Аз “Рӯйхати сиёҳ” то суруди дӯстӣ

4-уми августи соли равон қалби сарояндаи мумтози ӯзбек, яке аз устодони ҳунари Осиёи Марказӣ, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраев аз тапидан бозмонд. Ин сарояндаи барҷаста зиндагии пурпечутоберо пушти сар кард: дар замони шуравӣ шуҳратёр шуд, солҳои 90-ум як муддат ба сиёсат гаравид, дар замони ҳукумати Ислом Каримов қариб 20 сол дар “рӯйхати сиёҳ”-и телевизиону радиои кишвараш буд…

Зиндагинома

Шералӣ Ҷӯраев 12-уми апрели соли 1947 дар вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шуда, фаъолияти эҷодии худро соли 1972 пас аз хатми Донишкадаи санъати Тошканд оғоз намудааст. Нахуст ӯ дар ансамбли тарона ва рақси «Шодлик» то соли 1979 фаъолият намуда, сипас аз соли 1979 то соли 1986 дар Филармонияи вилоятии зодгоҳи худ — шаҳри Андиҷон кор кардааст. Аз соли 1986 ба ҳайси овозхон дар Филармонияи Тошканд фаъолияташро идома дод. Як муддат сарояндаи “Ӯзбекконсерт” ҳам буд.

Шералӣ Ҷӯраев давоми фаъолияти эҷодии худ беш аз ҳазору панҷсад суруд эҷод кардааст, ки муаллифи аксари онҳо худи ӯ мебошад.

Сурудҳои маъруфтарини Шералӣ Ҷӯраев «Карвон» («Корвон»), «Баҳор айёми гул…», «Биринчи муҳаббатим» («Ишқи аввал»), «Ӯзбегим» («Халқи ӯзбек») мебошанд.

Охирҳои солҳои ҳаштодум Шералӣ Ҷӯраев китоби «Кӯдак — соҳиби Замин» («Ребенок — хозяин Земли»)-ро таълиф намуд. Инчунин ба филми «Шерали и Ойбарчин» сенария навишта, худаш дар нақши асосии ин филм ҳунарнамоӣ кардааст. Матни сурудҳои зиёдашро худаш навишта, дар кишвараш ҳамчун шоир ном баровардааст.

Шералӣ Ҷӯраев соҳиби ду писар ва се духтар буда, ҳарду писаронаш — Шоҳҷаҳон ва Зоиршоҳ низ овозхонанд ва ба тарзи падар суруд мехонанд. Онҳо дар Ӯзбекистон аллакай маъруфият пайдо намудаанд.

Роҳи сиёсат

Шералӣ Ҷӯраев соли 1990 ба сиёсат пайваст. То соли 1995 вакили Шӯрои Олии Ӯзбекистон низ буд. Вале бо далели ҳақаталошӣ ва ошкорбаёниаш ба Ислом Каримов писанд наомад. Ҳамин аст, ки пас аз соли 1995 пахши сурудҳои Шералӣ Ҷӯраев дар радио ва телевизионҳои давлатии Ӯзбекистон маҳдуд ва худи ӯ аз саҳнаҳои ҳунарии давлатӣ ва калон дур карда шуд.  

Баъди ба мақоми Президенти Ӯзбекистон таъйин гардидани Шавкат Мирзиёев Ҳунарпешаи халқии ин кишвар Шералӣ Ҷӯраев ва чандин овозхонҳову ҳунармандони дигар дубора ба саҳна баргаштанд ва сурудҳои онҳо дар радио ва телевизионҳои давлатӣ пахш мешаванд.

Дӯстӣ бо Тоҷикистон

Шералӣ Ҷӯраев аз оғози фаъолияти эҷодии хеш бо забони тоҷикӣ низ сурудҳо мехонд. Ғазалиёти Саъдӣ ва Мавлоноро дар қолаби мусиқии суннатии Осиёи Марказӣ иҷро мекард. Худаш борҳо иқрор шудааст, ки аз мактаби Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ баҳраманд гардидааст.

Шералӣ Ҷӯраев ба тоҷикӣ сурудҳои зиёде сароидааст. Беш аз 20 суруди тоҷикӣ дар репертуари ӯ ҷой доштанд ва ӯро дар Тоҷикистон низ шуҳратёр намуда буданд. «Ушшоқи Самарқанд», «Намак дар комҳо…», «Эй ҷони ман, аз ман марав», “Муҳаббат”, “Дӯстӣ” ва ғайра аз беҳтарин офаридаҳои тоҷикии Шералӣ Ҷӯраев ҳастанд.  

Шералӣ Ҷӯраев бо Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов робитаи дӯстӣ дошт. Дӯстӣ ва робитаи эҷодии ин ду ҳунарвари мумтоз беш аз 50 сол давом кардааст. Дар ин давра ин ҳунармандон сурудҳои якдигарро сароидаву бо ҳам чанд дуэт низ хондаанд. Дуэти онҳо дар  нахустин “Шоми дӯстӣ”, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон буд.  

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *