Аз Сандуқ боз ба Тоҷикистон пул медиҳанд?

Тоҷикистон хостори баррасии тарҳи нави Сандуқи Байналмилалии Пул шудааст.

СБП аз соли 2008-ум, пас аз моҷарои ошкоршавии хилофкорӣ дар сарфи маблағҳояш, тамоми барномаҳои қарзии боимтиёз ва кумакҳои молиявиашро ба Тоҷикистон қатъ кард. Падамҷа Ханделвал, роҳбари ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул, аз 14 то 23-юми майи имсол бо як сафар дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ дар баёнияе рӯзи 29-уми май гуфт, ҳукумати Тоҷикистон хостори оғози баррасии барномаи нави СБП аст ва ба ин хотир «чанд қадаме бардоштааст, ки аз пешрафти ислоҳот далолат мекунад». Хандевал гуфтааст, ин пешрафтҳо дари гуфтугӯро барои оғози барномаи нав мекушояд ва, мумкин аст, музокирот барои оғози барномаи нав «моҳҳои наздик шуруъ шавад».Тоҷикистон аз соли 2016 талош дорад, ки СБП барномаҳои қарзиашро дар Тоҷикистон аз сар бигирад. Он замон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ба расонаҳо гуфт, ки Тоҷикистон ният дорад, дар доираи барномаҳои СБП 500 миллион доллар қарзи боимтиёз ба даст биорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *