Аз мошин набароед,ки 50 сомонӣ медиҳед!

Тибқи қонуни нави ҳаракат дар роҳ, ронанда дар сурати манъ кардани мошинаш аз ҷониби нозири роҳ ҳақ надорад аз мошин берун барояд.

Дар сурати берун шудани ронанда ӯро 50 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Дар ҳоле, ки муқаррароти мазкур дар гузашта ҳам амал мекард ва бархе ронандаҳо дар Душанбе ба ин қоида риоя мекарданд, аксари дигарҳо мисли гузаштаҳо баъди баланд шудани чӯби нозири роҳ мошинро манъ карда ба наздаш мерафтанд. Ҳамакнун парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки барои дар амал татбиқ шудани ин муқаррарот бояд ронандаҳои вайронкунандаи қоида муҷозот шаванд, то ки аз ин одат даст кашанд.Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран барои таъмини фазои ҳуқуқӣ дар муомилаи миёни ронанда ва нозирони роҳ, ки солҳои тӯлонӣ ба мавзӯи доғе дар ҷомеа табдил шудааст, барои ронандаҳое, ки ба пешвози нозири роҳ аз мошин берун мешаванд, муҷозот тайин карданд. Дар Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, ки тарҳи нави қоидаи ҳаракат дар роҳҳо охири моҳи гузашта ба тасвиб расида, мутобиқсозии қонунҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалиро ҳадаф дорад. Ҳамакнун тибқи қоидаҳои нав ронандаҳое, ки аз мошин берун баромада, ба сӯи нозири роҳ мераванд, тибқи қисми дувуми моддаи 333 қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 25 то 50 сомонӣ ҷарима мешаванд. Гузашта аз ин, тибқи қонуни нави ҳаракат дар роҳ ронандаҳои мошинҳои мусофирбар зимни ҳаракат дар роҳ ҳақ надоранд бо мусофирон сӯҳбат кунанд ё сигору нос бикашанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *