Аз сафари Ҳаҷ худдорӣ намоед
Вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ аз мусалмонони саросари ҷаҳон хост, ки барои сафар ба ин кишвар ва ширкат дар маросими Ҳаҷҷ худдорӣ кунанд.
Ин тасмим муваққатӣ буда, то маълум шудани вазъияти паҳншавии коронавирус идома меёбад. Мавсими имсолаи Ҳаҷҷ, ки дар авохири моҳи июл оғоз мешавад, таҳти таъсири паҳншавии коронавирус қарор хоҳад гирифт. Солона дар мавсими Ҳаҷҷ ҳудуди 2,5 миллион нафар барои адои ин фаризаи исломӣ, ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Ба гузориши шабакаи «Ал-Ҷазира», Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир, вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ба телевизиони Ал-Ахбория гуфтааст, ки кишвараш омодаи қабули зоирон ва хизматгузорӣ ба онҳо аст, аммо ҳифзи саломатии зоирон барои Арабистон ниҳоят муҳим мебошад.
Тибқи ин гузориш, Арабистони Саудӣ феълан шумораи гирифторон ба коронавирусро 1500 нафар эълон м кардааст, ки 10 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.Конец перепискиВведите сообщение…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ