Аз орду равғани арзон то маҳсулоти ширӣ дар Кохи Борбад

Дар “Кохи Борбад”  9 –умин нашоиш — фурӯши маҳсулоти хӯрока ва техникаи маишӣ баргузор гардид. Намоиш дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”, ки онро ҳамасола Агентии “Тайрон” баргузор менамояд, имрӯз оғоз ёфта,  то 27 март идома меёбад.

Дар оғози ифтитоҳи намоиш – фурӯши маҳсулот Шаҳноза Ҳамдамова, директори Агентии  “Тайрон” иброз дошт, ки “Соли нуҳум аст, ки бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати дасгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” намоиш-фурӯши молу маҳсулот баргузор мегардад. Ҳадафи асосии ин лоиҳа тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ, ба вуҷуд овардани рақобат дар байни истеҳсолкунандагон ва мусоидат намудан ба беҳтар шудани сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо мебошад.  Ин иқдоми мо имкон медиҳад, ки мардум маҳсулотро хушсифатро аз дасти аввал ва нисбат бо бозору мағоза арзонтар дастрас намоянд”.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ  муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умед Солеҳзода ва муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон  Манзура Рустамова намояндагони аввали корхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ  иштирок доштанд.

Намояндагони блоки иқтисодии мамлакат дар баромади худ қайд намуданд, ки “Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  2022-2022-ро “Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон” эълон намудаанд, ки дар ин росто, баргузор намудани чунин чорабиниҳо айни муддао мебошад. Яъне, ба рушди босуръати саноат дар кишвар ва тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамоянд”.

Рӯзи аввали намоиш – фурӯш дар “Кохи Борбад” хеле серодам буд. Сокинони пойтахт ва атрофи он бо шунидани хабари баргузории намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ аз субҳ ин ҷо ҷамъ омада буданд. Ҳар кадоме тавонистанд, ки бобаста ба талаботи рӯзгор маҳсулоти заруриро харидорӣ намоянд. Талоши бештари мардум барои харидани орду равған, маҳсулоти ширӣ ва хушкашӯӣ ба назар меррасид. Зеро нархи онҳо нисбат ба бозор 10 то 20 фоиз пастар буд.

Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳ беш  аз 30 ширкати ватанӣ, аз ҷумла “Рамазон”, “Файзи Расул”, “Фаровон-1”, “Покиза”, “Ҳавас”, “Баҳори пурфайз”,  “Мармарӣ”, фабрикаи қаннодии “Ширин”,  “Шоколатье”, “Кок”,“Раҳмат-2004”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Авицена”, “Сиёма”,  “Шоҳамбарӣ”, “Рамис”, “Артел”, “Қолинҳои форс”, “1111 таксӣ”, Маркази зебоии “София”, “Евродент”ва дигар  корхонаҳои   истеҳсолию хизматрасонии мамлакат маҳсулоти гуногуни  хӯрока, аз ҷумла орд, равған, макарон, шоколад ва қанду шириниҳо, асал, писта, мағз, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои хушмазза, панир, равғани маска, қаймоқ, маводҳои шустушӯйӣ, собун, қолинҳои хушсифату таҷҳизоти рӯзгор-чангкашак, яхдон, тафдони барқӣ ва ва ғайраро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *