Аз Рашту Бадахшону Суғд муҳоҷирони экологӣ ба Хатлон мекӯчанд (аудио)
Солҳои 2022-2024, яъне давоми се соли оянда кӯчонидани 552 оилаи муҳоҷирони экологӣ аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Оилаҳое, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар кӯч мекунанд, дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросону Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷо ба ҷо карда хоҳанд шуд.
Аз Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки танҳо дар соли аввал кӯчонидани 188 оила дар назар аст. Гуфта мешавад, ки дар навбати аввал оилаҳое кӯчонида мешаванд, ки дар минтақаҳои хавфноки экологӣ зиндагӣ мекунанд.
Давоми се соли оянда кӯчонидани оилаҳои муҳоҷирони экологӣ аз мавзеҳои хавфноки ноҳияҳои Ишкошим ва Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба ноҳияҳои Хуросон ва Носири Хусрави вилояти Хатлон дар назар аст.
Машраби АЛОВИДДИН
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ