Аз ҲНИТ  хориҷ шудам

 Мегӯяд шоир Хушдили Абдуғаффор

 Пас аз чопи мақолаи мақолаи Дилсӯзи Зарафшонӣ -«Узви Иттифоқ байрақи ДИИШ-ро парафшон дидан мехоҳад» ,(«Тоҷикистон» №50, 14.12.2016)  шоир Хушдили Абдулғафур дар қатори нӯҳ нафари дигар аз узвияти Иттифоқи нависандагон ронда гашт. Ин муродиф афтод ё давоми маъракаи ба истилоҳ поксозии Иттифоқ аст, шояд муҳим набошад. Муҳим он ки оташ, ки афтод тар ҳам месӯзаду хушк ҳам. Шояд то имрӯз ҳудуши камтар ё бештар аз дусад нафар аз Иттифоқ ронда шуда бошанд. Ба истилоҳи Фирдавсӣ онҳо дусад марди ҷангӣ буданд ё лашкари пароканда вақт собит хоҳад сохт. Барои шоиру нависандаи асил узви иттифоқе будан муҳим нест. Рӯдакию Мавлавӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Пушкину Ҳёте… узви Иттифоқе чун Иттифоқи нависандагони ҳадафноки сохтори сталинӣ набуданд. Ҳар сохтор чорчӯбаест. Худро дохили чорчӯба сохтан, гирифтори  қафас шудан аст, ки соҳибқаламони асил онро намепазиранд. Онҳо барои фарҳанг, миллат, адабиёт, сарзамину пойдории мулкашон месӯзанду месозанд. Вале воқеият он аст, ки моҷарои нависандаронӣ ё «нависанда»-ронӣдар Иттифоқ як ихтилофе, нофаҳмие, тафриқае миёни аҳли эҷод барангехтааст. Намунаи он посухи Хушдили Абдуғаффор ва даҳҳо мақолаҳои дигаре ҳаст, ки ба идораи «Тоҷикистон» ворид гаштаанд. Роҳи ҳалли ин мушкилот ва ба ҳам овардани аҳли эҷод вуҷуд дорад. Яке аз онҳо баёни ошкорои воқеият, ҳақиқат аст, ки Пешвои миллаи мо онро ҳамеша талқин мекунанд. «Тоҷикистон»минбаре дорад бо номи «Гуфтугӯи мустақими телефонӣ», ки тавассути он вазирон, масъулин, аҳли адабу фарҳанг мустақим ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.«Тоҷикистон» омода аст ин минбарро дар ихтиёри раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим гузорад. Ҳар рӯзу ҳар соате хоста буд. Билхоса, ки Низом Қосим замоне бо «Тоҷикистон»ҳамкорӣ дошт, ки ин боиси ифтихори ҳам рӯзнома асту гумон мекунем, ҳам ӯ.

  Бо каме ранҷиш ба адибон дарафтодани Дилсӯзи Зарафшонӣ одат ва услуби маъмулии вай аст. Дилсӯзи Зарафшонӣҳамон Исмоил Зарифист, ки бо андак озурдагии хотир дар соли 2013   аз минбари ҳамин рӯзнома ба сарвари бахши суғдии ИН Аҳмадҷони Раҳматзод ва Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад  Ниёзӣ дарафтода, зери борони таънаву маломат гирифта буд.

   Ибтидо аз Дилсӯзи Зарафшонӣ мепурсем, ки маҷмӯаҳои  ашъори банда дар

 соли 1999 ба чоп расидаанд  ва ин ӯ  то кунун дар куҷо буд, то иллату нуқсонҳои эҷоди моро нишон диҳад ва бандаро ба роҳи дуруст раҳнамун созад?  Ин  «мунаққиди навбаромад», агар бидуни кинаву ҳасад камбудию нуқсони ашъори маро нишон медод, сазовори аҳсан мебуд.

Ба диққати Дилсӯзи (дилсиёҳ) Зарафшонӣ мерасонам, ки падарам маро Хушдил ном гузоштааст. ӯ марди китобдӯсте буд ва  ашъори Хоҷаи Шерозро  бештар меписандид. Баъди валодати ман падарам девони Хоҷа Ҳофизро мекушояд  ва барои интихоби ном  ғазалеро дучор меояд, ки матлааш ин аст:

Навбаҳор аст, дар он кӯш, ки хушдил бошӣ,

Ки басе гул бидамад бозу ту дар гил бошӣ.

 Падарам  ба банда Хушдил ном мегузорад. Валодати ман бо доягии пиразане, ки Бону ном доштааст, ба вуқӯъ пайвастааст. Вай аз падарам хостааст, ки кӯдак Норқул номгузорӣ карда шавад. Дар ҳуҷҷатҳо ҳамин ном сабт мешавад. Ман охирҳои соли 1996 ба Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат карда, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ номи аслии худро дарҷ намудам.  Сабаби нороҳатии «мунаққид»-ро аз иваз кардани ному насаби худ нафаҳмидам.

Андешаҳои муғризона ва бадбинонаи ин шахс ба ҳаддест, ки ҳатто бародарамро дар ҳайати кормандони давлатӣ дида наметавонад. Бидуни далеле ба бародарам туҳмат мезанад, ки гӯё  бо хости вай ба узвияти (на бо ифодаи мавсуф «аъзогӣ») ИН Тоҷикистон қабул шудаам (Барои чунин туҳмат Дилсӯзи Зарафшонӣ бояд дар мақомоти судӣ мавриди муҳокима ва муҷозот қарор дода шавад!). Бо ин гуна баёноти  муғризона ӯ фаъолияти муназзам ва шаффофи ташкилоти бонуфузи чун Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро зери суол қарор медиҳад. Бояд бигӯям, ки  аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва пазируфта шудани банда ба узвияти ИН Тоҷикистон 9 сол сипарӣ гардида буд. Ман бо тавсияи Бахши суғдии ИН Тоҷикистон , баъди муҳокимаи маҷмӯаҳои ашъорам ва    фаро расидани навбат дар охирҳои соли 2012 ба узвияти ИН Тоҷикистонқабул гардидам.

Ҳамчунин, маълум бод, ки ҳамон сол бо тавсияи сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Зарафшон» устод Луқмонҷон Қурбонов ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Панҷакент соҳиби нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидам.

Зарафшонӣ бо кадом сабаб аз силсилаи «Бодрези Шоҳнома» шеъри «Мунозираи Сиёвуш бо Гарсеваз» иқтибос оварда, бидуни риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ анбӯҳи аломатҳои саволро гузоштааст, ки  шояд худаш сарфаҳм наравад.   Дар интихоби мавзӯъ ва санъатҳои бадеӣ эҷодкор соҳибихтиёр аст. Вай барои ифодаи афкори худ аз санъатҳои бадеии қабили ташбеҳ, истиора, киноя, маҷоз, таҷнис, тавсиф ва ғайра истифода мебарад. Мазмуни шеъри «Пурсиш», ки мавриди назари ӯқарор ёфтааст, маҳсули эҷодии солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар мебошад ва вайро бештар калимаи «сатр» ошуфта сохтааст. Калимаи сатр арабист, маънои асосии он пӯшиш, либос мебошад. Дар ин ҷо сатр киноя аз покдоманӣ ва иффати занон аст. Пӯшида нест, ки солҳои нахустини соҳибистиқлолии Ватанамон аксарияти мардуми кишварамон дар фақр ва нодорӣ зиндагӣ мекарданд. Ин падида  як қисми занонро ба бероҳагардӣ расонда буд ва ин ҷонибро нигарон месохт. Иллати ба назираи банда ба байти шоири афғон Абдулаҳмади Адо дарафтодани Зарафшонӣ ба ман маълум нашуд.  Назираи адибони мамлакат ба тариқи озмун дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуда, дар қатори онон назираи банда низ ҷой дошт. Дар он сабқат устоди шодравон Лоиқ Шерали ғолибият ба даст оварда буд. Аз он назира  Зарафшонӣ ду байтро иқтибос оварда, ҳукм баровардааст, ки эҷодкор «дар назирагӯйӣ ҳеҷ муваффақ нашудааст».  Ин ифода ишора ба ҳадиси  Паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки  забонҳои арабӣ ва форсии дариро забони аҳли  биҳишт номидааст. Агар ин матлаб ба фаҳми кунди «мунаққид» мерасид, шояд дар паси ифода аломати савол намегузошт.  Дар ду рубоии якуми иқтибоскардааш Зарафшонӣ    калимаи «кӯҳӣ»-ро  нодуруст, яъне , «ғасб намудан» маънидод мекунад. Маънои калимаи кӯҳӣ мансуб ба кӯҳ аст, ҳамчунин онро ёбоӣ ва даштӣ маънидод кардаанд. Дар забони мардум бодоми кӯҳӣ, ревоҷи кӯҳӣ, одами кӯҳӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Ин ҷо «кӯҳӣ шудан» ба маънои дар кӯҳ маскан гирифтан омадааст.Дар рубоии дуюм беҳуда дар ду ҷо аломати савол гузошта, дар мисраи охирини он калимаи «шуд»-ро шояд саҳван бошад, нанавиштааст.  Рубоии мавриди назар дар охирҳои даврони шӯравӣ эҷод гардидааст. Дар он замон магар кам масҷид ва зиёратгоҳҳо ба вайрона табдил дода шуданд? Магар  он замон миллати тоҷик дар вартаи нобудӣ қарор надошт? Оё забони модарии мо  дар мақоми арзандаи худ қарор дошт? Оё оммаҳои мардум аз «Қуръон» хабар доштанд?  Магар миллат аз асолатҳои миллӣ ва маънавии хеш дур нагардида буд? Нохудогоҳ Зарафшонӣ вожаи «ҳарам»-ро ҳаром тавзеҳ дода, «ҳаромкардашуда» маънидод менамояд, ки иштибоҳи навбатии ӯст . Калимаи ҳарам дар луғатҳо дорои чандин маъниҳост ва дар рубоӣ ба маънии ҷойи муқаддас ва зиёратгоҳ омадааст. Маънии калимаи ҳаром нораво, ношоиста, манъ кардашуда ва ғайра мебошад, на чуноне, ки мухотаби мо тавзеҳ додааст. Масҷиди Макка бошад, аксаран Байтулҳаром унвон мешавад.

Агар даъвоҳои «мунаққиди муҳтарам» муғризона намешуданд ва дар паси онҳо пиёда кардани мақсадҳои нопокаш намебуданд, ба таърихи нашри маҷмӯаҳои номбурда-«Забони хома», «Ангора» сареҳтар менигарист. Хазафпораи даъвогар дар тавзеҳи ду дубайтии охири матлабаш низ ба ҷуз иштибоҳ чизи дигаре нест. Зеро онҳо ҳафтдаҳ сол пеш эҷод шуда, ҳоло мазмуни худро гум кардаанд. Гурӯҳаки ДИИШ се-чор сол пеш аз зуҳури хеш дарак дод ва мундариҷаи дубайтии 17 сол пеш рӯйи сафҳаи коғаз омадаро ба ДИИШ рабт додан камоли бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ ва як навъ ҳаросафканист.  Мухотабамон бо ҳаросафкании худ аз сурудаҳои солҳои пеш ба ғазаб меояд ва «мӯйҳои баданаш рост мехезанд», ки аз фитнаи Даҷҷоли ДИИШ бештар мардумро ба воҳима меандозад.   Дар даврони фаъолияти ҲНИТ, ки ҳизби парлумонӣ буд, аҳзоби гуногуни қабили ҲХДТ, ҳизби коммунистӣ, ҳизби демократӣ ва ҳоказо вориди муколамаҳои сиёсӣ мешуданд ва ҳар кадоме ҳадаф ва хостаҳои худро ошкоро баён мекарданд. Масалан, ҲНИТ дар болои сари худ парчами сабзи ислом, ҳизби коммунистӣ  парчами сурхи Ленинро дидан мехостанд. Нишонаҳои асосии давлатҳои демократӣ бисёрҳизбӣ ва гуногунандешӣ мебошад. Тоҷикистон яке аз чунин давлатҳост, ки демократияро мизони сиёсати худ қарор додааст. Имрӯз низ дар мамлакат теъдоди муайяни ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият доранд. Дар ин сабқати сиёсӣ ҲХДТ пешсаф буда, намояндаи он  кишварро уҳдабароёна ва устуворона идора мекунад, ки ба он тан мебояд дод. ҲНИТ бошад, дар интихоботи парлумонии охирин ноком гардида, сарварони он бо роҳҳои ғайриқонунӣ  ҳадафҳои худро амалӣ кардан мехостанд, ки ба сазои хеш расиданд. Ба инаш низ тан додан лозим аст.

   Дар хусуси мансубияти банда ба ҲНИТ.  Аз соли 2000 инҷониб бо ин ҳизб робитае надорам. Чун аз ҳадафҳои аслии сарварони ин ҳизб огоҳ гардидам, чанд муддат пеш аз баста шудани фаъолияти ҲНИТ ба таври ихтиёрӣ бо ариза муроҷиат карда, аз он хориҷ шудам. Дар ин хусус изҳоротам дар яке аз барномаҳои хабарии  телевизиони марказии Тоҷикистон пахш шуд. Ҳамчунин, оид ба чунин амалам дар мақомоти марбута асноди зарурӣ мавҷуд аст.

 Мурод аз шаф-шафҳои Дилсӯзи Зарафшонӣ аз узвияти ИН хориҷ гардонидани банда аст. Вай инро дар охири матлабаш ошкоро баён намудааст.

Дар муқобили ин хостаи бадхоҳонаи мавсуф матлаби Мавлонои Балхро гузошта, ба ӯ тансиҳатӣ ва барори эҷодӣ орзу мекунам:

Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад,

Як бад накунад, то ба сараш сад нарасад.

                                                                      Хушдили Абдулғафур

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *