи муҳиме, ки дар семинар аз ҷониби иштирокчиён дода шуд, “Роҳҳои гузариш кадом аст?” буд. Дар посухи ин пурсиш Сайбурҳонов афзуд, ки се роҳи гузариш вуҷуд дорад:

1. Тамос бо хун (ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳо, хунгузаронӣ, таҷҳизоти тиббии тамизношуда.)

2. Алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифодаи рифола).

3. Аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ).

Хушбахтона ҳоло чунин намуди ташхисгузаронӣ вуҷуд дорад:

1. Тести оҷилӣ.

2. Анализи имуноферментӣ.

3. Имунаблот (муайян  кардани  РНК  вирус), ки барои саривақт дарёфт ва ба таббобат ҷалб кардани беморон мусоидат мекунад.

Нишонаҳои гирифтор шудан ба ВНМО чӣ гуна аст?

Дар посухи саволи “Нишонаҳои гирифтор шудан ба ВНМО чӣ гуна аст?”Сайбурҳонов афзуд:

Якум. Марҳилаи ноаёнӣ, ки аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад. Шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати то 3 ё 6 моҳ мавҷуд будани вирус дар хун ҳангоми ташхиси лабараторӣ муайян карда намешавад.

Дуюм. Давраи инкубатсионӣ, ки аз 2 то 10 сол бе ягон аломати клиникӣ давом меёбад, то пайдоиши Бемории пайдошудаи норасоии масуният БПНМ (СПИД) бемории пайдошудаи норасоии масуният. 

Сеюм. Марҳилаи охирини сирояти ВНМО — ин Бемории пайдошудаи норасоӣ мебошад, ки метавонад бо гузашти аз 2 -15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф ёбад. Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.

Сайбурҳонов гуфт, ки мардуми мо аксаран роҳи гузариши ин навъи вирусро ҳамагӣ як роҳ — алоқаи ҷинсӣ медонанд, ки ин нодурст аст ва сабаби доғгузорӣ ба гирифторони ВНМО ҳам маҳз ҳамин ақидаи хато шуда метавонад. Мардум вақте дар бораи худи беморӣ, роҳҳои гузариш, роҳҳои пеширӣ ва  табобат маълумоти дуруст ва бештар пайдо мекунанд, баъзе фикрҳои нодуруст, нигоҳу муносибатҳои бад ва ноҷо нисбати ин гуна беморон аз байн меравад.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *