Аз путин хостанд суханони Рамзан Қодировро маҳкум кунад

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International, Human Rights Watch ва Front Line Defenders бо навиштани як номаи боз аз президенти Русия Владимир Путин дархост карданд, ки ба суханҳои раисҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров вокуниш нишон диҳад.

Қодиров чанде пеш гуфт, баъд аз анҷоми мурофиаҳои додгоҳии раҳбари созмони «Мемориал» дар Грозний Аюб Титиев Чеченистон барои ҳомиёни ҳуқуқ «минтақаи мамнуъ» хоҳад шуд.

«Тайи даҳ соли ахир раҳбарияти ҷумҳурӣ, аз ҷумла худи Рамзан Қодиров кучактарин эътирози дигарандешонро саркӯб мекунад. Аз ҷумла, ҳомиёни ҳуқуқро таъқиб мекунанд», — омадааст дар нома. Муаллифони нома мегӯянд, мақомоти Чеченистон ба одамрабоӣ, шиканҷа ва ғайриқонунӣ маҳрум кардани шахс аз озодӣ роҳ дода, ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд.

Қодиров 22 август бо раҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Чеченистон мулоқот карда, гуфт, барои иштирок дар мурофиаҳои Титиев аз тамоми ҷаҳон ба кишвараш ба истилоҳ, «ҳомиёни ҳуқуқ» меоянд. Матни комили суханронии Қодиров дар «Новая газета» нашр шудааст.

Се созмони ҳомии ҳуқуқ – Amnesty International, Human Rights Watch ва Front Line Defenders аз Путин хостанд, суханҳои Қодировро маҳкум карда, нагузорад, ки таҳдиди ӯ нисбат ба ҳомиёни ҳуқуқ иҷро шавад. Ҳамчунин Путинро ба озодии фаврии Титиев даъват карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *