Аз “ройгон” шуданам пушаймонам…

Шумо боре ҳам “ройгон” будед? Не? Ана мо “ройгонем”, яъне корти нақлиётии ройгон дорем, ки барои хизматҳои махсуси дар гузашта кардаамон ва ё барои аз синни миёнаи умр дар кишвар убур карданамон давлат додааст.

Додааст, ки “ана инро гиру дар нақлиёти ман (яъне, давлат) бепул равуо кун, зеро дар вақташ ба ман  хизмат кардӣ. Агар қувватат расаду дар роҳ наафтӣ…”. Аммо давлат намедонад, алакай  80 фисади мо — ройгонҳо дигар на ҳаваси мошинсаворӣ дорему на маҷоли сайру саёҳати шаҳр. Он 20 фисади боқимонда бошад, ҳамарӯза зери борони маломат ва ё қавоқи гирифтаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳр қарор мегиранд ва дар беҳтарин ҳолат, ба чеҳраи онҳо менигаранду гӯё падари ин ронадаҳоро онҳо кушта бошанд, дар ягон гӯшаи автобус ва ё троллейбус натақашонро набароварда мешинанд. Гоҳ-гоҳе баъзе аз шердилҳояшон ба муқобили ин беадолатию нобаробарӣ кӯшиши муқобилият кардан ҳам мекунанд, ки натиҷааш гуногун аст.

— Ҳой ҷӯра, ин ҳуқуқро (ҳуқуқи доштани корти ройгонро,- А. А.) ба ман падари  ту не, ҳукуматамон додааст. Вақте ки ба синни ман расидию мисли ту ягон нафари беандеша бо ситеза бо ту гап зад, баъд мефаҳмӣ…,- гуфт марди зиёинамое ба ронандаи автобуси хатсайри 15, ки баъди ба қайд гузоштани корти ройгонаш ба дастгоҳи бақайдгирӣ   бо зарда “э, ба қафо гузару ба мардум роҳ деҳ” гӯён, рӯяшро турш карда гуфта буд.

Ронанда хост бо вай вориди муноқиша шавад, аммо мадуме, ки аз панҷ нафар танҳо ду ё се нафарашон корт доштанду дигарҳо ба ронанда пул дароз мекарданд, ба ин имкон надоданд. Зеро ӯ бояд ҳам аз мусофирон пул мегирифту бақия медод, ҳам воридшавии кортдоронро назорат мекард ва ҳам мошин меронду дар як вақт бо телефон гап мезад. Ана инро истеъдод мегӯянд!

Дар куҷое хонда будам, ки як олими бузурги инглис дар як вақт се корро анҷом медодааст. Ин олим бо он бузургӣ ба дасти ронандаҳои чапдасти мо об рехта наметавонад. Чаро чапдаст? Барои он, ки ин ронадагони мошинҳои давлатӣ, ки моли аз падарашон меросмонда нест, ба болои музди меҳнат боз аз мусофирони бекорт пули нақд мегиранду худо медонад чӣ қадарашро ба соҳиби мошин (давлат) медиҳанду чӣ қадараш дар кисаашон мемонад. Ана, асрори чаққонию эҳтироми онҳо нисбати “наличний”-ҳо ва бо кортдорону ройгонҳо бо кинояву зарда гап задани чунин ронандагон дар куҷост!

“Пул дунёро вайрон мекунад” гуфтааст як нафари бепул аз алам. Аммо “ройгонҳо” мегӯянд, ки инашро ку намедонем, вале ронандагони автобусу троллейбусҳоро аниқ вайрон мекунад. Агар вайрон намекард, магар аксари онҳо бо дидани “ройгонҳо” ба забонашон танҳо сухани бад меомад?

Бовар намекунед?

Пас ягон корти “ройгонро” ба иҷора гиреду ба чунин нақлиёт савор шавед. Аз “ройгон” таваллуд шуданатон  пушаймон мешавед.

“Ройгонҳо” ҳоло аз ду чиз дар ҳайратанд:

Якум, чаро ВКД рейдҳои худро барои соҳибкорт кардани мусофирони нақлиёти шаҳрӣ хотима дод ва ин боиси он гардид, ки мардуми кортдор низ пас аз ба охир расидани муҳлати корти худ ба “наличний” гузаштанд?

Дуюм, чаро дастандаркорони нақлиёти пойтахт ҳар бегоҳ аз ронандагон намепурсанд, ки имрӯз ба чӣ қадар “ройгон” хизмат расонд? Он гоҳ бо дидани корти ройгон шояд дар бадани ронандагони “ройгонбезор” рашъа намедамид. Охир ҳамон асбобҳои бақайдгирии кортҳо ҳамарӯза ба чӣ қадар мардум ва дар кадом шакл хизмат расонидани ронандагонро нишон медиҳанд ку…

Мардум беҳуда ин байти устод Лоҳутиро шиор накардаанд:

Ҳар шаб зи худат бипурсагар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?

Раиси муҳтарами шаҳри Душанбе миқдори зиёди автбусҳои нави замонавиро барои он вориди пойтахт намуд, ки мушкили пиру барноро осон кунад ва шукр, имрӯз дар пойтахи Тоҷикистон мушкилоти нақлиёти мусофирбар нест. Аммо дарди мушкилоти тарбияи идоракунандагони он мавҷуд аст, ки давои онро аз беруни кишвар овардан наметавон ва ин даво танҳо дар майнаи ҳар шаҳрванд мавҷуд аст, ки онро бояд истифода бурд.

Зеро:

Агар дидӣ, ки нобиною чоҳ аст,

В-агар хомӯш истодӣ, гуноҳ аст.

А. АҲМАДЗОДА,

дорандаи корти “ройгон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *