Аз номард метарсам

Комрони Аслон 24 апрели соли 1991 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.Соли 2013 Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро бо ихтисоси Рӯзноманигор хатм намуда, худи ҳамон сол ба саффи қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои хизмат ба ватан меравад.

Комрони Аслон 24 апрели соли 1991 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.Соли 2013 Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро бо ихтисоси Рӯзноманигор хатм намуда, худи ҳамон сол ба саффи қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои хизмат ба ватан меравад. Баъди адои хизмат ба кори рӯзноманигорӣ машғул аст.

Метарсам

Ман аз мардони беномусу ҳам номард метарсам,

Зи шарёне, ки хун дорад, валекин сард, метарсам.

Тамоми ғуссаи олам ба рӯи шонаам, ғам нест,

Ман аз тӯфон наметарсам, вале аз гард метарсам.

Тани солим ҳамехоҳам ба тухми ҳазрати Одам,

Вале аз синаҳои холии бедард метарсам.

Баҳорон мешавад поиз бо такрори фасли худ,

Чу гулҳои умеди ошиқон шуд зард, метарсам.

Наметарсам зи қонунҳои мардони асили даҳр,

Вале аз қонуни нанвиштаи номард метарсам!

Инсон

Падарам деҳқон аст,

Ӯ трактор надорад.

Ӯ ба умоҷаи  бобоии худ

Киштгардон кунад саҳмашро,

Ӯ ба ашки саҳараш сабз кунад боғашро…

Падарам мулло нест,

Лек Қуръонхон аст.

Падарам гарчи надорад диплом,

Соҳиби ҷоизаи Инсон аст.

Ифтихор

Як қатраи об аз Зарафшон ҳастам,

Як пораи кӯҳ аз Бадахшон ҳастам.

Алқисса, ба ифтихор бояд гӯям:

Фарзанди тамоми Тоҷикистон ҳастам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *