Барориши вомбаргҳои сабз дар мулоқоти раиси БМТ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

Вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи судманд бо Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо ин бонк рушди фарогирии молиявӣ, бахусус дар бахшҳои рақамикунонӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаҳои марбут ба бахшҳои идоракунии молиявӣ, аз ҷумла «Барномаи таҳкими бахши молиявӣ», ки бо кумаки молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SECO) ва «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» амалӣ мешаванд, ҳамкории наздик менамояд.


Таъкид шуд, ки бо кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ аз соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон оид ба интизориҳои таваррум дар байни аҳолӣ пурсиш гузаронидааст, ки натиҷаи он барои қабули қарорҳо дар сиёсати пулию қарзӣ аҳамияти калон дорад. Роҳбари намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва роҳбари намояндаи доимии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки ҷаҳонӣ (IFC) Фаррух Султонов оид ба сатҳи ҳамкории дуҷониба сухан гуфта, омодагиашонро ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти устувории низоми бонкии Тоҷикистон баён доштанд.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи ҳамкорӣ дар самти ташаккули иқтисоди «сабз», раванди рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҷалби маблағгузорӣ ба бахши хусусӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва барориши вомбаргҳои сабз, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, таъсиси Академияи бонкӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *