Аз рашк ҳамсояро кушт
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, сокини 71-солаи ноҳияи Файзобод ба мақомоти милиса муроҷиат намуда, арз доштааст, ки тахминан соатҳои 19:00 — 20:00-и 7-уми август, писари 42-солааш аз манзили истиқоматиаш баромада, бо сабабҳои номаълум бедарак шудааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратура, ҷасади марҳум аз дохили боғи ҳудуди деҳаи Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзобод, аз таги хоки зери дарахт бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Ҳамчун гумонбар дар ин куштор марди 32-сола, сокини ноҳияи Файзобод дастгир гардид”.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ муайян карда шуд, ки боздоштшуда марди 42-соларо аз бо сабаби рашки беасос, ки гӯё ӯ бо зани 29-солааш муносибати маҳрамона доштааст, бо корд 16-зарба зада ба қатл расондааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ