Аз музокирот чиро интизор бояд шуд?
Ба ҳайати озимшуда намояндагони Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати мудофиа ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи президент шомил шуданд.
Барои музокирот як ҳайати Русия бо мақомоти Украина вориди Гомели Белорус шуд. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин ҳайат намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи президент шомиланд.
Дар ҳоли ҳозир Маскав омадани мақомоти Украинаро интизор аст. «Мо омода ҳастем, ки ин музокиротро дар Гомел оғоз кунем»,- гуфтааст Песков.
Дар навбати худ, Вазорати корҳои хориҷии Белорус қайд кардааст, ки Минск тамоми чизи заруриро барои мулоқоти ҳайатҳо омода карда, ҳалли масъалаҳои протоколиро таъмин намудааст.
Қаблан маълум шуд, ки Киев ба далели шароити худ аз музокира бо Маскав худдорӣ кардааст. Дар натиҷа, амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия дар Украина идома ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24-уми феврал ба амалиёти безарарсозии Украина шуруъ кард. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як паёми телевизионӣ гуфт, ки вазъ «аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд».
Роҳбари ба гуфтаи Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвар хостааст, ки фармонҳои ҷиноии Киевро иҷро накунанд, силоҳҳои худро гузошта, ба хонаҳояшон раванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки Неруҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарба назадаанд.
Вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони украинӣ «ҳеҷ гуна муқовимат нишон намедиҳанд», дар бархе маворид низомиён таслим мешаванд ва пас аз он имкони бозгашт ба назди хонаводаҳои худ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ