Аз нобоварӣ то эътимод. Cуҳбат бо муовини Раиси Шӯрои Олӣ Қозидавлат Қоимдодов
Қозидавлат Қоимдодов вакил ва муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1995 буд. Ӯ шоҳиди нооромиҳои дохилӣ, дар чӣ гуна шароит баргузор шудани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аст.
Дарди маҳалгароӣ
— Имрӯзҳо Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ қарор дорад. Шумо иштирокчии асосӣ дар Иҷлосия будед. Аз он замон чӣ хотирот доред?
— Албатта, хотирот зиёданд. Якум, савол ба миён меояд, ки чаро ин Иҷлосия дар Душанбе не, маҳз дар Хуҷанд гузашт? Пеш аз ҳама, агар таҳлили ҳамон замонро кунем, охири соли 1991 ва ибтидои соли 1992 дар вилояти пештара Қӯрғонтеппа асосан нофаҳмиҳо сар зада, аз инҷо то ба минтақаи Кӯлоб ва баъдан ба Душанбе расид. Яъне, ин нооромӣ то ба пойтахт таъсири худро расонид. Мардум ба гуруҳҳо тақсим шуда буданд. Гуруҳҳо на дар шакли давлатҳои демократӣ, аз ҳизбу фраксия, балки аз рӯи маҳал. Вақте ки ин амалҳои нангин реша давонданд, баъдан ба дард табдил ёфт. Вақте мегӯянд, ки “Ту аз куҷоӣ?”, “Ту аз Хуҷанд, Кӯлоб, Бадахшон ё минтақаи дигар?”, дардовар аст. Ҳол он ки, мо ҳама фарзанди як диёрем. Дар дину мазҳаб ҳам дур нестем. Бинобар ин, ҳамаи ин ба гуруҳбозӣ ва фишор табдил ёфт. Сипас, мардум ба сиёсат даст заданд. Гуруҳ ва ҳизбҳои наве пайдо шуданд ва мехостанд, ки аз ин истифода кунанд. Аммо барномаи мушаххас надоштанд. Оҳиста-оҳиста итоат накардан ба қонун, барҳам хӯрдани давлати шӯравӣ, мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодиро ба бор овард. Зеро, дар ҳамин аҳвол гузаронидани ин ё он маъракаи сиёсӣ дар пойтахт бисёр мушкил ва хатарнок ҳам буд. Дар ҳамон шабу рӯз Президенти он вақт Раҳмон Набиев ба истеъфо рафт. Албатта, ин истеъфо тасмими худаш набуд. Бо зӯрӣ, бо дасти як гуруҳ ҷавонон дар фурудгоҳ ӯро маҷбур карданд, ки ариза нависад. Баъдан, ҳукумати ҳамонвақта ҳам ба истеъфо рафт. Ягона шохаи давлатдорӣ парлумон буд. Бинобар ин, дар раёсати Шӯрои Олӣ ба хулоса омаданд, ки вакилонро ҷамъ карда, роҳҳои баромадан аз вартаи вазнини ҷангро бояд ҷуст. Дигар роҳ вуҷуд надошт. Зеро, вақте ки он рӯзҳо дар Душанбе ҷаласа мегузарониданд, баъдан 10-12 депутатро ба гарав мегирифтанд. Худ шоҳид будам, вақте ки ҷаласа ба охир расид, гуруҳҳои номаълум омада, чанд намояндаи мардумиро дар дохили мошин не, дар бағоҷ ба зӯрӣ тела карда, бор карда бурданд. Ба куҷо бурданд, номаълум. Афсӯс, чандин нафари онҳо кушта шуданд. Ҳамаи ин ҳодисаҳои ноҷавонмардона ва нангин дар саҳни ҳавлии парлумон рух медоданд. Бисёр рӯзҳои вазнинро паси сар кардем. Худованд дигар он рӯзҳоро ба сари мардуми мо наорад.
Вақте сояи якдигарро аз девор метарошанд…
— Иҷлосия дар Хуҷанд дар чӣ шароит гузашт?
— Ин қарори раёсати Шӯрои Олӣ буд, ки ҷаласа дар вилояти Ленинобод, ҳозира Суғд баргузор шавад. Он вақт иҷрокунандаи вазифаи Президент ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров буд. Қариб 90 фоизи намояндаҳои мардумӣ дар Иҷлосияи Иҷлосияи XVI-умииштирок доштанд. Ба ғайр аз ин, дар ҷаласа намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ ва аҳли зиёи кишвар ҳузур доштанд. Бовар кунед, дар ин ҷаласа даъватшудагон ақидаҳои ҳархела доштанд. Ҳатто аз ҳамдигар хеле дур буданд ва фосила мегирифтанд. Агар пештар бо ҳам тифоқу якҷо чой менӯшиданд, он замон сояи ҳамдигарро аз девор метарошиданд. Одамон гуруҳ-гуруҳ ҳар ҷо меистоданд ва бо як нобоварӣ ба ҳам менигаристанд. Дар рӯзи аввал тасмим гирифта шуд, ки ҷаласа шуруъ шавад, аммо баргузор нагардид. Чунки рӯзнома ва регламенти ҷаласаро тасдиқ карда натавонистем. Ба хулосае омадем, ки аз ҳар як ҳавза як нафар депутатро ҳамчун намоянда пешбарӣ намоем ва гуруҳи корӣ таъсис диҳем. Ин гуруҳи корӣ як рӯз кор кард ва рӯзномаи ҷаласаро матраҳ намудаву тартиб дод. Мутобиқи қонунҳои амалкунанда ва регламент бояд ҷаласаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров мекушод. Гуруҳи депутатҳо ба ин зид баромаданд. Аммо ба хулоса омадем, ки мувофиқи қонун бояд иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ҳисобот диҳад. Баъдан чунин ҳам шуд ва ҷаласа шуруъ шуда, Акбаршо Искандаров ва раёсати Шӯрои Олӣ оид ба вазъи сиёсӣ, иқтисодии кишвар ҳисобот доданд. Муҳокимаронӣ хеле тӯлонӣ идома ёфт, зеро мушкилот зиёд буд. Баъдан, вакилон пешниҳод намуданд, ки роҳбарияти Шӯрои Олӣ бояд аз нав интихоб гардад.
— Вакилон Раиси Шӯрои Олиро чӣ тавр интихоб карданд?
— Баъди ба истеъфо рафтани роҳбарияти Шӯрои Олӣ мутобиқи Конститутсия барои мо лозим омад, ки раисро интихоб намоем. Чанд номзад пешниҳод шуданд, аз он ҷумла, Эмомалӣ Раҳмонов. Рости гап, дар ин ҷаласа номзадии ягон шахс пешакӣ муайян набуд. Дар вақти муҳокимарониҳо Иззатулло Ҳаёев номзадиашро гирифт. Номзади дигар ҳам розӣ нашуд. Эмомалӣ Раҳмонов танҳо монд. Дар он лаҳзаҳои хеле вазнин бар уҳда гирифтани масъулияти роҳбарии раиси Шӯрои Олӣ хеле мушкил буд. Бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ: роҳҳо маҳкам, дар маҷмуъ, Тоҷикистон дар бунбаст қарор дошт. Вақте ки ба муҳокимаи номзад гузаштем, чанд омиле буд, ки мардум якбора ба Эмомалӣ Раҳмонов таваҷҷуҳ карданд. Дар оғози суханронӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар минбар малҳаме ба дили мардум гашт. Якум, ӯ қайд кард, ки дар ҷанги Тоҷикистон мо гунаҳгорем. Ҳам ҳукумат, ҳам парлумон. Агар ҳамаи мо якҷо кор мекардем ва мардумро ба минтақаҳо ҷудо намекардем, ватани мо ба чунин аҳвол намерасид. Дуюм, гуфт, маро интихоб кардед, ба шумо ваъда медиҳам, ки сулҳ меорам. Мардуми гурезаро ба ватан бармегардонем.
Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон
— Баъди интихоби Раиси Шӯрои Олӣ вакилон, аҳли толор чӣ мавқеъ ва андеша доштанд?
— Мавқеи намояндагони мардумиро овоздиҳӣ муайян намуд, вале баъзе намояндагони гуруҳҳои мухолифин ва созмонҳои байналмилалӣ мегуфтанд, ки роҳбарияти раёсати Шӯрои Олии нав 6 моҳ беш намепояд ва ватанро аз вартаи ҷанг намебарорад. Яъне, бо нигоҳи нобоварӣ менигаристанд. Сипас, интихоби ҷонишинҳои Раиси Шӯрои Олӣ ва аъзои раёсат ба миён омад. Утоқи кориаш дар дохили толоре ҷойгир буд, ки Иҷлосия мегузашт. Маконе, ки дар он ҷо ҳунармандон барои саҳна либосҳои худро иваз мекунанд.
— Шаб дар куҷо меистодед?
— Барои таъмини амният гуруҳи вакилон ба меҳмонхонаҳои алоҳида тақсим шуда буданд. Раиси Шӯрои Олӣ низ шабона дар дигар ҷо меистод. Мо вакилони Бадахшон дар маҳаллаи “Шолкомбинат” (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) иқомат мекардем.
— Раиси Шӯрои Олӣ пеш аз интихоби шумо ҳамчун ҷонишин чӣ гуфтанд?
— Рӯзи дуюми ҷаласа Эмомалӣ Раҳмонов маро даъват кард. Вақти суҳбат изҳор дошт, ки шуморо мешиносам. Баромадҳоятонро шунидааму дидаам. Даъват кард, ки биёед, якҷо кор кунем. Ҳамин тариқ, якҷо кор кардем.
Чаро Хуҷанд пойтахт нашуд?
— Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ идоракунии давлат ба зиммаи Шӯрои Олӣ гузашт. Чаро? Магар сохтори президентӣ рисолаташро иҷро карда натавонист?
— Дар оғози даргириҳои солҳои навадум рӯз то рӯз ҳукумат фалаҷ гардида, ниҳоят зери фишори неруҳои мухолифин ба истеъфо рафт. Мақомоти қудратӣ бетарафӣ карданд, дар асл зери таъсири қувваҳои сиёсӣ ва аҳзоби алоҳида монданд. Институти президентӣ ҳам сари калобаашро гум карда, бори сиёсӣ, ташкили кор ва идоракунии кишвар бар дӯши Шӯрои Олӣ афтод. Мутаассифона, Ҳукумати муросои миллӣ, ки доираи васеи неруҳои сиёсиро фаро гирифт, фосила миёни мардум ва ҳукуматро бештар намуд. Нисбат ба парлумон фишору таъқиб зиёд гардид. Баъд аз интихоби раёсати Шӯрои Олӣ як қатор қарору қонунҳои муҳимро аз нав қабул гардиданд. Пеш аз ҳама, ғайриқонунӣ ба истеъфо рафтани Президент. Шахсан Эмомалӣ Раҳмонов Набиевро даъват карда, тамоми имтиёзҳои ӯро дар асоси қонун қабул намуд. Баъдан намояндагони мардумӣ қарор қабул карданд, ки аз институти президентӣ як муддат ба институти парлумонӣ гузарем, чунки институти президентӣ рисолаташро иҷро карда натавонист. Яъне, тамоми ваколатҳо ба зиммаи раиси Шӯрои Олӣ гузашт ва ҳамзамон вазифаи роҳбари давлатро иҷро мекард. Рӯзи аввал мо натавонистем, ки Сарвазирро интихоб намоем. Чунки баҳсҳо зиёд буданд ва ягон касро интихоб карда натавонистем. Сарвазир бояд аз минтақаи Суғд интихоб мешуд. Ҳатто баъзе фикрҳо буданд, мегуфтанд, ки биёед дар Хуҷанд истем, кор кунем. Аммо раиси Шӯрои Олӣ, ҳамчунин роҳбари давлат чунин посух доданд, ки Душанбе пойтахти тоҷикон аст. Баъдан бо пешниҳоди раиси Шӯрои Олӣ барои иҷрои қарорҳои Шӯрои Олӣ қабулшуда ва фаҳмондадиҳӣ ба мардум вакилонро аз рӯи минтақаҳо ба гуруҳҳои корӣ тақсим намуданд. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Оғози бозсозӣ
— Вақте ки ба Душанбе омадед, истиқбол чӣ гуна буд? Оё хатаре таҳдид намекард?
— Бо супориши раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов баъди ба охир расидани иҷлосия гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуданд. Маро ҳамчун ҷонишини раиси Шӯрои Олӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар намуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо гуруҳаш ба минтақаи Кӯлоб, Абдумаҷид Достиев бо гуруҳаш ба Бохтар рафтанд. Дар аввал ба шаҳри Душанбе аъзои ҳукумат ва намояндагони мардумӣ, ки 30 нафарро ташкил мекарданд, бояд парвоз мекардем. Вале бо сабабҳои гуногун ба Душанбе ҳамагӣ 15 нафар расидем. Кам шудани шумораи вакилони мардумӣ ва аъзои ҳукумат аз тарси ҷон буд. Вақте ки аз болои Душанбе парвоз мекардем, дар шаҳр қариб ягон мошин набуд. Дар ҳамон рӯзҳо гуруҳҳои мухолифин ва ҷинояткор мошини гузаштаро медоштанду кашида мегирифтанд. Ҳатто ронандаи мошинро баъзан мекуштанд. Вақте ки дар фурудгоҳ фаромадем, боғчаи назди фурудгоҳ баргҳо рехтагӣ, то ба зону мерасид. Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ба берун баромадем, як мошин бо намояндаи парлумон ба пешвози мо омада буд. Ҳамроҳи чанд депутати дигар буданд. Мошини дигарро киро карда, ба бинои Шӯрои Олӣ омадем. Дар ҷойи корӣ тирезаҳо шикастагӣ, телефонҳо хомӯш ва ҳатто кормандон аз тарси ҷон дар ҷойи кор набуданд. Шаҳр асосан дар дасти силоҳбадастон буд. Дар ҳамон рӯз раиси Комитети иҷроияи шаҳри Душанбе Икромов пешниҳод намуд, ки мо бо гуруҳи мухолифин ва силоҳбадастон дар шаҳр вохӯрем. Ва ман бо чанд нафар вакилони мардумӣ ба ҳукумати шаҳр рафтем ва бо онҳо вохӯрдем. Суҳбатҳо пасту баланд ва дуру дароз буданд. Тарафи мо ба созандагӣ ва якпорчагии Тоҷикистон даъват мекарданд, онҳо бошанд, ба харобкорӣ.
— Раиси Шӯрои Олӣ ба Душанбе наомаданд?
— Масъалаи барқарории роҳи оҳани Тоҷикистон — Ӯзбекистон ва таъмини озуқаворӣ муҳим буд. Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмонов аз Хуҷанд чанд рӯз роҳбариро давом доданд. Қариб як ҳафта бо гуруҳи кориам дар парлумон ман танҳо будам. Дар таъмини бехатарии мо вазири амният Сайидамир Зуҳуров нақш дошт. Баъзе аъзоёни ҳукумат ва роҳбарони навтаъини қудратӣ масъалаи ҳалли силоҳро ба миён гузоштем. Бояд қайд намуд, ки кори ҷаласа дар тӯли 18 рӯз бо тариқи радио ва телевизион нишон дода ва шунавонида мешуд, ки мардуми Тоҷикистон аз қарорҳои ҷаласа хабардор буданд ва ин кори морро осонтар мекард.
Сабақи сулҳ
— Чанд хизмати калидии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз нигоҳи шумо…
— Интихоби дурусти Раиси Шӯрои Олӣ, ҳамчунин, Роҳбари давлат, муайян кардани мавқеи сиёсӣ ва тағйир додани сохти идоракунии давлат, ки барномаи тақдирсози сулҳи умум, зиндагии осоишта ва раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ ва сиёсиро матраҳ намуд. Дар он давраи ҳассос вакилони Шӯрои Олӣ ба иштибоҳ poҳ надоданд. Зеро, аз иштибоҳ то вартаи ҳалокат як қадам монда буд.
— Инак, аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ 30 сол пур мешавад. Сабақи таърихии он чист?
— Агар Иҷлосияи XVI-ум-умро тақдирсоз гӯем, пас меъмори давлати нави тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар тӯли сӣ сол дар арсаи пурнабарди таърих афтодану хестанро чун сабақи зиндагӣ ёд гирифтем. Дар ин хусус Пешвои миллат таъкид намудааст: “Тақдири ҳар миллат бояд ба дасти худи ӯ навишта шавад, на ба дасти дигарон. Ба ёд овардани ҳодисаҳои он давра ҳамчунин ба он хотир лозим аст, ки мо тавонем воқеияти таърихиро бо ҳама бурду бохт, бо паҳлуҳои мусбату манфӣ ва омилҳои объективию субъективии он арзёбӣ намуда, ба дасисабозии пасипардагии душманони миллати тоҷик фирефта нашавем”.
Таҷрибаи кори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Иҷлосияи таърихии XVI-ум дар таҳкими давлатдорӣ ва таъмини сулҳи кишвар беҳамто ва ягона мебошад. Алҳол ин таҷриба дар кишварҳои дучори даргириҳо васеъ истифода мешавад, вале то ҳол онро пурра наомӯхтаем ва хеле суст тарғиб менамоем. То ҳол дар мавриди марҳилаи ибтидоии Истиқлоли давлатӣ маълумоти мукаммал ва бештар зарур аст. Тарғиб ва муаррифии таърихи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар хориҷи кишвар бояд васеътар шавад.
Мусоҳиб:
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ