Аз саноат то маориф. Мулоқоти Шералӣ Кабир бо Рустам Минниханов дар Қазон
Ҳайати Тоҷикистон бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов масоили ҳамкорирор баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар шаҳри Қазон ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Тотористон изҳори назар намуданд.
“Ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, истихроҷи маъдан, нафту газ, саноати кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон афзалият доданд. Дар ин замина ба рушди босамари муносибатҳо бо Тотористон, ки яке аз минтақаҳои пешрафтаи иқтисодии Русия мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир гардид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Инчунин таҳким ва густариши робитаҳои бевоситаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт вазифаи таъхирнопазир дониста шуд. Ҷонибҳо иқтидори бузурги тарафҳоро барои афзоиши гардиши мутақобил, инчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок таъкид намуданд.
Зимни мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ