Аз омӯзгорӣ то муовини Рустами Эмомалӣ. Одилзода кист?
Баъд аз чанд рӯзи барканории Мавсума Муинӣ, ки ахиран раиси шаҳри Бӯстон таъин шуда буд, курсии ӯ соҳибашро пайдо кард.
Дар заминаи тағйироти кадрӣ, ки 21-уми феврал сурат гирифт, Дилбар Одилзода муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Дилбар Одилзода 50 сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Ӯ қаблан директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб будааст. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси муаллимаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Фаъолити Дилбар Одилзода аз омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб то мураббӣ дар кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе омада мерасад.
Номбурда солҳои 2009-2010 мудири кӯдакистони №127-и ноҳияи Фирдавсӣ, 2010-2011 муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ,
2011-2015 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, 2015-2017 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, 2017 — 2018 муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб ва муовини раиси ин шаҳр фаъолият намудааст.
Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ