Аз муаллимӣ дар марказ то омӯзгорӣ дар Инстаграм

Хушбахтона, сафи онҳое, ки ба фаъолияти блогерӣ машғул ҳастанду ба ин восита ба ҷомеа хизмат мекунанд, меафзояд. Ҳоло дар фазои маҷозӣ, махсусан, Инстаграм блогерони зиёд фаъоланд, ки тавассути саҳифаҳои омӯзишиашон таваҷҷуҳи ҷомеаро ба зобономӯзӣ ва ҷиҳатҳои мусбати забондонӣ ҷалб мекунанд. Яке аз чунин блогерон Суҳроб Ниёзов мебошад, ки ҳамчун донандаи забони англисӣ дар Инстаграм фаъол аст ва калимаву ибораҳои зарурии забони англисиро ба обуначиёнаш тариқи навор ройгон меомӯзонад.

Суҳроб Ниёзовро ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 62 ҳазор кас пайгирӣ мекунанд. Ӯ монанди дигар муаллим-блогерон барои забондонии корбарони фазои маҷозӣ мусоидат мекунад. Дар ҳоли ҳозир наворҳояш ҳазорҳо бинанда дошта, бовар аст, ки аз саҳифаи омӯзишиаш мардум фоидае ба даст меоранд.

Мо дар доираи гӯшаи “То машҳур шудан” бо Суҳроб Ниёзов суҳбати кӯтоҳ доштем ва ӯ ба мо нақл кард, ки пеш аз машҳур шудан ба чӣ корҳо машғул буду чӣ гуна зиндагӣ дошт.

— Пеш аз муаллимӣ ба тиҷорати хурд машғул будам. Ҳамчунин, таҳсил мекардам ва аз сабаби на он қадар хуб будани шароити зиндагӣ, пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд забондониамро ба сатҳи хуб барорам ва дар ин соҳа муваффақ гардам. Ҳамин тавр, забони англисиро омӯхтам ва соли 2012 муаллим шудам. Бо кӯшишу заҳмати зиёд соли 2015 маркази омӯзишиамро бо номи “DLC — Dushanbe language centre” таъсис додам. Солҳо гузаштанд ва бо рушди шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифтам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол гардам ва то қадри тавоноӣ ба мардум хизмат намоям. Соли 2022 бо дастгирии Саъдӣ Тоирзода, муаллими забони англисӣ ва блогер кори блогериро оғоз кардам. Шукри Худо, ҳам ба орзуҳоям расидам ва ҳам ба касоне, ки забони англисӣ омӯхтан мехоҳанд, кумак мекунам.

Суҳроб Ниёзов дар суҳбат афзуд, ки дар баробари наворҳои омӯзишии таҳиякардааш дар Инстаграм, барои забономӯзон як курси онлайнӣ бо номи “Easy English” омода кардааст. Курси мазкур имкон медиҳад, ки хоҳишмандон омӯзиши забони англисиро аз сифр оғоз карда, то дараҷаи дуюми ин забон омӯзанд.

Махсусияти курси онлайнӣ дар он аст, ки дилхоҳ кас аз тамоми дунё метавонад онро дастрас кунад ва забони англисиро омӯзад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *