Аз Русия моҳи апрел ба Ҳаҷ мераванд, аз Тоҷикистон чӣ?

Имсол ҳаҷ моҳи июл, ба 20 -23-уми моҳ рост меояд. Шумораи ҷойҳои сафар маҳуд аст. Пеш аз ҳама он нафароне сафар хоҳанд кард, ки соли гузашта арзиши ҳаҷро пардохтаву бинобар пандемия натавонистанд, раванд.

Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Русия метавонанд моҳи апрел ба Маккараванд.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия Рушан Аббясов, хоҳишмандони сафар ба ҳаҷ хеле зиёданд.

Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки гурӯҳи нахустин аллакай дар моҳи Рамазон ба Макка раванд.

Бояд қайд кард, ки қаблан муовини раиси Идораи рӯҳонии мусулмонони Қрим Айдер Исмоилов пешниҳод карда буд, ки ваксинзанӣ алайҳи COVID-19 ба феҳрасти қоидаҳои ҳатмии сафар ба Ҳаҷ ворид карда шавад.

Маълум аст, ки арзиши сафар ба Макка (Арабистони Саудӣ) барои мусалмонони Русия барои ҳар як нафар тақрибан аз 3 то 5,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Қаблан Аббясов хабар дода буд, ки арзиши сафари Ҳаҷ дар соли 2021 аз ҳисоби афзоиши андоз аз арзиши иловашуда зиёд хоҳд шуд.

Имсол ҳаҷ моҳи июл, ба 20 -23-уми моҳ рост меояд. Шумораи ҷойҳои сафар маҳуд аст. Пеш аз ҳама он нафароне сафар хоҳанд кард, ки соли гузашта арзиши ҳаҷро пардохтаву бинобар пандемия натавонистанд, раванд.

Дар мавриди он,ки имсол зоирони тоҷик кай ба сафари ҳаҷ мераванд, ҳануз Кумитаи дин изҳори назар накардааст ва теъдоди зоироне,ки ҳаққи сафар мегиранд, низ маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *